Пайвандҳои дастрасӣ

Ғарқ шудани 700 муҳоҷир дар баҳри Миёназамин


Дар пайи ғарқ шудани киштии ҳомили муҳоҷирон дар шимоли Либия, ки равонаи Аврупо буд, интизор меравад, ки то 700 нафар ҷони худро аз даст дода бошанд.

Мақомҳои байналмилалӣ ҳодисаи ғарқ шудани киштии ҳомили беш аз 700 муҳоҷир дар шимоли Либияро "бадтарин фоҷиа" дар баҳри Миёназамин тавсиф кардаанд. Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", Созмони олии умури паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид ва нерӯҳои дарёии Италия мегӯянд, танҳо 27 нафар аз касоне, ки дар киштӣ буданд, наҷот ёфтаанд.

Бино ба гуфтаи наҷотдиҳандагон, ин киштии моҳигирӣ, ки барои қочоқи муҳоҷирон аз он истифода шуд, танҳо 20 метр дарозӣ дошт ва ҳади ақал 700 нафар дар он ҷой гирифта буданд. Сухангӯи Созмони олии умури паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, "ба назар мерасад шоҳиди бадтарин фоҷиае, ки дар баҳри Миёназамин дида шудааст, ҳастем."

Нахуствазири Молта мегӯяд, имдодгарон "амалан" талош мекунанд аз байни "мурдаҳои шиновар бар об, зиндае пайдо кунанд". Нахуствазири Молта афзудааст, ки ҳодиса метавонад бадтарин фоҷиаи то кунун рухдода дар баҳри Миёназамин бошад."

Рӯзи якшанбе 19 апрел дар маҷмӯъ 17 киштии нерӯҳои кӯмакрасон амалиёти ҷустуҷӯи ғарқшудагонро оғоз карданд. Дар пайи ин ҳодиса Иттиҳодияи Аврупо эълон кардааст, ки вазирони умури хориҷӣ ва дохилии кишварҳои узв нишасти изтирорӣ доир мекунанд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳодисаи маргбори баҳри Миёназаминро "фоҷиаи сохтаи дасти башар" хондааст. Афви байналмилал мегӯяд, вақти он расидааст, ки Аврупо даст ба иқдоме бизанад, то ҷони инсонҳоро дар баҳр наҷот диҳад. Нерӯҳои баҳрии Итолиё ва Молта нимашаби шанбе ба якшанбе аз киштиҳои атрофи маҳали ғарқ шудани киштии муҳоҷирон, паёмҳое дарёфт кардаанд, ки хабар аз фоҷиае медод, ки то рӯзи якшанбе ҳанӯз паҳлӯҳои он рӯшан набуд.

Агар кушташудагони воқеаи рӯзи якшанбе таъйид шавад, шумораи муҳоҷирони қурбонӣ дар баҳри Миёназамин дар камтар аз 4 моҳи соли 2015 ба 1600 нафар мерасад. Охирин фоҷиаи вобаста ба муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин, пеш аз ғарқ шудани киштии ахир, як ҳафта пеш рух дода буд, ки бар асари он 400 нафар кушта шуданд.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияе гуфтааст, ки "акнун вақти он аст, ки Иттиҳодияи Аврупо, бидуни таъхир даст ба иқдом бизанад". Ӯ дар айни ҳол бидуни он, ки ишораи мустақим ба кишварҳои шимоли ин иттиҳодия бикунад, гуфтааст, "шояд ҳама бо ҳам барои наҷоти ҷони инсонҳо иқдом кунанд."

Ба назар мерасад, ишораи ӯ ба ҳазорон муҳоҷире аст, ки талош мекунанд аз шимоли Африқо худро ба Итолиё ва Юнон дар ҷануби Аврупо бирасонанд ва ӯ бо ишораи ғайримустақим аз кишварҳои шимоли Аврупо мехоҳад, то барои ҷилавгирӣ аз фоҷеаҳо, ҳамкории бештар кунанд. Илова бар Итолиё (179 ҳазор муҳоҷир дар соли 2014) ва Юнон, ки шумори зиёде аз муҳоҷиронро қабул мекунад, Испания низ бо афзоиши чандбаробарии шумори муҳоҷирон рӯбарӯ аст.

Нахуствазири Итолиё рӯзи якшанбе аз Иттҳодияи Аврупо хост, то барои пешгирӣ аз марги бештари афрод, даст ба иқдомоти ҷиддитаре бизанад. Ӯ гуфтааст, ки вақти ҳарф задан тамом шудааст ва бояд амал кард: "Мо аврупоиҳо агар натавонем пеши ин вазъияти ғамангезро, ки ҳар рӯз рух медиҳад, бигирем, эътибори худро дар вартаи хатар қарор медиҳем."

Бо вуҷуди хатарҳо ва фоҷиаҳое, ки то кунун рух додааст, паноҳҷӯён ва муҳоҷирон бисёр талош мекунанд, худро аз гулӯгоҳи 15 километрии Гибралтар (Ҷабал-ут-Ториқ) бигузаронанд, то аз ҷанг, фақр ва шароити сахти дигар гурехта худро ба Испания бирасонанд. Гулӯгоҳи Гибралтар ҷое аст, ки Испания ва Марокашро дар Аврупо ва Африқо аз ҳам ҷудо мекунад.

XS
SM
MD
LG