Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳудуди 1000 муҳоҷири мамнӯъвуруди тоҷикро афв кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия рӯзи 2 июл бо ирсоли номаи расмӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, ки беш аз 950 муҳҷири тоҷикро афв намудааст.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, Русия беш аз 950 муҳоҷири тоҷикро, ки ҳаққи вуруд ба ин кишварро надоштанд, афв кардааст. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнат гуфт, дар ин бора рӯзи 2 июл аз Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия номаи расмӣ дарёфт кардаанд.

Инчунин, ба гуфтаи Қодирӣ, 190 донишҷӯ ва муҳассилине, ки дар омӯзишгоҳҳои Русия таҳсил менамуданд, ҳаққи вуруд ба ин кишварро пайдо намудаанд. Сухангӯи идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнат гуфт, "гуфтушунид бо Русия барои ҳалли масоили муҳоҷирон ва аз феҳристи мамнӯъшудагон - шаҳрвандони Тоҷикистон идома дошта, шаҳрвандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд."

Русия наздики ҳазор муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷикро афв кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, 276 ҳазор шаҳрванди кишвар ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд ва 400 ҳазор тани дигар

Сумангул Тағоева
Сумангул Тағоева

шомили "гурӯҳи хатар" ё "гурӯҳи риск" ҳастанд. Ин иттилоъро Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ 26 май дар нишасти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон тасдиқ кард.

Ӯ гуфт, бар асоси муқаррароти Русия, ҳар муҳоҷире, ки ду дафъ қонунвайронии маъмурӣ содир мекунад, ба муддати аз 3 то 5 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешавад. Ба гуфтаи вай, агар қонунвайронкунӣ ҷиддитар бошад, хатари то 10 сол аз ворид шудан ба қаламрави Русия, онҳоро таҳдид мекунад.

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, тибқи иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, бар замми мамнуъулвурудҳо, боз 400 ҳазор тан аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия, шомили “гурӯҳи риск” ҳастанд. Яъне, ин муҳоҷирон алакай як дафъа қонунро вайрон кардаанд ва дар сурати бори дувум вайрони кардани қонун, хатари ба Тоҷикистон ихроҷ кардани онҳо вуҷуд дорад.

Рӯзи 15 июни соли ҷорӣ сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар мулоқот бо Андрей Исаев, муовини раиси Думаи давлатӣ ва раиси фирқаи ҳизби ҳокими "Единая Россия" дар ин маҷлиси поёнии парлумони Русия пешниҳод кардааст, ҷониби Русия имкони қонунӣ гардондани муҳоҷирони тоҷик аз тариқи эълони як афви муҳоҷирон аз ҷумла барои онҳоеро, ки дар қаламрави ин кишвар ягон ҷиноят содир накардаанд, баррасӣ кунад. Оқои Сатторов гуфтааст, мақоми қонунӣ ба даст овардани муҳоҷирон ба нафъи ҳарду кишвар аст, чунки имкон медиҳад, то ин қишри бузург аз бахши соягии иқтисоди Русия берун оварда шуда, ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо боло бурда шавад ва аз фасод дар бозори муҳоҷират ҷилавгирӣ шавад.

Имомуддин Сатторов
Имомуддин Сатторов

Имомуддин Сатторов, инчунин, сабуктар кардани талабот аз муҳоҷирони тоҷик дар амри дарёфти патент дар Русияро пешниҳод кардааст. Аз ҷумла, ӯ хостааст, то талабҳои имтиҳони забони русӣ, қонунгузорӣ ва таърихи Русия бозбинӣ шуда, ин ҳама танҳо аз он муҳоҷироне тақозо шавад, ки дар бахши хидматрасонӣ ба мардуми маҳаллӣ кор мекунанд.

Русия аз солҳо ба ин тараф мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик мебошад. То оғози бӯҳрони Украина ва вазъи таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, муҳоҷирати тоҷикҳо ба он кишвар ба таври дастаҷамъона сурат мегирифт. Аммо дар мавсими баҳории соли ҷорӣ, муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бештар аз 20 дарсад коҳиш ёфт. Ин дар ҳолест, ки соли 2014 низ шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия 300 ҳазор нафар кам шуда буд ва то ҳол раванди кам шудани шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия идома дорад.

Бино ба маълумоти тақрибии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав, дар давоми камтар аз се моҳи аввали соли ҷорӣ ба Русия бештар аз 117 ҳазору 863 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ворид шудаанд. Вале дар ҳамин давраи соли 2014 ин рақам 155 ҳазору 733 нафарро ташкил додааст, ки тақрибан 38 ҳазор нафар камтар мебошад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон коҳиши шумораи муҳоҷирони кории тоҷик ва умуман муҳоҷирони хориҷӣ ба Русия дар ду соли ахирро ба чанд омил, аз ҷумла ба беш аз 40 тағйироту илова ба қонунгузории федеролии Русия дар соҳаи муҳоҷират рабт медиҳад. Дигар ин, ки боло рафтани андоз аз даромади шахсони воқеӣ, сабаби дигар бӯҳрони молӣ ва сабаби дигари асосӣ поин рафтани арзиши рубл дар баробари доллар шуд, ки ин боиси дилсардии шумори зиёде аз муҳоҷирон гашт ва онҳо ба Тоҷикистон баргаштанд.

XS
SM
MD
LG