Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, бори охир дар нимаи дувуми моҳи сентябр беш аз 200 ҳазор рубл пули муҳоҷиронро аз корфароён рӯёндааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 9 миллион рубл пули муҳоҷиронро аз корфармоён рӯёндааст.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори охир - 22 сентябр беш аз 200 ҳазор рубли русиро, ки музди кори 3 шаҳрванди Тоҷикистон будааст, аз ширкати “Стройинвест”-и Русия рӯёнда ба онҳо додаанд. Ин афрод -- Хуршед Абдураҳмонов, зодаи ноҳияи Ҳисор; Шарифҷон Бурҳонов аз шаҳри Истаравшан ва Ҷӯрабек Холов аз ноҳияи Ёвон будаанд. “Дар соли 2013 низ ҳамин гуна намунаҳо зиёд буд ва он вақт бо кумаки мо муҳоҷирон тавонистанд 11 миллиону 742 ҳазор рубли русии худро аз кордиҳандагони гуногун дар минтақаҳои мухталифи Русия бигиранд”,-гуфт Аҳмадов.

-Оё муҳоҷирони корафтода худашон барои дарёфти кқмак ба намояндагии Вазорати меҳнат муроҷиат мекунанд?

-Бале, онҳо худашон ба мо муроҷиат карданд. Тартиби муроҷиат ин аст, ки чунин шахсон, яъне онҳое, ки пули кори худро нагирифтаанд, ба номи намояндагӣ ариза менависанд. Намояндагӣ ҷузъиёти ин муроҷиатро меомӯзад. Кӯшиш мекунем, кордиҳанда маблағи шаҳрванди моро баргардонад.”

-Оё пули муҳоҷирони корӣ тавассути додгоҳҳо ё ниҳодҳои дигари интизомӣ аз кордиҳандагон рӯёнда мешавад ва ё вақте Шумо ба кордиҳандагон муроҷиат мекунед, онҳо маҷбур мешаванд, эътироф карда, пулро пардохт кунанд?

-Дар чунин ҳолатҳо корфармо маҷбур мешавад, дар асоси муроҷиати хаттии мо ба шаҳрвандон маблағро баргардонад. Лекин дар таҷрибаи кории мо ҳолатҳои дигар ҳам буданд, ки корфармо бо сабабҳои гуногун ба мактуб эътибор намедиҳад, онро эътироф намекунад. Дар чунин ҳолат маҷбур мешавем ба сохторҳои марбута, аз қабили додситонии маҳалли фаъолияти корфармо ё ширкат муроҷиат намоем. Масалан, маблағҳои бузургтар аз як миллион, якуним миллион рубл ҳам буданд. Албатта, ин маблағи як нафар набуд, балки маблағи як гурӯҳи кормандони сохтмон буд. Мо ба мақомоти додситонӣ муроҷиат кардем ва дархости мо иҷро шуд. Муттаассифона, як қисми муҳоҷирон тавассути миёнаравҳо ба кор медароянд. Дар чунин ҳолат, вақте ба ширкати сохтмонӣ муроҷиат мекунем, онҳо коргарони худро намешиносанд. Як бригадаи сохтмонӣ дар як объект кор кардааст, соҳиби сохтмон намедонад, ки ному насаби коргарон чӣ аст ё шаҳрвандони кадом кишвар ҳастанд. Кордиҳанда ҳамон миёнаравҳоро, таври мисол, чун “Саша”, “Паша” ё амсоли он медонанду халос ва рақами телефонашонро доранд. Дар чунин вазъ кор андак мушкилтар мешавад. Ҳатто ҳолатҳое ҳастанд ва мо аризаҳоеро дорем, ки миёнарав ҳаққи ҳамон корро гирифтаасту ғайб задааст. Мо муайян карда наметавонем, ки вай шаҳрванди Русия ҳаст ё нест.”

-Ягон намунае ҳаст, ки бо мудохилаи додситонӣ ё ниҳодҳои интизомии Русия чунин қазияҳоро ҳал карда бошед?

-Соли гузашта маблағи ба ду миллион рубл наздик ба муҳоҷирони мо пардохт нашуда буд. Бо муроҷиати мо ва бо дахолати додситонии Маскав ин маблағ ба соҳибонашон, яъне шаҳрвандони мо баргардонда шуданд. Бале, намунаҳои дигар ҳам буданд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG