Ҳавопаймои ҳомили ҷасади Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 23 феврал аз Ню Йорк ба Маскав расид. Чуркин рӯзи душанбе, як рӯз қабл аз зодрӯзи 65-солагиаш ногаҳон даргузашт.
Маросими видоъ бо сафир рӯзи 24 феврал дар Вазорати хориҷии Русия баргузор мешавад ва ҷасади ӯро дар қабристони Троекуровский ба хок месупоранд.
Виталий Чуркин аз дипломатҳои аршади Русия буд, ки моҳи апрели соли 2006 сафири ин кишвар дар Созмони Милали Мутаҳид таъин шуд. Рӯзи 21 феврал Шӯрои Амнияти СММ ба эҳтироми Чуркин як дақиқа сукут кард.
Намояндагии Русия дар СММ эълон кард, ки рӯзи 22 феврал беш аз 300 дипломати Русия ва хориҷӣ, бо шумули сафири Русия дар Амрико Сергей Кисляк ва сафири Амрико дар Созмони Милал Никки Ҳейли дар маросими ёдбуди Виталий Чуркин дар Ню-Йорк иштирок карданд.