Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо дарназардошти он, ки дар Русия бӯҳрони иқтисодӣ идома дорад ва арзиши пули русӣ поён рафтааст, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шароити корӣ дар Кореяи Ҷанубиро назар бар Русия бартар медонанд.

Ҷалол Тошев, муҳоҷири кории узбак аз шаҳри Самарқанди Узбакистон мегӯяд, ки вай забони курёиро намедонад, вале аз соли 2013 дар шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ дар корхонаи киштисозӣ кор мекунад. Вай то муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар дар Русия низ кор кардааст ва мегӯяд, агар кас кордон бошад, дар ҳар ҷо барои худ кор пайдо мекунад, вале шароити корӣ дар Кореяи Ҷанубӣ нисбат ба Русия беҳтар аст.

Вай мегӯяд, ки “албатта Корея беҳтар аст. Пеш аз ин ҷо дар Русия кор мекардам. Дар он ҷо ҳам пул медоданд. Вале он арзиш надошт. Чизе намемонд. Барои ҳамин аз Русия рафтам. Албатта, ин ҷо фарқ дорад. Мо коргаронро мисли одамони худашон ҳурмат мекунанд. Мо ҳам мисли курёиҳо ҳастем. Дар ин ҷо ман муҳоҷирони кории Тоҷикистонро надидаам. Аз Узбакистон зиёданд, аз Непал ҳастанд. Қазоқҳо ҳастанд. Аз Қирғизистон ҳам касеро надидаам. Лекин аз Русия ҳастанд. Дар ин ҷо кор мекунанд”.

Ҷалол Тошев мегӯяд, ки забони курёиро кам-кам медонад ва онро дар ҷараёни кор бо ҳамкоронаш дар корхона ёд гирифтааст. Вай маълумоти олӣ ва ё касбӣ-техникӣ надорад, балки баъд аз хатми мактаби миёна дар ҷойҳои гуногун кор кардааст, то дар зандагӣ ба хонаводаашон ёрӣ расонад. Ҷалол мегӯяд, ки пеш аз омадан ба Кореяи Ҷанубӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳошро дар сафорати ин кишвар дар Узбакистон таҳия кардааст ва ба таври расмӣ дар он ҷо ба вай раводиди корӣ додаанд. Ҳоло вай бидуни ташвишу нигаронӣ корашро идома медиҳад ва ҳар моҳ ба хонаводааш дар Узбакистон 1000 долар мефиристад. Вай мегӯяд, ки дар корхонаи киштисозӣ дар шаҳри Пусан ба коргарон ғизои ройгон медиҳанд ва ҳатто барои иҷораи хона ҳам то андозае кӯмак мерасонанд. Шаҳри Пусан баъд аз Сеул дуввумин шаҳри бузург аст ва чун пойтахти обии ин кишвар шинохта мешавад.

Вай мегӯяд, ки ҷои хобро худаш интихоб кардааст. Агар кас бихоҳад ширкат коргарашро бо ҷои хоб таъмин мекунад. Вале аксарият бартарӣ медиҳанд, ки худашон барои худ хонаи муносибтарро иҷора бигиранд.

Ҷалол Тошев аз ҷумлаи камтарин касоне мебошад, ки ба вай муяссар шудааст, то баъд аз тарки муҳоҷирати корӣ дар Русия раводиди Кореяи Ҷанубиро ба даст орад, зеро байни Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ барои қабули муҳоҷирони корӣ қарордоди ҳамкорӣ вуҷуд дорад ва соле Кореяи Ҷанубӣ аз Узбакистон аз 2 ҳазор то 3 ҳазор муҳоҷири корӣ қабул мекунад ва то ҳол даҳҳо ҳазор муҳоҷирони кории Узбакистон дар Кореяи Ҷанубӣ кор мекунанд.

Тоҷикистон танҳо дар бахшҳои донишгоҳӣ қарордод дорад ва шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Кореяи Ҷанубӣ асосан ҷавонони донишҷӯ ташкил медиҳанд. Иқбол Шокиров, раҳбари ҷамъияти тоҷикони Кореяи Ҷанубӣ дар ин бора мегӯяд: “Байни баъзе донишгоҳҳои

Иқбол Шокиров

Иқбол Шокиров

Кореяи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон шартномаҳои рафту омад вуҷуд дорад. Тоҷикистон барои як сол ё ним сол ва ё барои таҳсил дар курсҳои забономӯзӣ донишҷӯ мефиристад. Байни донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон бо як донишгоҳи Кореяи Ҷанубӣ низ шартнома вуҷуд дорад, ки сенафарӣ донишҷӯёни мо ба ин ҷо меоянд ва таҳсил мекунанд”.

Моҳи апрели соли 2015 дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Кореяи Ҷанубӣ дар бораи ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират низ гуфтугӯи ҷонибҳо сурат гирифта буд. Вале дар бораи тартиби иҷрои ин мувофиқатнома ва ҷузъиёти он, аз ҷумла мувофиқатнома дар бораи муҳоҷирати корӣ шарту шароитҳо омода нашудаанд. Вале тоҷирони хусусӣ барои хариди молу коло бо ин кишвар рафту омада мекунанд. Аз ин ҷо аслан мошин ва таҷҳизоти техникӣ ба Тоҷикистон мебаранд.

Иқбол Шокиров мегӯяд, ки баъзе донишҷӯён баъд аз хатми донишгоҳҳо аз рӯи ихтисоси худ дар Кореяи Ҷанубӣ кор пайдо мекунанд, чун дипломи онҳо дипломи ҳамин кишвар аст: “Ба сабаби он ки Тоҷикистони мо бо Корея шартномаи муҳоҷирати корӣ надорад, барои ҳамин шаҳрвандони мо чун муҳоҷир ба ин ҷо омада наметавонанд. Вале ҷавононе, ки дар ин ҷо донишгоҳҳоро хатм мекунанд, чун забони куриёиро медонанд, бо дипломи донишгоҳи ин ҷо метавонанд дар ин ҷо бимонанд ва кор ҳам пайдо кунанд. Шахсони қабилиятнокро ба кор қабул мекунанд. Ҳоло чанд нафар тоҷикони мо, ки аз хатмкунандагони донишгоҳҳои ҳамин ҷо мебошанд, дар ширкатҳои Ҳундай ва Самсунг аз рӯи ихтисос ба кор даромадаанд”.

Алишери Сиддиқ

Алишери Сиддиқ

Вале ҳамкориҳои Узбакистон бо Кореяи Ҷанубӣ тақрибан аз аввали солҳои 1990 оғоз ёфтааст. Алишери Сиддиқ, коршиноси умури Узбакистон дар Радиои Озодӣ мегӯяд: “Ҳоло дар Кореяи Ҷанубӣ даҳҳо ҳазор муҳоҷирони кории Узбакистон ҳастанд. Вале мо метавонем бигӯем, ки дар давоми ду даҳсолаи гузашта аз истиқлоли Узбакистон шумораи оное, ки ба он ҷо рафта омадаанд ва кор кардаанд, мумкин аст ба садҳо ҳазор нафар расад. Дар ин бахш ҳамкориҳои ду кишвар идома дорад ва маҷрои хуро ёфтааст. Бо назардошти ин, ки дар Русия бӯҳорони иқтисодӣ идома дорад ва арзиши рубли русӣ поин рафтааст, алоқамандӣ ба бозори кори Кореяи Ҷанубӣ афзоиш меёбад. Ду моҳи пеш вазири умури муҳоҷирати Кореяи Ҷанубӣ аз Узбакистон боздид кард. Дар оянда дар бораи имкони афзоиши шумораи муҳоҷирони корӣ мувофиқатномаҳо ба имзо мерасанд. Кореяи Ҷанубӣ барои Узбакистон ягона кишварест, ки ба таври расмӣ шартномаҳо дар бораи муҳоҷирати корӣ вуҷуд дорад. Ин шартномаҳоро вазоратҳои кор имзо кардаанд. Ва ин ду вазорат дар ҳамкорӣ бо якдигар муҳоҷирони кориро интихоб мекунанд. Ҳар сол то 3 ҳазор шаҳрвандони Узбакистон ба таври расмӣ ба Кореяи Ҷанубӣ мераванд ва дастмузди моҳонаи онҳо ба ҳисоби миёна якуним ҳазор долларро ташкил медиҳад”.

Озодӣ: Онҳо чӣ гуна муҳоҷираташонро ба он кишвар қонунӣ мекунанд? Оё визаро дар худи Корея мегиранд ?

Алишери Сиддиқ: “Дар давоми чандин сол муҳоҷирати корӣ мисли кори як корхона танзим шудааст ва ҳатто дар шаҳрҳои бузург аз забони курёӣ санҷишҳо мегиранд. Муҳоҷиронро танҳо аз як минтақа намегиранд. Онҳоро аз минтақаҳо ва шаҳрҳои гуногун интихоб мекунанд. Масалан, барои Русия чунин кор анҷом намегирад. Муҳоҷирон дар Корея дар корхонаҳои саноатӣ, дар тавлдиоти кимёӣ, дар бахши мошинсозӣ ва дар бахши кишоварзӣ ва ҳатто дар бахши киштисозӣ кор мекунанд. дар Узбакистон баҳру дарёҳои бузург нест, вале онҳо мераванду киштисозӣ мекунанд. Онҳо ба хонаводаҳояшон пули хуб мефиристанд ва хонаводаҳое, ки дар он кишвар муҳоҷири корӣ доранд, зиндагиашон бад нест. Онҳо хонаву мошин мехаранд, барои ҳамин онҳоро нухбагони муҳоҷир ё “элитные мигранты” мегӯянд? Касе, ки тавонистааст ба Корея равад, мушкилоти молиашро ҳал кардааст”.

Озодӣ: Барои муҳоҷирати корӣ ба онҳо барои чанд сол раводид медиҳанд?

Алишери Сиддиқ: Аз Узбакистон барои муддати муайян ба муҳоҷирати расмии корӣ мефиристанд. Баъд аз ин муддати муайян муҳоҷир бояд баргардад ва агар бихоҳад дубора ҳуҷҷат дуруст мекунад ва боз меравад. Вале баъзеҳо баъд аз хатми мӯҳлати раводид барнамегарданд ва ба таври ғайриқонунӣ иқомати худро дар он ҷо идома медиҳанд. Чунин кор ба Корея ва Узбакистон дардисарҳое меорад, албатта бештар барои Кореяи Ҷанубӣ. Баъзеҳо баъд аз як муддати иқомати ғайриқонунӣ, дар ҳамон ҷо иҷозаи иқомати қонунӣ мегиранд, ҳатто дар ҳамон ҷо арӯсӣ ва оила барпо мекунанд. Вале дар асл он гуна, ки ман медонам ҳади ақал ба муҳоҷирони корӣ се сол раводид медиҳанд”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG