Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун: зарбаи ҳавоӣ ба мактаби Сурияро метавон "ҷинояти ҷангӣ" номид


Бан Ки Мун, дабири кулли СММ гуфт, зарбаи ҳавоӣ ба мактаби Идлиби Сурияро, ки ҷони 22 кӯдакро рабуд, метавон ҷинояти ҷангӣ номид. Вай даъват кардааст, ки ин ҳодиса зуд таҳқиқ шавад.

Намояндагии СММ бо нашри як изҳорот мегӯяд, "хабари зарбаи ҳавоӣ ба мактаби Идлиби Сурия, ки дар натиҷааш 28 нафар, аз ҷумла 22 кӯдак кушта шуд, дабири куллро ба ҳайрат овардааст".

"Агар ин амал барқасдона анҷом шуда бошад, пас метавон онро бо ҷинояти ҷангӣ баробар кард", - омадааст дар изҳорот. Ба иттилои манбаъ, Бан Ки Мун даъват кардааст, ки ҳодисаи мазкур ва ҳолатҳои дигари ҳамла ба сокинони осоиштаи Сурия фавран таҳқиқ шаванд.

Кохи сафед ҳам рӯзи панҷшанбе гуфта буд, масъулияти зарбаи ҳавоӣ ба Идлиб, ки дар натиҷаи он мактабе тахриб шуд, ба зиммаи ҳукумати Сурия ё Русия аст.

Ин дар ҳолест, ки Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия даст доштани кишварашро дар ҳодисаи мазкур рад карда, гуфт, иддаои ҳомиёни ҳуқуқ ва дипломатҳо "дурӯғ" аст. "Русия ба ин ҳамла ва ҳодисаи мудҳиш рабте надорад", - афзуд Захарова.

XS
SM
MD
LG