Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Муҳоҷирон! Боэҳтиёт бошед”


Муҳоҷири тоҷик бо номи Аслидин дар номаи кӯтоҳе ба воситаи Скайп ба Радиои Озодӣ вазъи имрӯзаи муҳҷирони тоҷик дар Маскавро шарҳ дод. Номаи ӯро бе таҳрир ба нашр мерасонем.

“Салом ба Радиои Озодӣ! Ман як шаҳрванди Тоҷикистон дар наздикии Бирюлёво зиндагӣ мекунам. Айни ҳол дар ин ҷо вазъият хеле вазнин аст. Баъзе аз ҳамватаноне, ки дар базаи меваю сабзавот кор мекарданд, то ҳол дар хонаҳои иҷораи худ бекор хобанд ва ба берун ҳам намебароянд.

Баъзе аз ҳамватани дигарамон аз ин ҷо ба дигар минтақаҳои Русия барои кор сафар карда истодаанд. Вазъият хеле мушкил шудааст. Мо ҳарчанд тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро барои кор дорем, ба мо мушкилиҳо пеш меоянд.

Барои ҳамин ман тавассути сомонаи Шумо ба мардуме, ки дар шаҳри Москва кору фаъолият мекунанд, муроҷиат мекунам, ки бародарону хоҳарони азиз, боэҳтиёт бошед ва дар кучахои Маскав, ба хусус дар наздикиҳои Варшавское шоссе, Бирюлёво, Южное Бутово боэҳтиёт бошед. Аз берун баромадани шабона худдорӣ кунед, ки ин шабу рӯзҳо милатгароёни рус гуруҳ-гуруҳ мегарданд. Барои ҳамин боэҳтиёт ва саломат бошед.

Аслиддин.”

Дар ҳамин ҳол хабарнигорони бахши русии Радиои Озодӣ иттилоъ додаанд, ки анбори меваю сабзавот дар ноҳияи Бирюлёво баста шуда, садҳо корманди он Маскавро тарк мекунанд ва аҳолии маҳаллӣ аз босуръат баланд рафтани нархи меваю сабзавот дар ноҳияи худ норозист.
XS
SM
MD
LG