Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Маскав дар ҷараёни амалиёти “Муҳоҷир-2015” (“Мигрант-2015”) ҳудуди 500 муҳоҷири кишварҳои собиқи шӯравиро боздошт кардаанд.

Садҳо нафар аз шаҳрвандони кишварҳои шӯравии пешин рӯзи гузашта дар ҷараёни амали "Муҳоҷир-2015" дар шаҳри Маскав - пойтахти Русия боздошт шудаанд. Амалиёти "Мигрант-2015" аз 19 октябр оғоз шуда ва то 29 октябр идома мекунад.

Андрей Галиакберов, сухангӯи Раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ки ҳузури қонунии ин афрод дар Русия ва имкони даст доштанашон дар ҷароими мухталиф мавриди санҷиш қарор хоҳад гирифт.

Бино ба гузориши шабакаи телевизиони НТВ, ин тадбири ниҳодҳои интизомии Маскав дар пайи ҳамлаи муҳоҷирон ба занҳо сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, ки дар миёни афроди боздоштшуда, шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, кормандони пулиси Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ҳамалоти зиёд ба занҳо дастгир кардаанд. Ин афрод дар 5 маврид муттаҳам шуда ва аъмоли онҳо дар дурбинҳои назоратӣ дар хиёбонҳои шаҳр сабт шудааст.

Дар як навор марди тоҷик ба сари зане бо арматура зада ва зан ба замин меафтад. Ин мард бо ҳамроҳаш бо мошине аз маҳали ҳодиса фирор кардааст. Ин ҳодиса дар наздики як коргоҳи сохтмонӣ рух дода ва бар асоси ин навор, гумонбарҳо боздошт шудаанд.

Аз чанд рӯз ба ин тараф боздошти муҳоҷирони корӣ дар Русия афзоиш ёфтааст. Мақомоти интизомии Русия чанд рӯз қабл даҳҳо нафарро дар шаҳри Маскав ба иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт кардаанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд. Расонаҳои русӣ шумораи тоҷикони боздоштшуда ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯи "Ҳизб-ут-Таҳрир"-ро 20 нафар гуфтанд.​

Русия дар ду даҳсолаи ахир маҳалли аслии кории беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст. Тағйирот дар қонунҳои муҳоҷирати он кишвар дар чанд соли ахир, будубоши муҳоҷирон дар Русияро боз ҳам мушкилтар кардаст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG