Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи қатора дар Ню-Ҷерси: як кушта, наздики сад маҷруҳ


Тибқи хабарҳое, ки аз ИМА мерасанд, дар садамаи қаторае, ки дар Ню-Ҷерсии ин кишвар рух дод, як нафар кушта ва наздики сад тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, қаторае, ки аз Ню-Йорк меомад, суръати ҳаракатро дар наздикии истгоҳ паст накарда, ба бинои истгоҳ бархурдааст.

Муовини раиси шӯрои амнияти нақлиёти Бел Дин-Зар дар як сӯҳбаташ дар баробари журналистон гуфт:

“Мо аз дохили локомотив дастгоҳи сабтро берун мекашем, ҳоло ин корро кардан ҳеҷ мушкил надорад ва баъди ин маълумоти бештарро дар бораи суръати ҳаракати қатор, тормоз ва дигар масъалаҳоро муайян хоҳем кард”

Дар наворҳое, ки аз ҷои ҳодиса нашр шуданд, қаторҳо зиёндида ва харобшуда дида мешаванд. Бино бар иттилои пешакӣ, ҳангоми садама дар дохили қатора наздики 250 мусофир қарор доштааст.

XS
SM
MD
LG