Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссияи интихобот номзади Ҳизби аграриро пирӯз эълон кард


Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натоиҷи расмии интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи шумораи 39-и Восеъро эълон кард.

Бар асоси омори расмӣ, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров бо касби 73,2 фоиз ба парлумони Тоҷикистон роҳ ёфт.

Рақибони ӯ Ибодулло Неъматов аз ҲХДТ ва Раҷаби Мирзо, номзади мустақил мутаносибан 16,3 ва 7,9 дарсади раъйҳоро ба даст оварданд.

Интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Восеъ-39 рӯзи якшанбеи 5-уми май баргузор шуд ва дар он 3 номзад – хабарнигори маъруф Раҷаби Мирзо (Раҷаб Мараимов), номзади ҳизби аграрӣ муовини раиси Ожонсии давлатии амволи махсус Зайниддин Сафаров ва узви ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ раиси ҷамоати Мичурини ноҳияи Восеъ Ибодулло Неъматов барои курсии вакилӣ вориди мубориза шуданд. Мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб Ҷӯрабек Қурбонов, ки номзадии худро ба тариқи худпешбарӣ гузошта буд, рӯзи 3 май, дуруст дар остонаи интихобот номзадиашро пас кашид. Курсии вакили маҷлиси поёнии парлумон аз ин ҳавза дар пайи интисоби Рустам Латипов, намояндаи ҳизби аграрӣ ба мақоми раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ холӣ шуд. Ҳавзаи Восеъ-39 ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик ва Балҷувонро дар бар мегирад.


Мақомот: Дар ҳавзаи Восеъ беш аз 80 фоизи мардум овоз доданд

Рӯзи 5 май, дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъ-39 мардум аз миёни 3 номзад вакили худ дар Маҷлиси намояндагонро интихоб карданд.
Соати 20 ба вақти маҳаллӣ раъйгирӣ дар ҳавзаи Восеъ ба поён расид ва шумориши оро дар қитъаҳои интихоботӣ оғоз ёфт.

Муҳаммад Давлатёров, раиси куммиссиюни интихоботии ҳавзаи Восеъ баъд аз анҷоми овоздиҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, алакай то соати 18 81,7 фоизи мардум дар интихобот овоз дода буданд. Оқои Давлатёров афзуд, шумориши оро дар қитъаҳо шояд то соати 22 тӯл бикашад ва сипас асноду протоколҳо барои ҷамъбасти ниҳоӣ ба куммисиюни ҳавза ироа хоҳанд шуд. Ба гуфтаи раиси ҳавза, натиҷаҳои муқаддамотии интихобот ғолибан субҳи душанбе эълон хоҳанд шуд, зеро ба гуфтаи ӯ, шумориши оро аз 93 қитъа фурсати зиёдеро металабад.

Аммо дар ситоди номзади мустақил Раҷаби Мирзо ба Озодӣ гуфтанд, ки чунин фоизи баланди овоздиҳӣ дар қитъаҳо танҳо баъд аз хуруҷи эътирозии нозирони онҳо муяссар шудааст. Раҷаби Мирзо алакай баъд аз зӯҳри якшанбе нозирони худро аз қитъаҳои интихоботӣ фаро хонд.Раҷаби Мирзо ба Радиои Озодӣ гуфт, далели ин тасмим эълон шудани натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар ду қитъа аст, ки яке қисми низомист ва дувумӣ - рустои дурдасти Қарағоч. Ба ақидаи ин номзад, натиҷаҳо тақаллуб шудаанд ва мушоҳидаи нозирон дар ситоди ӯ ин андешаро тақвият медиҳад, ки идомаи ширкат дар ин маърака маъное надорад: «Мо таҳрим ё бойкот мекунем, нагуфтем. Гуфтем, ки мо ба нишони эътироз аз мавқеъгирӣ ва дахолати дағалонаи роҳбарияти ноҳияи Восеъ нозирони худро аз қитъаҳои интихоботӣ фаро хондем. Гуфтем, ки дигар зарурат барои ширкат дар чунин намоишнома (спектакл) нест.»

Ба иддаои ситоди Раҷаби Мирзо, дар қитъаи интихоботии қисми низомии Восеъ, ки 270 нафар раъйдиҳанда дорад, 17 нафар ба ӯ, 16 нафар ба номзади Ҳизби халқӣ – демократӣ ва бақия ба номзади Ҳизби аграрӣ овоз додаанд. Ҳамчунин тавозуни овозҳо дар деҳаи дурдасти Қарағочи Восеъ, ки 344 интихобкунанда дорад, низ бо касби 165 раъй ба нафъи номзади Ҳизби аграрӣ анҷом шудааст. Раҷаби Мирзо 20 ва Ибодулло Неъматов, номзади ҲХДТ 121 раъй гирифтаанд.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, азбаски раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латипов, ки то ду моҳи пеш вакили Маҷлиси намоядагон аз ҳамин ноҳия будааст, аслан узви Ҳизби аграрӣ мебошад, саъйд дорад, ки номзади ҳизбаш барандаи интихоботи миёндавраӣ бошад.


Муҳаммад Давлатёров

Муҳаммад Давлатёров

Муҳаммад Давлатёров, раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Восеъ мегӯяд, аз Раҷаби Мирзо шикояти зиёде ба ӯ расидааст, ки таҳқиқ хоҳанд шуд, аммо иддаои ӯ дар бораи раиси ноҳия Рустам Латипов сиҳат надорад: «Мо намебинем. Он чиро, ки мегӯянд, ҳеҷ гоҳ мушоҳида накардем. Агар дар қитъаҳо бо истифода аз номи раис касе чизе гуфта бошад, хабар надорам. Аммо дар ҷаласаҳо ҳеҷ гоҳ раис дар ин масъала суҳбат накардааст ва ҳатто маро ҳамчун раиси ҳавза даъват карда, дар ин маврид суҳбат ё ҳидоят ҳам накардааст, ки аз касе ҷонибдорӣ кунем. Ин ҳарфҳоро аслан нашунидаам.»

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки низ ба хотири ҳимоят аз номзадии сухангӯи ҳизбаш Раҷаби Мирзо ба Восеъ рафтааст, тавассути телефон ба Озодӣ гуфт, тасмими ситоди Раҷаби Мирзо як навъ эътироз ба дахолати мақомоти маҳаллӣ дар раванди раъйгирист. Оқои Исмонов гуфт, "дахолати дағалона"-и мақомоти маҳаллӣ ҳузури нозирони онҳо дар қитъаҳои интихоботиро беҳуда мегардонад, зеро маълум шуд ки ҳузури нозироон пеши роҳи дахолати ин мақомотро гирифта наметавонад. Ӯ афзуд, эътирози онҳо на ба ҳукумат ё ниҳодҳои интихоботӣ, балки ба мақомоти маҳаллии ҳавзаи Восеъ аст, ки ба гуфтаи Исмонов, худсарона ба интихобот дахолат мекунанд.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, дар ҳайати нозирони ӯ ҳудуди 50 рӯзноманигор аз Душанбеву Кӯлоб кор мекунанд, ки тақаллуби зиёд, аз қабили раъйдиҳии такрорӣ, ба ҷои чанд нафар овоз додани як нафар, варақаҳои ҷаълӣ ва ғайраро ҳатто сабт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Сабур Султонов, сарвари ситоди Ибодулло Неъматов, номзади Ҳизби халқӣ – демократӣ мегӯяд, то ба ҳол нозирони онҳо мавориди тақаллубро ошкор накардаанд ва ба ҳамчунин даъвоҳои ҷой доштани онҳо бовар надорад: «Мардум аз мову шумо ё ягон номзад намепурсад, ки ба кӣ раъй диҳад. Мо мунтазири натиҷаҳо ҳастем. Вақте ғалберро бардоштем, ҳар чӣ дар дег ҳаст, берун меояд. Насиб бошад, мо пирӯз мешавем.»


Рустам Латипов

Рустам Латипов

Коршиносон интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъро як имтиҳон ё ҳатто репетитсияи интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон меноманд ва мегӯянд, ҳамин корзор нишон хоҳад дод, ки оё мақомоти ин кишвар то куҷо барои баргузории як интихоботи озоду демократӣ омодаанд. То кунун ягон интихоботи доиршуда дар Тоҷикистони пасошӯравӣ аз сӯи нозирони ғарбӣ ҷавобгӯи меъёрҳои интихоботи демократӣ эътироф нашудааст.

Дар маҳофил дар пешорӯи раъйгирии имрӯза ҳадс мезаданд, ки шояд мақомот курсии вакилӣ аз ҳавзаи Восеъро боз ҳам ба намояндаи ҳизби аграрӣ, ки то мансаб гирифтани Рустам Латипов дар Маҷлиси намояндагон ду вакил дошт, бидиҳанд. Раҷаби Мирзо дар посух ба ин овозаҳои бархоста дар бораи “номзади худӣ”-и мақомот дар ҳавзаи Восеъ аз масъулин даъват кард, то ба мардум имконият бидиҳанд, ки худ вакилашро интихоб кунад. Худи Зайниддин Сафаров – номзади ҳихби аграрӣ- ин сарусадоҳоро радд карда, гуфтааст, муносибати мақомоти маҳаллӣ ба ҳамаи 4 номзад яксон ва баробар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG