Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯҳрони миёнсолии тоҷикон, вақте нимаи умр гузашта...


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Одамон дар Тоҷикистон бӯҳрони нимароҳи умр, ё бӯҳрони миёнсолиро, ки як давраи сахту ҳассоси ҳаёти инсонҳост, чӣ гуна паси сар мегузоранд?

Худкушиҳо, тундгароӣ, ҷиноятҳои сангин, афзоиши беморӣ ва маъюбиҳо, руҷӯи густардаи одамон ба фолбину ҷодугарҳоро дар Тоҷикистон равоншиноси тоҷик Маҳмуди Кабирӣ ба бӯҳрони миёнасолии аҳолӣ низ бастагӣ медиҳад. Вай мегӯяд, одамон бо ин бӯҳрон рӯбарӯ будани худро намедонанд, зеро дар бораи он маълумоти кофӣ надоранд: “Онҳо бештар бемориҳои ҷисмониро мешиносанд ва ба қадри имкон ба табобати онҳо мекӯшанд, вале ғамгинӣ, норозигӣ, тарс ва хашму ситезаи худро беморӣ намеҳисобанд. Ҳол он ки тамоми аҳолӣ ба ин симптомҳои бӯҳрони синни миёна рӯбарӯянд.”

Воқеан хабарҳои ҷиноӣ ваҳшатангезанд: Куштани ҳамсар бо даҳҳо зарбаи табар, 54 зарбаи корди сартарош ва 17 зарбаи қайчии ӯ, модаре, ки сари духтарчаи худро дар пиёдароҳе бурид, қатли бародар аз тарафи бародар дар муҳоҷирати Русия ва ғайра. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз афзоиши бемориҳои дил дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад. Фишори хун, диабет, сил ва саратон низ аз иллатҳои асосии марги тоҷикон шумурда шудаанд. Доктори илми тиб, Юсуфи Нуралӣ, мегӯяд, зиёда аз 3 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз бемории қанд азият мекашанд, ки яке аз сабабҳояш стресс ё афсурдагии шадид аст. Ва дар ин пасманзар муроҷиати шаҳрвандон ба фолбину ҷодугар ва табибони мардумӣ низ зиёд аст, махсусан замоне ки бемориҳо на ҷисмонӣ, балки равониянд.

Бӯҳрони нимароҳи умр, истилоҳи сохтаи равонтаҳлилгари канадагӣ Элиот Ҷак дар соли 1965, ки гуфта мешавад, ба ҳамаи аҳли башар хос аст ва дар синни аз 40 то 60 иттифоқ меафтад, бештар шикасти эҳсосотии худбоварии инсон шумурда мешавад. Ин давраест, ки шахс бори аввал ба ҳақиқати марг ва фонӣ будани худ дар ин дунё бовар мекунад ва дар бими он меафтад, ки боз чӣ қадари дигар умр медида бошад. Ба қавли шоири бузург Лоиқ, “ними умрам монда ё на, нимаи хубаш гузашта”.

Маҳмуд Кабирӣ, рӯҳшиноси тоҷик

Маҳмуд Кабирӣ, рӯҳшиноси тоҷик

Равоншиноси тоҷик Маҳмуди Кабирӣ мегӯяд, дар ин айёми умр инсоне, ки дар ҷавонӣ ба нерӯ ва зебоии худ меболид, ногаҳон зери ҳамлаи чандҷониба мемонад: “Бадани инсон ба баландтарин қуллаи инкишофи худ мерасад ва баъд аз он рӯ ба таназзул мениҳад. Суръати тавлиди дору ва маводи зарурӣ дар бадан, эҳёи ҳуҷайраҳо ва худсозии сиришти инсон суст шудан мегирад. Ин ҳол бӯҳрони ҳиссиро ба дунбол дорад. Инсон дар ин вақт бештар гирифтори ғам, кина, тарс, ҳирс, такаббур, рашк ва бадбинӣ мешавад. Ба сурати куллӣ шахс бо як табаддулоти азими равонӣ рӯбарӯ мешавад.”

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо, ки хост, ӯро Сӯҳроб ном барем, мегӯяд: “Ба фикрам, ин ҳолати ман баъд аз марги падарам сар шуд. Ман ҳеч вақт дар гӯшаи хаёл ҳам надоштам, ки рӯзе падарамро абадан аз даст медиҳам ва дигар ҳаргиз ӯро намебинам. Вай дар 67-солагӣ аз ҷаҳон рафт ва ман фикр кардам низ ҳамин қадар умр дорам. Баъд фикр кардам, падарам дар умри кӯтоҳи худ чӣ қадар корҳои зиёде кард, аммо ман ба ягон орзуи худ нарасидам. Зиндагии оилавиям ҳам ҳарҷу марҷ аст, пасандозе барои зиндагӣ надорам. Ба ҷое нарасидам ва намедонам ояндаи се фарзандам чӣ мешавад.”

Ба ақидаи доктор Кабирӣ, бӯҳрони нимароҳи умр нерӯи бузург ва саршор аз ихтилофро дар сиришти инсон ҷамъ меорад ва роҳҳои бурунрехти он метавонанд хеле вайронкорона, тундравона, ғайриқонунӣ ва гоҳе ҳатто ғайриинсонӣ бошанд. Вале мушкили асосӣ замоне ба миён меояд, ки одамон бемор будани худро нафаҳманд, эътироф накунанд ва дар натиҷа он шиддат гирифта, доимӣ шавад. Тамоми одамон дар ҷаҳон ин бӯҳронро аз сар мегузаронанд, аммо шиддат, муддат ва пайомади он гуногун аст. Як сокини Душанбе мегӯяд, ба чунин ҳол гирифтор шуда буд, вале ҳамчун як мусулмон ҳамаро аз тақдир донист, муноҷот ба Худо мекард ва лаҳзаҳое, ки ғамаш тоқатфарсо мешуд, сар ба китоб фурӯ мебурд.

Рӯҳонии тоҷик домулло Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, “Ислом инсонро месозад ва барояш муттако медиҳад. Баъд аз ҳамаи васила ва марҳилаҳо хости Худо шумурдани қазия ба инсон як нафаси сабук медиҳад. Вай дарк мекунад, ки ҳама чиз ба дасти худи одам нест. Ин нукта, ки ҳама чӣ дар ҷаҳон бо хости Худо мешавад, инсонро аз фишорҳои рӯҳӣ наҷот медиҳад. Дар Қуръони маҷид омадааст, огоҳ бошед, ки ба ёди Худо ҳама дилҳо ором мешаванд.”

Доктор Кабирӣ низ нақши динро дар ин самт муҳим мешуморад. Вай мегӯяд, ахлоқи исломӣ, ки меҳвари он поку бекина ва растагор будан аст ва ҳам ҳаёти баъд аз марги инсон дар Ислом нукоте ҳастанд, ки ба рафъи пайомадҳои бӯҳрони миёнасолӣ мусоадат мекунанд. Вале мушкил дар он аст, ки аксарият омода нестанд, бемории худро шиносанд ва роҳҳои шифоро омӯзанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, донишманди тоҷик

Зубайдуллоҳи Розиқ, донишманди тоҷик

Дар натиҷа бархе аз афрод дар ғояти беилоҷӣ ва алам худкушӣ мекунанд. Бархи дигар тундрав мешаванд ва аз вайронгарӣ, ҳатто қатлу куштор лаззат мебаранд. Мардҳо дар ин давра бо умеди чанг задан ва ба умри гузарони худ ва боздоштани суръати он ба дунболи занони ҷавон мераванд ва занон аз шавҳар ҷудо шудаву ҳисси мустақилияти комилро зидди бӯҳрон мегузоранд ва ҳатто парвариши наберагонро муҳим намедонанд, зеро мегӯянд, ҳамаи қарзҳои ин зиндагиро пардохтаанд.

Равоншиноси тоҷик Маҳмуди Кабирӣ мегӯяд, бӯҳрони нимароҳи умр ҷанбаи иҷтимоӣ низ дорад. Он ба муносибати байни одамон таъсир мегузорад ва ин таъсир метавонад дар ҳамаи риштаҳо ҳувайдо шавад. Муноқишаҳое, ки дар ин замина ба миён меоянд, метавонанд ба моликият ё мақоми иҷтимоӣ рабт дошта бошанд. Ноқаноатмандӣ аз вазъи молӣ ё иҷтимоӣ ба муҳаррики онҳо табдил меёбад. Ҷаноби Кабирӣ меафзояд: “Инсон дар ин давра бо табиати худ, оташи дили худ, ба пушаймониҳои худ рӯбарӯ мешавад.”

Бино бар навиштаҳои матбуоти Ғарб, бӯҳрони миёнсолӣ бештар дар пайванд бо ҳунарпешаҳо ё адибон зикри ном мешавад, аммо равоншиноси амрикоӣ Ангус Макинтайр дар китоби “Пирӣ ва раҳбарии сиёсӣ” (“Aging and Political Leadership”, соли 1988) менависад, умдатан барои сиёсатмадорон гузаштан аз бӯҳрони нимароҳи умр осонтар даст медиҳад, аммо заъфи онҳо дар баробари ин падида боиси қисме аз рӯйдодҳои муҳими таърихи олам шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бахши асосии мансабдорони давлатии Тоҷикистон афроди синни бӯҳрони миёнсолиянд, аммо пажӯҳише дар бораи таъсири вижагиҳои синнусоли онҳо ба иҷрои вазифаҳои давлатияшон ҷараён нагирифтааст. Чаҳор сол пеш зимни дастури датгоҳи раёсатҷумҳурӣ касони солманде, ки аз давраи бӯҳронӣ гузаштаанд, ба далели пирии онҳо аз вазифа барканор шуданд ва асосан 50-солаҳо дар курсиҳо нишастаанд. Маҷаллаи электронии Евразия.нет дар бораи Озарбойҷон навишта буд, ки раҳбарони оппозисюни ин кишвар бо бӯҳрони миёнсолӣ рӯбарӯянд ва шавқу тавонмандиҳои худро аз даст додаву эҷодгарие ба намоиш намегузоранд. Ин ҷо бояд илова кард, ки чанд сол пеш нашрияҳои Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки ҳеч яке аз сарони ҳизбҳои сиёсии кишвар бо вуҷуди солҳо дар ин мақом будан, омода нестанд, канор раванд ва ба дигарон роҳ боз кунанд. Аксари онҳо низ дар нимароҳи умри худанд.

Равонпизишк Маҳмуди Кабирӣ мегӯяд, ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон ба шиддати бӯҳрони миёнасолии аҳолӣ афзуда буд. Аммо даҳ сол баъд аз поёни ҷанг бо талошҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуруҳҳое аз равоншиносон ба минтақаҳои гуногуни кишвар фиристода шуданд, то ба мардум дар рафъи афсурдагӣ мадад расонанд. Ба фарқ аз он замон, меафзояд ҷаноби Кабирӣ, ҳоло дар Тоҷикистон дармонгоҳҳои равонпизишкӣ зиёданд ва афроди миёнасол бо эҳсоси аввалин нишонаҳои бӯҳрон бояд аз ёрии духтурон баҳравар шаванд ва фишори онро то ба камтарин ҳад коҳиш дода, ба хотири саломатии худ ва осоиши ҷомеа аз амиқрафти ин беморӣ пешгирӣ намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG