Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мишел Платинӣ ба Душанбе омад


Мишел Платинӣ ва Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе. Акс аз сайти fft.tj

Мишел Платинӣ ва Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе. Акс аз сайти fft.tj

Раиси Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо (UEFA), нимаи аввали 10-уми октябр ба Душанбе омад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Ислом Маҳмадшоев, сардори шӯъбаи равобити хориҷии Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Вай гуфт:

“Ҳайати вакилони UEFA-ро бо роҳбарии Мишел Платинӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, истиқбол кард. Ба ҳайат ҳамагӣ 5 нафар - кормандони масъули Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо ва дабири кулли Федератсияи футболи Озарбойҷон Элхан Мамедов шомиланд.

Меҳмонон тӯли сафари дурӯзаи корӣ бо вазъи футбол дар кишвар ошно мешаванд. Инчунин Мишел Платинӣ дар ҷараёни сафари худ имрӯз бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ
Раҳмон ва раҳбарияти Федератсияи футболи кишвар мулоқот хоҳад кард. Рӯзи 11-уми октябр, соати 10 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” нишасти матбуотӣ бо ширкати меҳмонон баргузор мешавад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадшоев собиқ футболбози машҳури мунтахаби Фаронса Мишел Платини ба ҳайси раҳбари футболи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст. Ӯ пас аз сафари Қирғизистон бо ҳавопаймои худ аз Бишкек ба пойтахти Тоҷикистон - Душанбе омад.


Шарҳи мухтасари ҳоли Мишел Платини

Мишел Платинӣ – футболбози фаронсавӣ, нимҳимоятгар. 21-уми июни соли 1955 дар шаҳраки Жёфи Фаронса ба дунё омадаст. Аз соли 2007-ум президенти УЕФА, соли 2011-ум ба муҳлати дувум интихоб шудааст. Қаҳрамони Аврупо (1984), барандаи Ҷоми ҷомдорони Аврупо (1984), барандаи Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо (1985), барандаи Суперҷоми Аврупо (1985), барандаи Ҷоми байниқитъавӣ (1985), барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (1986). Беҳтарин футболбози асри XX аз рӯи назархоҳии нашрияи “France Football”. Мишел Платини се сол паси ҳам бо ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” (1983 - 1985) мукофотонида шудааст.


Дар бошгоҳҳои футболи Фаронса - «Нанси» (1972-1979) 98 гол, «Сент-Этенн» (1979-1982), 58 гол ва «Ювентус» (1982-1987) 68 гол задааст. Платини дар ҳайати дастаи мунтахаби Фаронса (1976-1986) муваффақона бозӣ карда, 41 гол ба самар расондааст. Соли 1984 мунтахаби Фаронса қаҳрамони Аврупо шуд ва Платини 9 гол зад. Худи ҳамон сол ин футболбози машҳури дунё футболро тарк кард ва бо тиҷорат машғул шуд. Соли 1989-ум ӯ сармураббии дастаи мунтахаби миллии Фаронса таъйин гашт.


Вале вазифаи мураббигӣ ба ӯ шӯҳрат наовард. Платини соли 1998 дар баргузории мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Фаронса кӯмак кард. Соли 2002-юм ӯ ба узвияти кумитаҳои иҷроияи ФИФА ва УЕФА интихоб шуд. Моҳи январи соли 2007-ум Мишел Платини президенти УЕФА интихоб гардид. Дар вазифаи нав ӯ ба ислоҳоти сохтори футболи аврупоӣ камар баст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG