Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаэл Шумахер бо марг дастабагиребон боқӣ мемонад (ВИДЕО)


Шумахер ҳангоми лижаронӣ (акс аз соли 2005)
Шумахер ҳангоми лижаронӣ (акс аз соли 2005)

Табибони Фаронса мегӯянд, қаҳрамони собиқи мусобиқоти мошинронии “Формула 1” Михаэл Шумахер дар Гренобл бо марг дастбагиребон боқӣ мемонад.

Михаэл Шумахер субҳи 29 декабр ҳангоми лижаронӣ аз майнаи сараш сахт зарб хӯрдааст.

Анастезиологи аршади бемористони Гренобл Жан-Франсуа Пайен рӯзи 30 декабр ба хабарнигорон гуфт, Михаэл Шумахер дар ҳолати комаи сунъӣ дар вазъи сангин қарор дорад: “Ӯ таҳти табобати шадид қарор дорад. Вазъаш хеле ҷиддӣ мебошад.”

Табибон мегӯянд, ҳанӯз гуфта наметавонанд, ки табобати Михаэл Шумахер чӣ натиҷа хоҳад дод, вале ба бовари онҳо, агар ӯ дар сар шлем намедошт, зинда намемонд. Пайен мегӯяд, ҳаёти қаҳрамони “Формула 1” ҳанӯз таҳти хатар боқӣ мемонад, вале онҳо гуфта наметавонанд, ки “ояндаи Шумахер чӣ хоҳад шуд.”
Михаэл Шумахери 44-сола рӯзи якшанбеи 29 декабр, ҳангоми лижаронӣ дар осоишгоҳи Мерибел дар кӯҳистони Алпи Фаронса дучори садама шуд ва сараш ба санг бархӯрд. Гуфта мешавад, ҳангоми ба пешаш расидани наҷотбахшон, Шумахер ҳанӯз ҳушёр буд, вале баъди интиқолаш ба бемористони Гренобл аз ҳуш рафт ва то ҳол аз ҳолати кома(мадҳушӣ) берун наомадааст.

Қаҳрамони "Формула 1" дар бемористон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:24 0:00


Жан-Марк Гринйе, як мақоми бемористони донишгоҳи Гренобл рӯзи якшанбе ба хабарнигорони дар ин маркази тиббӣ ҷамъшуда гуфт: “Ҷаноби Шумахерро соати 12-40 дар пайи садамаи субҳи дери имрӯз ҳангоми лижаронӣ дар Мерибел ба бемористони Гренобл оварданд. Вақте ӯро оварданд, ӯ дар ҳолати кома қарор дошт ва аз ноҳияи майнаи сараш чандин захм бардошта буд. Ӯ то ҳол дар як вазъи сангин қарор дорад.”

Шумахер бо 91 пирӯзӣ, ки дастоварде дар таърихи мусобиқоти мошинронии “Формула 1” бесобиқа аст, комёбтарин ронанда дар таърихи ин пойгаи мӯътабартарини дунё ба шумор меояд. Ситораҳои варзиши ҷаҳон, аз ҷумла ҳамдастаи собиқи ӯ дар “Формула 1” Фелипе Масса, ширкаткунандаи дигари ин мусобиқот Йенсон Баттон ва теннисбози собиқи немис Борис Беккер тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба Михаэл Шумахер шифои ҳарчӣ зудтар орзу кардаанд. Қаҳрамони “Формула 1” аз Олмон Себастян Веттел гуфтааст, ки ин рӯйдод ӯро сахт таккон дод ва дар ҳоли шок андохт.

Ҳамсари Шумахер Коррина ва ду кӯдаки ӯ ва ҳамин тавр, Жан Тодт, президенти FIA – Федеросиюни байналмилалии варзишҳои мошинронӣ – дар ин лаҳзаҳо дар паҳлуи ӯ дар бемористонанд. Шумахер, ки бо ҷасорати беназираш дар мошинронӣ шӯҳрат дошт, дар соли 2009 дучори садамаи сахте шуда, аз ноҳияи гардан ва тахтапушташ ҷарҳоатҳои сангин бардошта буд.

Шумахер як дафъа дар соли 2006 аз варзиш канор рафт, вале дар соли 2010 баргашт ва се сол дар ҳайъати тими “Mercedes” дар пойгаҳо ширкат кард. Ӯ ду дафъа бо “Benetton” ва 5 бори дигар бо “Ferrari” унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Бори дувум Михаэл Шумахер дар поёни мавсими соли 2012 истеъфо дод. Шумахер бо 91 пирӯзӣ комёбтарин ронанда дар таърихи “Формула 1” эътироф шудааст.
XS
SM
MD
LG