Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гусели бознишастагон ва истиқбол аз ҷавонон дар идораҳои давлатӣ


Дар идораҳои давлатии Тоҷикистон бо дастури дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур маъракаи «хайрухуш» бо бознишастагон шурӯъ шудааст.

Бахтиёр Худоёров, раҳбари Дастгоҳи президенти Тоҷикистон, охири соли гузашта ба ҳамаи ниҳодҳо ва идораҳои давлатии кишвар дастур додааст, ки шартномаҳои худро бо кормандони синни бозиншаста бекор кунанд ва аз натиҷаи он то 5-уми январи соли равон ба дастгоҳи президент гузориш диҳанд.

Мақсад аз ин иқдом ҷалби бештари мутахассисони ҷавон ба корҳои мудирият ва татбиқи барномаи электронии ҳукумати кишвар арзёбӣ мегардад. Ҳоли ҳозир, мардони 63 сола ва занони 58 солае, ки аз 20 то 25 сол собиқаи корӣ доранд бознишаста дониста мешаванд.

Аз Дастгоҳи президенти Тоҷикистон нафаре ҳозир нашуд, ки ин дастурро ба Радиои Озодӣ шарҳ диҳад. Аммо масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон дарёфти чунин як номаро таъйид намуданд. Зиёратшоҳ Нарзуллоев, муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, аллакай ба иҷрои ин супориш оғоз кардаанд: «Ба тамоми муассиаҳои тобеи вазорат дар ин бора мактуб намудем. Мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ низ талаб доранд, ки мо бояд дастуротро дар муҳлати муқараршуда амалӣ карда, натиҷаи корро ба дастгоҳ пешниҳод намоем. Тибқи дастур ҳар марде, ки ба 63 ва зане, ки ба синни 58-солагӣ даромадаасту ҳанӯз ҳам кор мекунанд, қарордодашон қатъ мешавад. Мо бояд тибқи ин супориш амал кунем. Ба ҷойи бознишастаҳо ба кор мутахассисони ҷавоне, ки лаёқати хуби корбарӣ ва роҳбариро доранд ҷалб карда мешаванд. Масалан, дар вилояти Бадахшон теъдоди зиёди мутахассисони ҷавон дар навбат истодаанд, ки ҷое холӣ шаваду онҳо бо кор таъмин гарданд.»

Зиёратшо Нарзуллоев афзуд, маъмулан омӯзгорони ҷавоне, ки 3 сол фаъолияти корӣ доранд, аллакай мутахассис ҳисобида мешаванд ва онҳо ҳақ доранд кори худро дар ҷойи афроди нафақахӯр идома диҳанд. Ин дар ҳолест, ки чунин тасмим норозигии донишмандони нафақхӯр ва коршиносони умури иҷтимоиро ба бор овардааст. Онҳо мегӯянд дар сурати татбиқи ин иқдом беш аз ҳама соҳаи илму маориф ва беҳдошт ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Сумангули 58 сола, ки 39 сол чун дандонпизишк кор кардааст, мегӯяд, тибқи ин супориш акнун бояд кунҷи хонаро ихтиёр кунад. Ӯ бо алам изҳор дошт, ки «ба мо мегӯянд фармон шудаст ва мо нафақахӯрон бояд дигар кор накунем ва то 5 - уми январ аз кор равем. Ин барои ман хело душвор шуд, чун ман қобилияти корӣ дорам ва мехоҳам ба корам идома диҳам. Аз сӯи дигар шароити иқтисодиям бад аст ва намедонам бо 180 сомонӣ нафақапулӣ зиндагии худро чӣ гуна пеш мебарам. Ба ҷойи мо ҷавононеро ба кор мегиранд, ки таҷриби корӣ надоранд. Ман намефаҳмам барои чӣ чунин супориш шудааст? Мо худ дастнигарем ва якбора аҳволамон бад мешавад.»

Дар ин радиф Мавлуда Аҳмадова, яке аз дигар бознишастагони тоҷик, мегӯяд, чандин ҳамсолони ӯро, ки дар соҳаҳои мухталиф фаъолият доштанд, дар ин шабу рӯзҳо аз кор ҷавоб додаанд. Ин ҳам дар ҳоле,ки дар кишварҳои дигар, баръакс, ин гуна афродро пуштибонӣ мекунанд, то онҳо роҳнамои ҷавонон бошанд: "Инҳоеро, ки аз кор меронанд хазинаи бузуруги илму дониш ҳастанд. Онҳо худро дигар нодаркор ҳис карда чӣ кор карданашонро намедонанд. Ба ҷояшон ҷавононеро овардаанд, ки ба чизҳои оддӣ сарфаҳм намераванд. Ҳоло дер нашудааст ва бояд ин тасмимро иваз кунанд. Ба афроди бознишаста имкон диҳанд, масъалаи кор кардан ё накарданро худашон интихоб кунанд.»

Саодат Камолова, роҳбари Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ, бар ин аст, ки танҳо ба хотири синнаи нафақа аз кор рондан нодуруст аст, зеро маҳз дар ҳамин вақт нафъи кормандон метавонад ба давлат бештар бошад: «Ба хусус дар соҳаи илму маориф ва беҳдошт амалӣ кардани чунин иқдом ба зиёни кор аст. Чун одам синнаш аз 50 ва 60 гузашт, аллакай таҷрибаи бой дорад ва омодааст, ҳатто бо маоши кам донишу малакаи худро барои пешрафти давлат сарф кунад. Бояд баръакс чунин шароит фароҳам оранд, ки ҷавонон дар паҳлӯи онҳо кор намуда, таҷриба омӯзанд. Набояд онҳоро ба якборагӣ аз кор гирифт. Тасаввур кунед, вақте онҳо чун ҳаррӯза ба кор меоянду ба онҳо мегӯянд, "муаллим ба шумо ҷавоб!", ин як зарбаи сахте ба сиҳатии онҳо хоҳад шуд."

Тибқи иттилои Раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорати меҳнат шумораи бознишастагон ҳудуди 600 ҳазор нафар мебошад, ки аз ин шумор ҳудуди 7 дар сади онҳо дар идораҳои давлатӣ кору фаъолият доранд.



Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов
Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, аз нуқтаи назари усулӣ моҳияти ин дастур бо Сарқонун ва Кодекси меҳнати кишвар мухолифат мекунад: «Тибқи Сарқонун ва Кодескси меҳнати Тоҷикистон баъд аз таъин шудани нафақа, бо ташабусси нафақахӯр ва ё худ шахси корфармо бо бастани шартнома ҳар шаҳрванди кишвар метавонад кору фаъоляити худро идома диҳад. Дигар аз ин, ки музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, олимон ва коргарон дар кишвар ба ҳама маълум, кам аст. Ҷавонон на ҳама вақт барои кор бо чунин шароит розӣ мешаванд.Аз ин хотир ин низ як муаммо аст. »

Ба андешаи Шокирҷон Ҳакимов, ин нахустин бор нест, ки тариқи чунин дастурҳо, ҳукумати кишвар аз шахсиятҳои алоҳидаи шоиста дар сохторҳои мухталиф «халос » мешавад, аммо дар ҷои онҳо афроди ҷавон ва кордон ба назар намерасанд.
XS
SM
MD
LG