Пайвандҳои дастрасӣ

Метро дар Душанбе: Имконпазир аст?


Оё шумо тасаввур мекунед, ки барои расидан аз як гӯшаи шаҳри Душанбе ба гӯшаи дигар мешавад аз метро ва ё барои сафар аз як канори Тоҷикистон ба канори дигари кишвар на аз роҳи ағба, балки аз роҳи нақб истифода кард?

Дар мавриди ин ва дигар иншоотҳои зеризаминӣ Аминҷон Маҳмадов ва Эҷод Шафиев - донишҷӯёни бахши саввуми факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, қасд доранд, китоби дарсиро нашр кунанд. Ин ду донишҷӯ мегӯянд, китоберо, ки мехоҳанд аз чоп бароранд, барои донишҷӯёне, ки аз рӯи тахассуси сохтмони зеризаминӣ таҳсил мекунанд, нигаронида шудааст. Ба гуфтаи мусоҳибонам, ҳадафи таҳияи китоб фароҳам овардани имкони дастрасӣ ба маълумот дар самти сохтмони иншооти зеризаминӣ аст.

Аминҷон Маҳмадов ва Эҷод Шафиев мегӯянд, барои гирд овардани маводи зарурӣ барои китоби оянда, беш аз ним сол заҳмат кашидаанд ва аксари маълумотро онҳо тариқи интернет дастрас кардаанд. Ба гуфтаи Аминҷон, чун омӯзиши ин ихтисос дар Тоҷикистон нав ба роҳ монда шудааст, аксари ҷавонон дар мавриди зарурат ва моҳияти сохтмони иншооти зеризаминӣ ба хубӣ огаҳ нестанд. Ин аст, ки дар ин росто мутахассисони ҷавон ангуштшуморанд ва Тоҷикистон маҷбур мешавад барои сохтани нақб мутахассисонро аз хориҷи кишвар ҷалб кунад. Аз сӯи дигар, меафзояд Аминҷон, набуди китобҳои дарсӣ ва камбуди имконият барои гузаронидани корҳои таҷрибавӣ дар роҳҳои зеризаминиву нақбҳо, наметавонад барои хуб аз худ кардани ин ихтисос мусоидат кунад.

Мӯътабар Сулаймонова, мудири шӯъбаи иншооти зеризаминии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ташаббуси Аминҷон ва Эҷодро барои таҳияи китоб дастгирӣ мекунад ва мегӯяд, воқеан ҳам донишгоҳ барои таълифи чунин китоб ниёз дорад, вале камбуди маблағ барои нашри он мушкил эҷод мекунад.

Зиёд шудани мошину танг будани роҳҳои мошингузар боиси банд гардидани худравҳо дар ҷодаҳо ва сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе мегардад. Аз ин лиҳоз, ин ду донишҷӯ мехоҳанд дар китобашон тарзи сохтани метроро дар пойтахт низ пешниҳод кунанд.

Мӯътабар Сӯлаймонова, мудири шӯъбаи иншооти зеризаминии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ сохтмони метроро дар Тоҷикистон имконпазир медонад.

«Ин масъала актуалист. Дар Тошканд, Алмаато, Остона ва дигар шаҳрҳо метро сохта шудааст, вале барои чӣ дар Тоҷикистон нест? Дар ҳоле, ки шароити хокии мо якранг аст. Пас, барои чӣ мо метро насозем?»

Аминҷон Маҳмадов ва Эҷод Шафиев мегӯянд, онҳо нахуст китоби худро ду ва ё се нусха барои донишгоҳ чоп мекунанд ва дар сурати пайдо кардани маблағгузор бо теъдоди бештар мунташир хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG