Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири кулли СПАД дар шаҳри Душанбе гуфт, кишварҳои узви ин иттиҳод ба ҳеҷ гуна ноамнӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон роҳ нахоҳанд дод.

Дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД Николай Бордюжа рӯзи 20-уми феврал пас аз дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, таҳкими ин марз ва амнияти минтақа дар пасманзари хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон дар соли ҷорӣ мавзуи меҳварии сафари ӯ ба Тоҷикистон будааст: «Ман қабл аз ҳама президентро дар мавриди корҳое, ки барои кӯмак ба марзбонони тоҷик дар амри таҳкими марз бо Афғонистон анҷом медиҳем, дар ҷараён гузоштам. Ин қарор дар шаҳри Сочӣ ба имзо расида буд, ки ироаи кумаки фаврии низомиву фаннӣ ва ҳам барномаи муштараки байниҳукуматии таҳкими марз бо Афғонистонро пешбинӣ мекунад. Феълан мо дар иҷро ва коркарди ин барнома фаъолият мебарем. Он кишварҳое, ки ин қарорро имзо кардаанд, муввазаф шудаанд,барои ташкили зербинои ҳифозат аз қабили бунёди посгоҳҳову бунгоҳҳои марзӣ кӯмак расонанд. Зеро мо медонем, ки Тоҷикистон дар ин самт ниёз ба дастгирӣ дорад.»

Ба гуфтаи ҷаноби Бордюжа, таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон маблағи зиёд талаб мекунад ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки Беларус ёрии моддӣ расонад ва Арманистон мошинҳои муосири кӯҳгардро дар ихтиёри марзбонони тоҷик гузорад. Ҳамзамон Русияву Қазоқистон барои омода кардани афсарон ба Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард.


Ба таъкиди дабири кулли СПАД, тақвияти марзи Афғонистон натанҳо барои Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва узви ин паймон низ хеле муҳим аст, зеро бо хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон интизор меравад, вазъи сиёсии ин кишвар ноором шавад.

Ҷаноби Бордюжа афзуд, «албатта, дар ин авохир задухӯрдҳои низомӣ дар марз афзоиш ёфта, кӯшиши убури марз аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ ба дохили Тоҷикистон бештар шудааст, ки ин ба вазъ бетаъсир нест. Ва мо тахминан бо ҳамингуна таҳдидҳо рӯ ба рӯ хоҳем шуд.Тибқи таҳлилҳои СПАД, вазъ дар ин кишвар ба сӯи бад тағйир мекунад ва ба хотири он ки мо ба ин омода бошем, аз имрӯз тадобири мушаххас андешида мешавад.»

Нуралишоҳ Назаров

Нуралишоҳ Назаров

Ин дар ҳолест, мақомот ва матбуоти Русия мегӯянд, Тоҷикистон ба танҳоӣ аз ин марз дифоъ карда наметавонад ва мақомоти Душанбе, баръакс таъкид мекунанд, ки аз ӯҳдаи таъмини амнияти марзи худ мебароянд. Аммо дар ин байн Душанбе рад накардааст, ки ба кумак ҳам ниёз дорад. Зарурии ин ёриро Нуралишоҳ Назаров, собиқ муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва яке аз тарафдорони гарми хуруҷи марӯзбонҳои рус дар авоили солҳои 2000, низ тасдиқ мекунад: «Посгоҳҳову бунгоҳҳое, ки дар хатти марз ҳаст, барои аз лиҳози фаннӣ муҷаҳҳаз шудан ба дастгирӣ ниёз доранд. Барои марзбонони тоҷик лавозимоти ҳарбӣ зарур аст

Т



Талошҳои Русия ба афзоиши нуфузаш дар ин минтақа то ҳол мухолифатеро ба миён наовардаст. Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд: «Нуктаи муҳим ин аст, ки ҳам Амрика,ҳам НАТО ва ҳам Чин дигар қудратҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ барои Русия ба навъе ин ҳақро медиҳанд, ки ин минтақа аз аввлавиятҳои сиёсати хориҷии Русия ба шумор меравад ва ҳамчунин дар заминаҳои амниятӣ ва низомӣ ҳаққи Русияро тамоми бозигарони муҳими минтақаӣ ба расмият мешиносанд.»

Дар ҳамин ҳол, яке дигар аз мавзӯъҳои матраҳ дар дидори Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муноқишаи ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон будааст. Ҷаноби Бордюжа гуфт, ҳар ду кишвар ба ҳалли осоиштаи қазия содиқанд ва кор дар ин самт пеш меравад.

Зимнан ин дувумин боздиди Николай Бордюжа аз Тоҷикистон дар як моҳи охир аст. Дар поёни моҳи январ расонаҳо дар бораи боздиди ӯ аз Душанбе ва мулоқоташ бо мақомоти тоҷик хабар доданд, вале дар сатҳи расмӣ ин хабарро касе тасдиқ ё рад накард. Он вақт, 29 январ, ҷаноби Бордюжа аз Душанбе ба Бишкек рафт ва бо Алмосбек Отамбоев- раисиҷумҳури Қирғизистон низ мулоқот кард. Гуфта мешуд, Бордюжа сарони ду кишварро ба ҳалли осоиштаи муноқиша миёни ду кишвари узви як созмони амниятӣ водор намуд.

Он сафар ба Душанбеву Бишкек дар пасманзари таниши шадид байни Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт ва дар матбуот ҳадс мезаданд ки дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ шояд ба хотири миёнаравӣ дар ҳалли ихтилофоти байни ин ду шарики Маскав дастбакор шудааст.

Паймони амнияти дастаҷамӣ эътилофи амниятии кишварҳои пасошӯравист, ки соли 1992 ҳамчун "Паймони Тошканд" рӯи кор омада, дар ҳоли ҳозир 6 кишвари пасошӯравӣ - Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистонро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад.

Худи Бордюжа баъд аз мулоқоташ бо Отамбоев дар моҳи январ тасдиқ карда буд, ки ин созмон дар ҳалли таниши Душанбеву Бишкек нақше бозӣ мекунад.
Бордюжа аз ҷумла гуфта буд, “мо ҳамеша бо раҳбарони кишварҳо дар тамос будем ва имкони ҷилавгирӣ аз муноқишаро баррасӣ мекардем. Вақтҳои охир барои ҳалли масъала ҳафт ё ҳашт бор раҳбарони аввали Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам мулоқот кардаанд.”

Ба гуфтаи Николай Бордюжа, то имрӯз чанд масъала бидуни ҳал боқӣ мондааст, аз ҷумла “баста будани посгоҳҳои марзӣ аз тарафи Қирғизистон ва ҳузури нируҳои низомии ҳар ду ҷониб дар марз. Барои ҳалли ин масъала Шӯроҳои амнияти ҳар ду кишвар ҷалб шудаанд.”

Марзи Исфараву Бодканд

Марзи Исфараву Бодканд

Равобити Тоҷикистону Қирғизистон баъди тирпарронии рӯзи 11 январ дар марзи ноҳияҳои марзии Исфараву Бодканд ба сардӣ гароид. Қирғизистон баъди ин низоъ, ки 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт, марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва сафирашро аз Душанбе боз хонд. Чанд даври музокирот, ки дар 40 рӯзи гузашта аз он тирпарронӣ анҷом шуд, то ҳол ба ҳалли комили таниш ва одӣ сохтани вазъ дар марзи 976-километрии Тоҷикистону Қирғизистон муваффақ нашудаанд.

Рӯзномаи мулоқоти рӯзи 20 феврал ҳанӯз нашр нашудааст, вале зоҳиран роҳҳои ҳалли таниши марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон яке аз мавзӯъҳои асосии дидори навбатии дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, дар канори ин масоил, мавзӯи баррасии вазъи амниятӣ дар минтақа, ба хусус Афғонистон ба дунболи хуруҷи нерӯҳои НАТО дар соли ҷорӣ аз ин кишвар ва кумаки Паймони амнияти дастаҷамъӣ барои ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз дигар мавзӯҳои меҳварии дидору гуфтугӯи Николай Бордюжа бо Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG