Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел аз роҳи дур барои дидани Қирғизистон омадааст. ВИДЕО


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, шаби 13 ба 14 июл бо сафари расмӣ вориди Қирғизистон шуд ва ин сафари нахустини раҳбари сиёсии Олмон ба як кишвари Осиёи Марказист. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ин сафари Меркел бо даъвати раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев сурат гирифта, раҳбарони ду кишвар масоили сиёсиву иқтисодӣ ва чолишҳои минтақавиро ба баррасӣ хоҳанд гирифт.

Интизор меравад, Меркел бо раҳбари Жокоргу Кенеш ва рӯҳониёну намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон ҳам гуфтугӯ кунад. Ҳарчанд имзои кадом созишнома ё қарордод дар назар нест, аммо мақомҳои қирғиз умед доранд, ки сафари Ангела Меркел ба беҳбуди равобити ин кишвари Осиёи Марказӣ бо яке аз кишварҳои муҳими ҷаҳони Ғарб сабаб хоҳад шуд.

Ангела Меркел аз роҳи дур ба Осиёи Марказӣ танҳо барои дидани Қирғизистон омадааст ва барномаи сафараш дигар ҷумҳуриҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро дар назар намегирад. Ин дар ҳолест, ки маъмулан ҳангоми сафар ба минтақа лидерони сиёсии Ғарб талош мекунанд, ки якбора аз чанд кишвари ба қавлашон ҳамкор дар Осиёи Марказӣ дидан кунанд.

Сафари охирин ва баландтарин мақоми олмонӣ ба баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ анҷом шуда буд. Франк Валтер Штейнмайер, ба таъкиди мақомоти расмии Тоҷикистон, он замон дар чаҳорчӯби ду рисолати феълӣ – вазири корҳои хориҷии Олмон ва намояндаи кишвари раҳбари давраии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз Тоҷикистон дидан кард. Дар пайи дидору гуфтугӯҳо бо президент Эмомалӣ Раҳмон Штейнмайер гуфт, дар маркази таваҷҷӯҳ чолишҳои амниятии Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон қарор дорад.

Айни замон, бо ишора ба вазъи сиёсии Тоҷикистон, Штейнмайер мақомоти тоҷикро он вақт ба ба муколама бо нирӯҳои сиёсии дигарандеш дар кишвар даъват карда буд. Ин замоне буд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон қазияи 14 узви ҳизби наҳзати исломиро баррасӣ мекард ва интиқод аз нақзи ҳуқуқи онҳо дар боздоштгоҳ, ношаффоф будани худи парванда ва иттиҳомот дар сатҳи созмонҳои мудофеи озодии баён ва ҳам матуботи мустақил матраҳ буд.

Тоҷикистон Олмонро як шарики муҳими ин кишвар дар қораи Аврупо мешиносад ва мақомҳои кишвар мегӯянд, ки Берлин танҳо дар 14 соли охир ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 250 миллион евро кумакҳои билоиваз расондааст. Моҳи феврал Олмон бо имзои боз як созишнома ба Тоҷикистон ваъдаи 54 миллион евро ёриҳои фаннии дигар кард.

Як таҳлилгари ғарбӣ мегӯяд, Ангела Меркел бо ин сафараш ба Қирғизистон барои дигар гӯшаҳои минтақа паём хоҳад дод, ки аз ин ҳукуматҳо тағйироти демократиро интизор аст. ​Лилит Геворгян, таҳлилгари масоили Шӯравии собиқ дар пажӯҳишгоҳи Ihs.com дар Лондон, қаблан дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд," Қирғизистон, ҳарчанд танҳо кишваре дар Осиёи Марказӣ аст, ки ду инқилоби сиёсиро пушти сар кардааст, вале дар ин кишвар ҳам як андоза ақибравӣ аз меъёрҳои демократӣ эҳсос мешавад. Сафари Меркел ба Қирғизистон як даъвате мешавад барои он ки аз рисолатҳои демократиаш дар солҳои 2005 ва 2010 ақибнишинӣ накунад ва барои бунёди сохторҳои демократӣ иқдом намояд."

Геворгян мутмаин аст, ки аз лиҳози сиёсати хориҷӣ Меркел мехоҳад нишон диҳад, ки на танҳо захираҳои газу нафт дар маркази манфиатҳои стратегии Олмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад, балки ин кишвар ба сиёсатҳои дохиливу хориҷӣ ҳам таваҷҷӯҳ нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG