Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз даргузашти Мерилин Монро 50 сол сипарӣ шуд


аксе аз филми "Gentlemen Prefer Blondes"

аксе аз филми "Gentlemen Prefer Blondes"

Ӯро то ҳанӯз аз маъруфтарин рамзҳои ИМА мешиносанд.

Аз даргузашти Мерилин Монро, ситораи синамои Ҳолливуд 50 сол гузаштааст, вале то ҳол исми ӯ дар миёни маъруфтарин шахсиятҳои таърихии ИМА ва аз рамзҳои аслии ин кишвар зикр мешавад. Таърихи марги ӯ - 5 августи соли 1962 ва сабаби даргузашташ - заҳролудшавӣ бар асари истеъмоли аз меъёр зиёди барбитурит - маҷмӯи доруҳои таскинбахш гуфта мешавад. Чанд аксе, ки дар солҳои мухталиф бардошта шудаанд, аз ҳаёти рангини ӯ дарак медиҳанд.

XS
SM
MD
LG