Пайвандҳои дастрасӣ

Гирдиҳамоӣ дар солгарди марги Умаралии 5-моҳа. 2 ВИДЕО


Гирдиҳамоӣ дар Санкт-Петербург. Рӯзи 13 октябри соли 2016.

Гирдиҳамоӣ дар Санкт-Петербург. Рӯзи 13 октябри соли 2016.

Дар шаҳри Санкт Петербург шоми 13-уми октябр даҳҳо нафар дар як гирдиҳамоӣ талаб карданд, ки гунаҳкорони марги Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷик ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Умаралӣ Назаровро моҳи октябри соли 2015 маъмурони милиса аз модараш гирифтанд ва як рӯз баъд ҷисми беҷонашро баргардонданд.

Гирдиҳамоӣ шоми панҷшанбе дар майдони Марсово баргузор шуд ва дар он ҳудуди 30 нафар ҳузур доштанд ва таҳқиқи одилонаи марги Умаралӣ Назаров, тифли тоҷикро талаб карданд, ки суолҳои беҷавоб дар бораи марги ӯ зиёд аст. Дар шиорҳои гирдиҳамомадагон гуфта шудааст, ки муфаттишон агар номи қотилонро нагӯянд, худашон шарики ҷиноят мешаванд.

Теъдоди гирдиҳамомадагон тақрибан 30 нафар буд ва онҳо дар бораи беэътиноӣ ба таҳқиқи парвандаи марги тифли тоҷик гуфтанд: “Гӯё ҳеҷ қонунеро поймол накардаанд, ҳама чиз хуб аст, фақат тифл нест. Бале худашон ҳеҷ мушкил надоранд, худро хуб ҳис мекунанд. “

Яке аз муҳоҷирони ангуштшумори тоҷик, ки ба гирдиҳамоӣ омада буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба сарнавишти Умаралӣ бетавофут набуд, барои ҳамин зарур донист, ки дар гирдиҳамоӣ ширкат кунад. Валияхон Маҳмудова афзуд, “аввал ин, ки ӯ тоҷик буд ва ман ҳам тоҷик ҳастам ва барои ман ҳузур дар инҷо бисёр муҳим аст. Барои ҳамин ба инҷо омадам."

Тифли панҷмоҳаи тоҷикро маъмурони милисаи Русия ҳамин гуна аз модараш ҷудо карданд ва як рӯз баъд ҷасадашро баргардонданд. Лена Осипова, сокини шаҳри Санкт-Петербург фоҷиаи бузурги модари тоҷикро дар як наққошӣ тасвир намуда ва ба гирдиҳамоӣ оварда буд. Ӯ мегӯяд, қобили тасаввур нест, ки дар замони осоишта дар Русия тифлеро аз модар ба зӯр бигиранд ва тани беҷонашро баргардонанд.

Модари Умаралӣ Назаровро як соли пеш, рӯзи 14-уми октябри соли 2015 маъмурони милисаи шаҳри Санкт-Петербург бо иттиҳоми нақзи муқаррароти иқомат дастгир карданд ва фарзанди панҷмоҳаашро аз ӯ гирифтанд. Баъди чанд соати нигаҳбонӣ дар шӯъбаи милиса ӯро ба шифохона бурданд ва рӯзи дигар ҷасадашро баргардонанд.

Баъдан мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, ки Умаралӣ Назаров, бар асари бемории сироятӣ фавтидааст ва мақомоти интизомӣ дар марги ӯ гуноҳе надоранд. Гузашта аз ин Зарина Юнусоваро, ки Умаралӣ аввалин ва ягона фарзандаш буд аз Русия ихроҷ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG