Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази ҳуқуқи башари “Мемориал” Алексей Навалний ва Петр Офитсеровро ба феҳристи маҳбусони сиёсии Русия шомил кард.

Раиси ин марказ Олег Орлов рӯзи 18 июл ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “дар робита ба Навалний ҳама чиз возеҳ аст ва ин ҷо ду ҳолат ба чашм мерасад. Якум, иродаи сиёсӣ ва баҳонаи сиёсии ҳукумат барои таъқиби Алексей Навалний. Як далелаш, бигирем,ин аст, ки баррасии парвандаи ҷиноӣ оид ба “Кировлес”, парвандаи қаблан бар асари бедалелӣ қатъшуда, баробари шурӯъи парвандаи майдони Болотная аз сар гирифта шуд. Ин бори дигар баёнгари ангезаи сиёсӣ доштани ҳукумат аст. Дуюм - иттиҳоми комилан бемаъниву бемантиқ, ки дар ҷараёни мурофиа, дар пеши чашми ҳама, ноком шуд. Ҳар касе, ки бо асноди парвандаи ҷиноии аз сӯи Навалний дар интернет ҷойдида ошно мешавад, мебинад, ки ягон далели ҷиддии муттаҳам кардани ӯ дар яғмои моликият мавҷуд нест. Воқеъан, аксари шоҳидон, аз ҷумла, раҳбарони ин ё он корхонаи соҳаи коркарди чӯби вилояти Киров, дар мурофиа гуфтанд, ки ба онҳо ва корхонаҳояшон аз сӯи Навалний ягон хел хисороти молиявӣ ворид нашудааст. “

Рӯзи панҷшанбе, 18 июл, додгоҳи шаҳри Киров Навалнийро ба панҷ сол ва тоҷир Петр Офитсеровро ба чаҳор соли маҳбас маҳкум кард.Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Навалний соли 2009, замони мушовири волии вилояти Киров Никита Белих буданаш, дар ҳамдастӣ бо раиси ширкати "Бешазорони Вятка" Петр Офитсеров ва раиси корхонаи давлатии "Кировлес" Вячеслав Опалев дуздии чӯбро ба роҳ монда буд ва аз амали онҳо ба давлат 16 миллион рубл зарар ворид шудааст.

Орлов гуфт, ки “Мемориал” Офитсеровро ҳам ба феҳристи маҳбусони сиёсӣ шомил кард, чунки “ҳарчанд ҳукумат барои ба маҳбас шинондани ӯ ягон қасди сиёсӣ надошт, аммо чун Петр Офитсеров ба ин гирдбод печид, ӯро ҳам бо аҳдофи сиёсӣ зиндонӣ карданд. Аз ин рӯ имрӯз ду нафар маҳбуси сиёсиянд – Алексей Навалний и Петр Офитсеров.

Олег Орлов афзуд, айни ҳол ба феҳристи маҳбусони сиёсии Русия ба шумули афроде, ки дар робита ба парвандаи “Болотная” маҳкум ба зиндон шудааст, тақрибан 30 нафар шомиланд.

Рӯзи панҷшанбе Сергей Кобелев, яке аз вакилони дифои Русия Алексей Навалний эълом дошт, ки онҳо тайи даҳ рӯзи оянда аз болои ҳукми додгоҳи маҳаллӣ ба додгоҳи болотар шикоят мебаранд.


Эътирози тарафдорони Навалний дар Киров

Эътирози тарафдорони Навалний дар Киров

Ҳукми додгоҳии яке аз мухолифини сарсахти Кремл боиси сару садо ва эътирозу вокунишҳои шадидуллаҳн гардид. Дафтари матбуоти раиси идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон аз ҳукм шадидан интиқод кард, зеро “иттиҳоми алайҳи мухолифи ҳукумат эълоншуда дар бораи яғмои моликият пурра собит нашудааст. Брюсел таъкид кардаст, ки “ин ҳукм вазъи волоияти қонун дар Русияро зери суоли ҷиддӣ мебарад.”

Майкл Макфол, сафири ИМА дар Русия, дар "Твиттер" навишт, ки Вошингтон аз ҳукм ва ангезаи сиёсии мурофиа сахт ноумед шудааст. Собиқ вазири молияи Русия Алексей Кудрин изҳор намуд, ки мақомот мехоҳанд Навалнийро аз фаъолияти ҷамъиятӣ ва интихобот дур кунанд. Михаил Ходорковский, раҳбари зиндонии ширкати “ЮКОС” изҳор намуд, ки ҳукми Навалний пешгӯишаванда буд. Ба гуфтаи ӯ, “дар Русия маҳкум ба зиндон кардани мухолифони сиёсӣ ба як амри маъмулӣ табдил шудааст.”

Шоми панҷшанбе ҷонибдорони блогнавис ва мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний дар майдони Манежи Маскав ҳамоиши пуштибонӣ аз ӯро доир мекунанд. Дар ин бора шабакаҳои иҷтимоии интернет хабар доданд. Айни ҳол дар Маскав ба бархе шаҳрҳои Русия пикетҳои ҷудогона алайҳи ҳукми додгоҳ дар баробари Навалний баргузор мешаванд.

Додрас Сергей Блинов, раиси мурофиаи Навалний дар додгоҳи Киров рӯзи 18 июл гуфт, ки Навалний барои исботи иддаояш оиди ангезаи сиёсӣ доштани парванда ягон далел пешниҳод накардааст. Айбдоркунандаи давлатӣ хостори барои шаш сол равонаи зиндон кардани Алексей Навалний шуда буд.

Мақомоти Русия ҷаноби Навалнийро барои дуздидани моликияти корхонаи «Кировлес» муҷрим эълон карданд ва барои панҷ сол ба зиндон фиристоданд.
Қаблан додситонӣ талаб кард, ки ӯ ба шаш соли ҳабс маҳкум шавад.

Тафтишот мегӯяд, Навалний дар соли 2009, вақте мушовири губернатори вилояти Киров Никита Белих буд, дар ҳамдастӣ бо мудири ширкати "Бешазорони Вятка" Петр Офитсеров ва раиси корхонаи давлатии "Кировлес" Вячеслав Опалев дуздии чӯбро ба роҳ монда буд. Бино бар арзишёбии муфаттишон зарари ин фаъолиятҳо 16 миллион рублро ташкил додааст. Аммо ҷонибдорони Алексей Навалний мегӯянд, ки айбномаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.



Ҷаноби Навалний яке аз мунтақидони сарсахти режими Путин буда ва ҳамагӣ як рӯз пеш аз мурофиаи додгоҳӣ, яъне панҷшанбеи 17-уми июл худро номзади мақоми шаҳрдории Маскав кард. Кумиссюни интихоботии шаҳри Маскав номзадии намояндаи саршиноси гуруҳҳои мухолиф Алексей Навалнийро барои ширкат дар интихоботи шаҳрдори Маскав ба қайд гирифт.

Намояндаи Кумиссюни интихоботии шаҳри Маскав гуфт, агар додгоҳ Навалнийро, ки номзадияш аз тарафи ҳизби "РПР-Парнас" пешбарӣ шудааст, маҳкум кунад ва ҳалномаи додгоҳ то рӯзи раъйдиҳӣ эътибор пайдо кунад, Навалний ба интихобот роҳ дода нахоҳад шуд.

Дар ин силсила рӯйдодҳои асосии корномаи Алексей Навалний гирдоварӣ шудаанд:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG