Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ. Ғаффорзода: "Занҳое рӯи коранд, ки фармонбардори мардҳоянд"


Иттиҳоди байнипорлумонӣ ва Бунёди Занон дар Созмони Милали Муттаҳид бо нашри як гузориш рӯзи чаҳоршанбеи 12-уми март гуфтаанд, ки соли гузашта дар кишварҳои ҷаҳон теъдоди занон дар порлумонҳо афзудааст.

Тибқи ин гузориш Тоҷикистон бо ҳузури занон дар вазоратхонаҳо дар ҷои 69-ум ва бо теъдоди занон дар порлумон дар мавқеи 89-ум қарор дорад. Аммо дар гузориш зикр шудааст, ки нақши занон дар 18 вазорати Тоҷикистон ҳамагӣ 11,1 дарсад ва дар порлумон 15,9 дарсадро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон аз пешрафти нисбӣ дар ҷалби занон ба умури давлатӣ сӯҳбат мекунанд, баъзе аз соҳибназарон бар инанд, ки то ҳоло шумора ба беҳтар шудани сифат мусоидат накардааст.

Ҳуриниссо Ғаффорзода, раиси созмони ҷамъиятии "Оштии миллӣ» ба омори афзудани шумори занон дар вазоратхона ва дигар идораҳои давлатии Тоҷикистон изҳори ризоят мекунад ва бар ин назар аст, ки воқеан, аз рӯи шумор теъдоди занҳо дар муассисаҳои давлатӣ афзудааст ва дар ин самт қонун дар қиёс бо бархе кишварҳои ҳамсоя аз занҳо ҳимоят мекунад. Аммо хонум Ғаффорзодаро нақши ин занон дар сиёсат қонеъ намекунад ва мегӯяд, маҳсули кори онҳо чашмрас нест. Хонум Ғаффорзода иллати инро дар интихоби нодурусти занон дар умури идорӣ мебинад ва меафзояд: «Занҳоеро интихоб мекунанд, ки фармонбардори мардҳо ҳастанд, аммо занҳоеро, ки ҷасорат доранд, устуворӣ дорад, дониш ва ҷаҳонбинӣ дорад ва соҳиби сухани худ ҳастанд, ба вазифаҳои раҳбарӣ роҳ намедиҳанд». Ба назари ӯ, занҳое, ки ба вазифаҳо таъин мешаванд, нақши муассире надоранд ва танҳо барои намоишкорӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазифа таъин шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки сол то сол нақши занон дар сиёсат беҳтар мешавад ва ҳукумат барои тақвияти мақоми бонувон дар ҷомеа фармону барномаҳои давлатии зиёдеро роҳандозӣ мекунад. Аммо соҳибназарон мегӯянд, ба тасвиб расидани қарору фармонҳои зиёде ба ҳузури воқеии занон дар сиёсат таъсири кам доранд.

«Арҷгузории дурӯғ чӣ лозим аст. Занҳои мо ҳукмбарор нестанд ва онҳоро бештар дар чорабиниҳо истифода мебаранд. Занҳоеро, ки дар порлумон ҳастанд, садояшонро намешунавем ва баъзеашонро ҳатто намешиносем ва намедонем онҳо чи кори бузургеро анҷом медиҳанд, зеро шахсият нестанд», - мегӯяд Ҳуриниссо Ғаффорзода.

Аммо намояндагони мардумӣ чунин иддаоҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, бонувони вакил на камтар аз мардон дар пешниҳоду қабули қонунҳо саҳм доранд. Соадат Амиршоева, намояндаи мардумӣ дар порлумон бо зикри намунаҳои мушаххас ба фаъолияти занҳо дар порлумон баҳои мусбат медиҳад ва ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар порлумон 7 намояндаи мардумӣ аз ҷумлаи занон фаъолият доранд ва то имрӯз беш аз сад лоиҳаи қонун пешниҳод кардаанд.

Хонум Амиршоева гуфт, бархе аз ин занҳо узви созмонҳои ҷаҳонӣ ҳастанд ва назарашонро дар ҷаласаҳои байналмилалӣ баён мекунанд. Аммо хонум Амиршоева ҳам мегӯяд, бояд занҳое ба порлумон роҳ ёбанд, ки воқеан арзандаю кордон ва аз қонунҳо огоҳ бошанд, зеро «қабули қонун кори шӯхиву кори осон ва порлумон ҷои худнамоишдиҳӣ нест». Вай гуфт: «Ман орзу мекунам, ки теъдоди занҳо дар порлумон бештар бошад, агар 50 дар сад набошад ҳам, бигзор 40 дар сад бошад. Соли оянда интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Майдон аз далер аст. Марҳамат, занҳо ширкат кунанд».

Хонум Амиршоева мегӯяд, ба камрангии ҳузури занон дар сиёсат ҳукумат гунаҳгор нест, зеро тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст ва баробарҳуқуқии зану мард дар тамоми риштаҳо таъмин мешавад. Аммо ин кори худи занҳост, ки то чӣ андоза метавонанд раъйи интихобкунандаҳоро ба даст оранд, зеро мардум сарфи назар аз зан ё мард будани номзад ба нафари сазовор овоз медиҳанд. Ба таъкиди хонум Амиршоева, ҳукумат ба таъини занон ба вазифаҳои раҳбарӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад ва фармонҳои ахири раисҷумҳур гувоҳи онанд, ки масоили кадрӣ аз ҳисоби занон ҳал ҳам мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ҳоло баъди фосилаи чанд сол дар Тоҷикистон як зан ба ҳайси вазир таъин шуд. Ин Сумангул Тағоева аст, ки вазири меҳнат ва шуғли иҷтимоӣ таъин шуд. Соли гузашта аз ҳисоби занони вакили порлумон Марҳабо Ҷабборова ба вазифаи муовини сарвазир ва Махфират Хидирова ба вазифаи раиси кумитаи кор бо занон ва оила таъин шуданд ва ду зан ба ҳайси раиси идораҳои назди ҳукумат фаъолият мекунанд.

Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов, корманди кумитаи кор бо занон ва оила бо таъкид ба он ки имрӯз дар маҷмуъ саҳми занон дар хизмати давлатӣ 23, 5 дарсадро ташкил медиҳад, иқрор мешавад, ки ҳанӯз нақши занони арзанда дар сиёсат ҳанӯз камтар аст. Вай гуфт, «ҳоло кумита нақшаи миллии фаъолгардонии занонро рӯи даст дорад, ки ҳадафаш дарёфт ва пешбарии бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои раҳбарӣ аст».

Вай умед дорад, ки бо амалӣ шудани ин барнома ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ин масъалаҳо тадриҷан теъдоди бештари занҳои арзанда ба майдони сиёсат меоянд, аммо коршиносон ҳамвор шудани роҳро барои бонувони дигарандешу ҷасоратманд чандон имконпазир намеҳисобанд ва мегӯянд, роҳ ба ҳукумат барои бонувони шоиста бастааст.
XS
SM
MD
LG