Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро ба ҷурми“паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ” ва “ҷонибдорӣ аз созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” ба се соли зиндон маҳкум кард.

Илҳомиддин Алиев, як сокини шаҳри Душанбе, ба ҷурми тарафдорӣ аз созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” ба се соли зиндон маҳкум шудааст. Як манбаъ аз Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 29 октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, оқои Алиев муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳад кард.

“Ӯ бештар барои паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ ва тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” тавассути саҳифаи интернетӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук айбдор шуд,” – афзуд манбаъ.

Мусоҳиби мо гуфт, “додгоҳ Илҳомиддин Алиевро бар асоси моддаи 307, прим 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон) муҷрим донист. Ба гуфтаи ин манбаъ, додгоҳ собит кардааст, ки Илҳомиддин Алиев соли 2013 ҳангоми муҳоҷират дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия аз созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” ҳимоят карда ва ақидаҳои ифротии ин гурӯҳро бо истифодаи видеороликҳо, тариқи саҳифаи интернетиаш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук паҳн кардааст.

Ҳамчунин, бар асоси таҳқиқи мақомот Илҳомиддин Алиев пас аз мамнӯъ ва ифротӣ эълон шудани созмони “Гурӯҳи 24” ба таблиғу ташвиқи ақидаҳои ин гурӯҳ даст задааст. Зимнан, Илҳомиддин Алиев дар моҳи июни соли ҷорӣ боздошт шуда ва нисбат ба вай бар асоси моддаи 307, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда буд.

“Гурӯҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки тоҷирони дар гузашта муваффақ Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев се сол пеш, баъди фирорашон аз кишвар ва айбдор кардани яке аз наздикони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ғасби тиҷоратҳояшон онро таъсис доданд. “Гурӯҳи 24” бо кумаки созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 дар чанд шаҳри Русия гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати Тоҷикистонро ташкил дод ва мардумро рӯзи 10 октябр ба як тазоҳуроти бузург дар майдони марказии Душанбе даъват кард.

Ин тазоҳурот, дар ниҳоят, доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро расман манъ ва дар моҳи декабр ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли равон дар натиҷаи як сӯиқасд дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Ҳамакнун раҳбарии “Гурӯҳи 24”-ро Шарофиддин Гадоев дар хориҷи кишвар бар ӯҳда дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG