Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меҳроб чаро суроғи Гулмурод Ҳалимовро гирифт?


Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов

Меҳроб Юсуфов, пизишки 24-сола дар ноҳияи Варзоб, бо гумони талоши тамос бо Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик ва тарғиби ақидаҳои ифротӣ боздошт шудааст. Дар пайи ин амалиёт, ки рӯзи 19 октябр сурат гирифтааст, инчунин, панҷ сокини ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб дастгир гардидаанд. Мақомот пас аз се рӯз панҷ нафарро бо шарти берун нашудан аз маҳалли зист раҳо карданд, вале Меҳроб Юсуфов, ки муттаҳами аслӣ дар талош барои сӯҳбат бо Гулмурод Ҳалимов дониста мешавад, дар боздошт қарор дорад.

Як ҳамсӯҳбати мо дар мақомоти интизомӣ, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 25 октябр гуфт, Меҳроб Юсуфов тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавонони дар Сурия қарордошта тамос гирифта, ҳамзамон аз онҳо хоҳиш кардааст, барои барқарор кардани робита бо Гулмурод Ҳалимов мусоидат кунанд.

Меҳроб Юсуфов тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавонони дар Сурия қарордошта тамос гирифта, ҳамзамон аз онҳо хоҳиш кардааст, ки барои барқарор кардани робита бо Гулмурод Ҳалимов мусоидат кунанд

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ангезаи сӯҳбати Меҳроб Юсуфов бо ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва суроғи Гулмурод Ҳалимов дар Сурия аз ҷониби ӯ таҳқиқ мешавад. Ба иттилои ӯ, то ҳол нисбат ба ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.​ "Мавзӯъ таҳқиқ мешавад. Феълан маълум нест, ки ин ҷавонон аз сари ҳавову ҳавас талоши тамос бо Гулмурод Ҳалимовро кардаанд ваё воқеан андешаҳои ифротӣ дошта, пайрави чунин андеша будааст", - афзуд ӯ.

Як соли баъди фирори Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи собиқи ОМОН ва дар гузашта полковники Вазорати корҳои дохилӣ моҳи марти соли 2015 баъди як муддат нопадид шудан аз Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз макони таҳти назари ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аз худ ба унвони як узви ин созмон дарак дод. Ӯ мақомоти Тоҷикистонро барои, ба қавли худаш, мубориза бо зуҳуроти мазҳабӣ дар кишвар интиқод кард ва гуфт, ният дорад дар сафи ДИИШ бар зидди ҳукумат ҷангад. Дар Тоҷикистон ӯро ба хиёнат ба давлат муттаҳам карда, мавриди пайгарди қонун қарор доданд.

ноҳияи Варзоб

ноҳияи Варзоб

Моҳи августи имсол Амрико барои иттилоъ дар бораи маҳалли будубоши Ҳалимов, ки, ба гуфтаи онҳо, метавонад шахси хеле муҳим дар сафи ДИИШ бошад, то 3 миллион доллар ҷоизаи пулӣ ваъда кард. Баъдан як телевизиони арабӣ хабаре пахш кард, ки гӯё Ҳалимов баъди кушта шудани Шешонӣ ба мақоми вазири ҷанги гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" таъин шудааст ва гурӯҳе аз таҳлилгарон гуфтанд, ки эҳтимол ин хабар бархе ҷавонҳоро дар Тоҷикистон барои таваҷҷӯҳ ба ДИИШ дилгарм кунад. Баъдан ин хабар рад шуд.

Гулмурод Ҳалимов сокини ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб буд, маҳалле, ки гурӯҳи ҷавонҳои гумонбар боздошт шуданд.

Падар умедвор аст, ки мӯй аз хамир ҷудо мешавад

Акбар Юсуфов, падари Меҳроб Юсуфов, рӯзи 25 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бовар надорад, ки писараш гуноҳи бузург карда бошад. Вай гуфт, писараш "гоҳ-гоҳ бо телефон машғул мешуд, аммо бештари вақтро бо ҳамсараш мегузаронд." Ба гуфтаи ӯ, писараш тоза оиладор шуда буд. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки мавзӯъву шахсиятҳои мавриди тамоси писараш тавассути телефонро медонист? – гуфт, "намедонам, дар телефонаш чӣ мекофт. Фикр намекунам, ки ягон ҷинояти калон содир карда бошад. Умедворам, ӯро низ мисли ҳамин рафиқонаш озод мекунанд."

ИМА барои иттилоъ дар бораи Ҳалимов ҷоизаи калони пулӣ ваъда кардааст

ИМА барои иттилоъ дар бораи Ҳалимов ҷоизаи калони пулӣ ваъда кардааст

Ин падар мегӯяд, писарашро ба таври ногаҳонӣ омада аз хонаи ҳамсоя ҳамроҳ бо дӯстонаш бурданд, вале ҳамоно барои ӯ маълум нест, далели аслии боздошти писараш чист. Ҷавононе, ки ҳамроҳ бо Меҳроб Юсуфов боздошт ва тоза раҳо шуданд, аз сӯҳбат бо мо худдорӣ карданд.

Ғанӣ Аюбов, масъули Кумитаи кор бо дин ва танзими ҷашну анъана дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб, рӯзи 25 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба боздошти гурӯҳе аз ҷавонони ин ҷамоат, ба хусус Меҳроб Юсуфов ӯ низ бозпурсӣ шудааст. Ӯ гуфт, далели боздошти ин ҷавонро ба онҳо ҳамчун “қазияи ифротгароӣ” шарҳ додаанд, аммо дақиқан нагуфтаанд, ки онҳо чӣ кор кардаанд ва гуноҳи онҳо аз чӣ иборат аст.

Аюбов гуфт, барои ӯ гуфтанд, ин ҷавонҳо тариқи интернету телефон бо Сурия тамос доранд. Вай гуфт, агар воқеан ҳам онҳо ҷинояткор бошанд, боздошти онҳо ба манфиати ҷомеа аст: "Мо хеле хушҳол шудем, ки мақомоти мо аз фаъолияти ин гуна ҷавонон огоҳӣ пайдо карда, онҳоро боздошт мекунанд. Мо ҳам ҳамеша барои шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ миёни аҳолӣ тарғибот мебарем", - гуфт Ғанӣ Аюбов.

Меҳробу Гулмурод зодагони як ҷамоат мебошанд

Масъулони ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб мегӯянд, аз ин ҷамоат ҳафт нафар ба гурӯҳи тандрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ки яке аз онҳо Гулмурод Ҳалимов, полковники собиқи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст.

1100 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ қарор доранд ва хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расмӣ шудааст.

Меҳроб Юсуфов, ҷавоне, ки ҳамроҳ бо чанд тан аз дӯстонаш барои талоши тамос бо Гулмурод Ҳалимов боздошт шудааст, хатмкардаи Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе будааст. Ӯ то соле пеш ба ҳайси бародари шафқат дар беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб кор карда, баъдан кори беморхонаро бас кардааст. Ба гуфтаи наздиконаш, то лаҳзаи боздошт дар манзилҳои зисти ҳамдеҳагон корҳои сохтмонӣ анҷом медод.

Боздошти ҷавоне бо гумони тамос бо полковники фирорӣ дар ҳолест, ки барои матбуот ҳеҷ иттилоъ роҷеъ ба маҳалли будубош ва ҳам ҳолати имрӯзаи полковники фирорӣ дастрас нест. Соле пеш хабаре пахш шуд, ки Ҳалимов дар ҷангҳо ҷароҳат бардошта ҳолаташ сангин аст, вале баъди ин дигар ҳеҷ маълумот дар борааш нашр нашуд. Танҳо дар ду-се ҳолате, ки Ҳалимов аз худ дарак дода буд, видеоҳои эҳтимол сохтаи гурӯҳи шӯришӣ буд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет пахш шуд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки 1100 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ қарор доранд ва хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расмӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG