Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ҳукумати Ироқ ба қисмати ғарбии Мосул ворид шуданд


Ироқ - Ғалаёни дуд дар пасманзари ҳамлаи нерӯҳои Ироқ ба фурӯдгоҳи Мосул. 23 феврали соли 2017.
Ироқ - Ғалаёни дуд дар пасманзари ҳамлаи нерӯҳои Ироқ ба фурӯдгоҳи Мосул. 23 феврали соли 2017.

Нерӯҳои Ироқ бо пуштибонии эътилофи таҳти назорати Ийолоти Муттаҳида, ба қисмати ғарбии шаҳри Мосул ҳуҷум карданд. Барои бори аввал аз замони оғози амалиёти озод кардани Мосул аз дасти гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ", нерӯҳи ҳукуматӣ тавонистанд ба маҳаллаҳои аҳолиниш ворид шаванд.

Дар пайи ҳамлаи рӯзи 23 феврал нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамчунин фурӯдгоҳи Мосулро пурра ишғол карданд. Айни замон даргирӣ барои пойгоҳи низомии Ал - Ғазлонӣ ҷараён дорад, ки дар наздикии фурӯдгоҳ ҷойгир аст.

Гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" Мосулро соли 2014 ишғол кард. Марҳилаи заминии озод кардани шаҳр 17 октябри соли 2016 сар шуд.

XS
SM
MD
LG