Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се нафар барои “Ҳизб-ут-таҳрир” зиндонӣ шуданд


Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се сокини ин маҳалро барои узвият дар созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-таҳрир” маҳкум ба зиндон кард. Аз миёни маҳкумшудаҳо танҳо як нафар бо ҳум мухолифат карда талаби бозбинии ҳукмашро пеш гузоштааст.

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, дар миёни се маҳкумшуда барои узвият дар созмони тундрави мазҳабӣ ва мамнӯъ дар Тоҷикистон – як нафар гӯё раҳбари ин гурӯҳ буда, барои бори сеюм бо ҳамин гуноҳ пушти панҷара меравад.

Боир Зоирзода, додраси додгоҳи Ғафуров ва масъули бозбиниин парванда рӯзи 2 - юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Абдуҷалил Юсуфов, сокини 47 солаи ноҳияи Ғафуров бо ҷурми “ташкили фаъолияти ташкилоти ифротгарои “Ҳизб-ут-таҳрир”, ки бо қарори Додгоҳи Олӣ дар Тоҷикистон манъ карда шудааст ва Насрулло Қодирову Анвар Аббосови 43-соларо барои хабар надодан дар бораи ин ҷиноят ба 2 ва 1,2 соли ҳабс маҳкум кард.

Абдуҷалил Юсуфов, ки яке аз раҳбарони ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон номида мешавад, қаблан ду бор, солҳои 2000 ва 2011 бо ин айб ҳабс шуда, Нарзулло Қодиров низ 10 соли зиндонро ба ҳамин ҷурм паси сар гузоштааст.

Ӯ афзуд, вале аз байни ин се нафар танҳо Абдуҷалил Юсуфов ба ҳукми додгоҳ норизо шуда, бозбинии парвандаро тақозо кардааст: “Ӯ вакили дифоъ надошт ва худаш шикоят навишт. Аз ин рӯ, парванда нисбат ба вай дар марҳалаи кассатсионии додгоҳи вилоятӣ бори дигар санҷида мешавад. Дар нисбат ба ду шарикаш ҳукми додгоҳ нерӯи амал гирифт.”

Додгоҳ гуфт Абдуҷалил Юсуфов замони боздошташ дар бозори шаҳраки Ғафуров ба савдогарӣ машғул буд. Ба бовари додгоҳ, Юсупов бо вуҷуди он ки ду бор бо гуноҳи фаъолият дар созмони тундрави “Ҳизб-ут-таҳрир” паси панҷараи зиндон рафта буд, баъди раҳоӣ боз ҳам тарғиби барномаи ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъро байни сокинон идома додааст. “Вале Қодиров ва ва Аббосов, ки аз ин амали вай огоҳ буданд, ба мақомот хабар надоданд”, – афзуд ҷаноби Зоирзода.

Маълум нест, ки то куҷо ду маҳкумшудаи дигар бо ҳукми додгоҳ рохӣ шудаанд ё на, вале бо далели дастрас набудани онҳо ва ҳам вакилонашон, дарёфти ҷузъиёти мурофиа ва тафтишот имкон надод.

Фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» соли 2001 бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон манъ гардида, шуда, соли 2008 ба феҳристи созмонҳои ифротгаро шомил карда шуд. Ин созмон аз оғоз гуфтааст, ки ҳадафи ниҳоиаш барпо кардани давлат ё ба истилоҳ “хилофати исломӣ “ аст. Вале аз он ки дар Тоҷикистон баъди мамнӯъ шудани созмон даҳҳо нафар бо ҷурми тарафдориву узвият дар ин ташаккул пушти панҷара рафтаанд, тахмин зада мешавад, ки тарафдори зиёд дорад. Вале дар бисёр ҳолатҳо маҳкумшудаҳо гуфтаанд, ки ба ҷуз хондани намозу риояи муқаррароти мазҳабӣ ба унвони як мусалмон кори дигаре накардаанд, аз ҷумла, нияти анҷоми корҳои сиёсиро надоштаанд.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, мақомоти тоҷик ақидаҳои ифротӣ, аз ҷумла “Ҳизб-ут-таҳрир”-ро таҳдиди ҷиддие ба сохтори конститутсиони ин кишвар меноманд. Коршиноси маҳаллӣ Баҳром Одинаев мегӯяд:

“Аслан на танҳо давлати Тоҷикистон, балки дигар давлатҳое ҳам, ки фаъолияти созмонҳои ифротӣ ва тундрав, мисли “Ҳизб-ут-таҳрир”-ро таҳдиде ба амнияти худ медонанд, зидди аъзои он муборизаи шадид мебаранд. Чунки ин гуна созмонҳои ифротӣ ба чӣ шевае ҳам, ки фаъолияти худро ба роҳ монанд, хоҳ ба шакли осоишта ва хоҳ тунд, мақсади ниҳоии онҳо сарнагун кардани сохтори қонунии давлат аст.”

Бар пояи иттилои расмӣ, соли гузаштаи 2015 ҳудуди 20 ва имсол беш аз 10 нафар узви “Ҳизб-ут-таҳрир” дар вилояти Суғд боздошт ва зиндонӣ шуданд. Бархе аз онҳо қаблан низ бо ин ҷурм зиндонӣ шудаанд ва ҳамроҳони онҳо умдатан барои хабар надодан ба мақомот аз фаъолияти аъзои “Ҳизб-ут-таҳрир” паси панҷара рафтаанд.

XS
SM
MD
LG