Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳҳор Маҳкамов: Гоҳ-гоҳе бо Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат мекунам(ВИДЕО)


Акс аз мулоқот бо Қаҳҳор Маҳкамов

Акс аз мулоқот бо Қаҳҳор Маҳкамов

Раисиҷумҳури нахустин Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов рӯзи 22 май дар маҳфили “Бунёди муколамаи тамаддунҳо” бори авал баъди барканориаш бо ҷомиа ба таври муфассал сӯҳбат кард.

Раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов рӯзи 22 май дар маҳфили “Бунёди муколамаи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмонов дар бинои маркази тиҷории “Пойтахт”-и Душанбе барои нахустин бор аз замони истеъфояш дар 23 соли пеш дар мазҳари ом бо аҳли ҷомиа сӯҳбат кард.

Қаҳҳор Маҳкамов дар ин мулоқот ибрози умедворӣ кард, ки ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ боз ба ҳам меоянд. Вай гуфт, "шумо бубинед, ки дар Украина чӣ мегузарад? Гурҷистон чӣ шуд? Ҷорҷ Буш намояндаашро овард, он ҷо ҳоким кард ва чӣ шуд, мебинед." Ба ин далел Қаҳҳор Маҳкамов афзуд, ки "ман боварӣ дорам, ки таърих ҳамаро дар ҷояш мегузорад, боз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ мутаҳҳид мешаванд."

Қаҳор Маҳкамов дар посух ба суоли он ки "оё китобҳои навишта шуда дар бораи он давраро хондаед?", гуфт, "нахондам ва намехонам."

Қаҳҳор Маҳкамов дар бораи раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки "толеи тоҷикон баланд будааст, чун ҳамон вақт ҳамин одам - Эмомалӣ Раҳмон - ҳукуматро ба даст гирифт. Вай мехоҳад, то кишвар рушд кунад. Шумо бубинед, даҳ соли аввал Тоҷикистон даргири ҷанг буд, ҳамакнун даҳ соли ахир кӯшишу талош аст, то пешравӣ шавад.“ Ҷаноби Маҳкамов афзуд, ки "албатта, бо президент гоҳе рӯбарӯ мешавем, сӯҳбат мекунем, аммо дар бораи мавзӯи сӯҳбатҳо чизе гуфта наметавонам.

Раҳбари собиқи Тоҷикистон аз он изҳори таассуф кард, ки дар аҳди раҳбариаш "нирӯгоҳи Роғун сохта нашуд, туннели Анзоб низ тамом наёфт."

Вай дар мавриди маҳалгароӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки "вақте котиби авваали партияи коммунистии Тоҷикистон шудам ва аввалин кадрро Изатулло Ҳаёевро аз минтақаи Кӯлоб ба мансаби сарвазирӣ таъин кардам. Чун он вакт кадрҳо аз ин минтақа кам буд. Маро ба маҳалчигӣ мутаҳҳам мекарданд, аммо ман дар 14-солагӣ аз зодгоҳам берун шудам, маҳалчигиро намедонам."

Нахустин мошини шахсии раҳбари давлат

Қаҳор Маҳкамов афзуд, "вақте аз президентӣ рафтам ва ба сарвазир Иззатулло Ҳаёев гуфтам, ки ман дар тӯли корам 30 ҳазор сӯм ҷамъ кардаам ва мехоҳам як мошин харам. Вай гуфт, ки не, мо худамон бо мошин таъмин мекунем. аммо ман нагузоштам ва дар охир бо 28 ҳазор сӯм мошинеро харидам." Ҷаноби Маҳкамов дар мавриди бозорравӣ гуфт: "Вақте ҳамсарам буд, вай мерафт, аммо пас аз он ки гузаштанд, акнун худам меравам ва ҳафтае як бор бозори Шоҳмансур меравам. “

Роғун чаро сохта нашуд?


Вай дар бораи нирӯгоҳи Роғун гуфт, "нирӯгоҳи Роғун ҳаёту мамоти мост. Тарҳи ин нирӯгоҳ дар замони Шӯравӣ муддати даҳ сол таҳия шуд. Он гапҳо, ки тагаш намаку дигар буд, ин ҳама маслъаҳо ҳал шуда буд. Соли 1979 Шӯрои вазирони СССР ин тарҳро тасдиқ кард. Соли 1980 сметаи 1 миллиард сӯми Шӯравӣ буд. Аз 10 то 100 миллион сӯм дар сол истифода шуд. То соли 1989 кор хуб идома дошт. Плотина ё сарбанди нирӯгоҳ ҳам алакай 30 метр бардошта шуда буд." Ба гуфтаи ҷаноби Маҳкамов, агар он замон иҷоза медоданд, ки чархаи якумро ба кор медаровардем, нирӯгоҳ ҳатман фаъол мешуд. Аммо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 дар ҳамаи корхонаҳо ғоратгарӣ сар шуд ва аз ҷумла дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун, гуфт раҳбари собиқи Тоҷикистон.

Қаҳҳор Маҳкамов дар мавриди ҳизби назҳати исломӣ гуфт, ки "он замон ду нафар, яке Давлати Усмон омад буд ва ман гуфтам, ки ҳоло вақти ин гапҳо нест, вақташ расад, ба қайд мегирем."

Нафақаам як вақт 1 сӯм буд

Қаҳҳор Маҳкамов гуфт, ки "вақте аз кор рафтам нафақагир шудам, нафақаам ба пули онвақта ҳазор сӯм муқаррар шуд ва соли 1993 ин пул баробари 1 сӯм шуд ва гапе аз нафақа набуд." Ба гуфтаи ҷаноби Маҳкамов, баъдан "дар як фирма ёрдамчӣ шудам ва кор кардам."

Қаҳҳор Маҳкамов гуфт, "пас аз он ки аъзои Маҷлиси Миллӣ шудам, як рӯз назди Шӯрои Олӣ даромада ва ҳам назди президенти Тоҷикистон даромадам ва мавзӯи нафақаамро матраҳ кардам. Дар яке аз иҷлосияҳо ба ман 200 доллар пенсия муқаррар гардид. Баъдан раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 100 доллари дигар илова кард ва нафақаам 300 доллар шуд."

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳкамов, "чун боз вазъиятам мушкил шуд, бори дигар ба раисиҷумҳур муроҷиат кардам ва Ҷаноби олӣ боз 200 доллари дигар илова карданд ва аз соли 2010 то кунун нафақаам 500 доллар аст."

"Забони модариро нағз намедонам"

Қаҳҳор Маҳкамов баробари оғози мулоқот иқрор кард, ки забони модариашро хуб намедонад: "забони тоҷикӣ - модариро ман нағз намедонам. Пеш низ инро мегуфтам ва ҳоло низ мегӯям." Ҷаноби Маҳкамов сабаби дуруст суҳбат кардан ба забони тоҷикиро ба он рабт дод, ки вай аз ҷавониаш, таҳсилро ба забони русӣ анҷом дода ва ҳатто техникум ва донишгоҳро бо забони русӣ хатм кардааст.

Маҳкамов аз ширкатдорони маҳфил узр пурсид ва гуфт, ки "барои дуруст суҳбат накардан ба забони тоҷикӣ маро айб накунед ва нагӯед, ки нахустин президент забони модариро намедонад."

Баҳманмоҳи соли 90
Мулоқот бо Қаҳҳор Маҳкамов. 22 май

Мулоқот бо Қаҳҳор Маҳкамов. 22 май

Ҷаноби Маҳкамов дар мавриди ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 гуфт, ки "ҳодисаҳои баҳманмоҳ аз сари он сар зад, ки гуё ҳукумат ба арманиҳои гуреза манзил дода бошад". Ба гуфтаи ӯ, "ба ҷавонони гирдиҳамомада, ин гапро, ки ҳукумат гoё ба арманиҳои гуреза хона дода бошад, Ҳоҷӣ Акбар Тoраҷонзода, қозиқалони вақти Тоҷикистон гуфта будааст."

Дар ин сурат ҷаноби Маҳкамов афзуд, ки "ман тариқи яке аз вазирон аз Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода хостам, то фардо биояд ва равем то он хонаҳое, ки ба арманиҳои гуреза тақсим карда бошем, бисанҷем, аммо Тӯраҷонзода наомад."

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳкамов, "ҳатто ин гапҳо низ буд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар намеравед, "занатон талоқ!" Қаҳҳор Маҳкамов афзуд, ки "пас аз як сол фаҳмидем, ки ин корҳоро кӣ ташкил кардааст ва марказаш низ яке аз ҳаммомҳои шаҳри Душанбе будааст."

ГКЧП аз нигоҳи Маҳкамов

Қаҳҳор Маҳкамов, дар мавриди ГКЧП гуфт, ки "ҳар ҳафта ду-се бор ман ба Маскав мерафтам ва суҳбатҳо ин буд, ки ҳар ҷумҳурӣ мустақил мешаванд, аммо дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ". Ба гуфтаи ҷаноби Маҳкамов, "гуфтугузорҳо ин буд, ки ҳар ҷумҳурӣ мустақил шуда,равобит бо берунаро худ ба роҳ мемонанд, аммо марзи Итиҳоди Шӯравӣ боқӣ мемонад."

Ба таъкиди ҷаноби Маҳкамов, "норозигиҳо дар он замон зиёд шуд ва ба хусус аз Горбачёв ва ҳукумати вақташ." Қаҳҳор Маҳкамов гуфт, "рӯзи 20 август раҳматии Отахон Латифӣ назди ман омад ва гуфт, ки аз ГКЧП се рӯз мегузарад, чӣ кор кунем? Аммо ман гуфтам, ки ман мақсади инҳоро намедонам ва масъалаву супоришҳое, ки меоянд, нофаҳмо аст."

Истеъфо

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳкамов, баъди суқути ГКЧП, "мо сессияи ғайринавбатӣ ташкил кардем ва сессия се рӯз давом кард. Зимни суханронӣ дар бораи ГКЧП чизе нагуфтам, вале ба депутатҳо гуфтам, ки шароитро дарк мекунед ва вазъият хеле вазнин аст." Ӯ афзуд, "депутатҳо хостори ба истеъфо рафтани ман шуданд. Ман гуфтам, ки руз не як руз пушаймон мешавед. Аммо пеш аз рафтан, мегӯям, ки дигар аз ин рӯз эътиборан ба сиёсат дахл намекунам."

Аммо вай дар посух ба суоли он ки "Чаро он замон истеъфо буд, ҳоло не?" гуфт, "Илтимос, ин суолро ба президенти имрӯза диҳед."

Вай дар посух ба суоли дигар, ки "оё дар бораи он замон китоб менависед?" гуфт, "ман китоб навишта наметавонам, аммо агар фарзандон бо истифода аз маводе аст, нависанд, ихтиёр доранд."

Қаҳҳор Маҳкамов гуфт, ки "дар масъалаи забони тоҷикиро забони давлатӣ кардан иҷоза надода будам. Чун мардум аксар русзабонҳо буданд ва медонистам, ки давлатӣ кунам онҳо баромада мерафтанд." Ба гуфтаи ҷаноби Маҳкамов, “олимон бисёр пофишорӣ мекарданд, аммо ман мегуфтам, ки русҳо баромада рафтанд, саноатро кӣ идора мекунад."

Дар поёни сӯҳбат Қаҳҳор Маҳкамов гуфт, ки "вақте аз президентӣ рафтам, аҳли оила гуфт, чӣ кор кунем? Ман гуфтам, ки 28 сол нону намаки Душанберо хӯрдам ва аз ин ҷо баромада намеравам." Ҳамчунин вай гуфт, "ба касе бадӣ накардам, ҳамаро ҳурмат мекардам ва ҳурмат мекунам. Дигарон низ маро ҳурмат мекунанд. Саломат бошед!"

ВИДЕОИ СӮҲБАТҲОИ МАҲКАМОВ НИЗ НАШР ХОҲАД ШУД


Шарҳи ҳол
​Қаҳҳор Маҳкамов 82 сол дорад. Ӯ соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро ба ҳайси муҳандис дар кони ангишти Шӯроб шурӯъ кардааст. Аз соли 1982 то 1986 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд. Баъди барканории Раҳмон Набиев аз мақоми котиби аввали кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақти коммунист ба ин симат таъин шуд. Соли 1990 раиси Шӯрои олӣ ва дар поёни ҳамон сол дар порлумон нахустин президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

Рӯзи 28 августи соли 1991, баъди суқути табаддуллоти давлатие, ки бо номи ГКЧП маъруф аст, Қаҳҳор Маҳкамов низ таҳти фишори эътирозгароне ки дар майдони марказии Душанбе барои 3 рӯз хайма заданд, истеъфо дод. Дар моҳи ноябри ҳамон сол Раҳмон Набиев президенти Тоҷикистон интихоб шуд, вале ӯ ҳам дар тирамоҳи соли 1992 истеъфо дод ва бо ҳамин султаи клани Хуҷанд бар Тоҷикистон, ки аз солҳои 40 қариб ним аср давом кард, ба поён расид.

Қаҳҳор Маҳкамов баъди истеъфояш аз ҳаёти сиёсӣ канор рафт ва аз сӯҳбат бо матбуот низ ҳаддалимкон дурӣ меҷуст. Аз соли 1999 ба унвони раисиҷумҳури собиқ узви умрбоди Маҷлиси миллӣ - маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG