Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Яҳё Ҷомеъ баъди 22 соли президентӣ


Яҳё Ҷомеъ бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон
Яҳё Ҷомеъ бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон

Яҳё Ҷомеъ, ки 22 сол боз зимоми қудратро дар Гамбия дар даст дошт, дар интихоботи ахири президентии ин кишвар шикаст хӯрд. Кумисюни марказии интихоботи Гамбия гуфт, дар интихоботи 1 декабр намояндаи мухолифин Адаму Барроу бо дарёфти 45 дарсади раъйи сокинон пирӯз шудааст. Ба тарафдорӣ аз Яҳё Ҷомеъ дар ин интихобот 37 дар сад овоз додаанд. Яҳё Ҷомеъ соли 1994, дар натиҷаи табаддулоти низомӣ ва сарнагунии раиси ҷумҳури собиқ Довуд Кайраба, ба курсии президентӣ дар Гамбия такя зад. Ҳомиёни ҳуқуқ Яҳё Ҷомеъро борҳо барои таъқиби мухолифону журналистон танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG