Пайвандҳои дастрасӣ

Огоҳӣ ба полковник Искандарзода ва барканории ду мақоми ВКД дар Бадахшон


Бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сардори раёсати ВКД дар Бадахшон ва муовинонаш огоҳии расмӣ гирифта, сардорони БДА дар Бадахшону Хоруғ аз мақомҳояшон барканор гардидаанд.

Полковник Абдулваҳҳоб Искандарзода, сардори раёсати корҳои дохилии Бадахшон ҳамроҳ бо муовинонаш "барои роҳ додан ба камбудҳо" огоҳии расмӣ ва барои ислоҳи ин камбудҳо як моҳ мӯҳлат гирифтаанд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ин фармони Рамазон Раҳимзода 15 декабр дар як ҷаласаи фаврӣ дар Бадахшон эълон шудааст.

Аммо вазорат камбудҳои сардори раёсати корҳои дохилии Бадахшон ва муовинони ӯро номбар накарда, танҳо дар хабари расмиии худ гуфтааст, ки "дар ҷаласа масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, авбошиҳо, оид ба низом даровардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Хоруғ ва автомашинаҳои сиёҳшишаи беиҷозат, тамбашавӣ ва бартараф кардани камбудҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қорор гирифтанд."

Бино ба иттилои манбаъ, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон “аз бетартибӣ ва бенизомӣ” дар назди бозори Хоруғ интиқод кардааст, ки ба қавли ӯ "ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт оварда мерасонад". Дар пайи чунин нигарониҳо вазири корҳои дохилӣ сардори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Бадахшон полковники милиса Тоҳир Кенҷазода ва сардори БДА-и Хоруғ майор Иззатшои Шукурбекро аз вазифаҳояшон озод кардааст.

“Ба сардори Шӯъбачаи вилоятии бақайдгирии имтиҳонотии ШБДА РВКД дар ВМКБ подполковник Гайдар Дарвешов ва ҳамаи сардорони Шӯъбаҳои бозрасии давлатии автомобилии ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон “танбеҳ” эълон карда шуд,”– гуфта шудааст дар хабари расмии ВКД.

Полковник Абдулваҳҳоб Искандарзода моҳи ноябри соли гузашта бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сардори раёсати корҳои дохилии Бадахшон таъин гардид. Искандарзода то замони расиданаш ба ин мақом дар Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб кор мекард.

Ӯ дар вазифаи сардори раёсати корҳои дохилии Бадахшон полковник Файзулло Нозимовро иваз кард, ки дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли гузашта дар Хоруғ бо дархости сокинон дар қатори барканории раҳбарони Идораи амнияти миллӣ ва додситонии Хоруғу Бадахшон барканор шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG