Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти зани узбакистонӣ барои ташкили фоҳишахона дар Туркия


Пулиси Туркия дар пайи як амалиёт дар шаҳрҳои Истанбул ва Коҷалӣ 19 нафарро боздоштааст, ки занони узбакистониро ба танфурӯшӣ маҷбур мекарданд. Дар натиҷа 21 зане, ки дар фоҳишахонаҳо маҷбурӣ нигаҳдорӣ мешуданд, аз истисморӣ шаҳвонӣ озод шудаанд.

Ин амалиёт ва боздоштҳо баъди дастгир шудани шаҳрванди Узбакистон М.Ш. дар фурудгоҳи байналмилалии Отатурки Истанбул, ки мехост, 7 феврал ба Тошканд парвоз кунад сурат, гирифтаанд.

Дар рафти амалиёти нахустин дар Истанбул ва Коҷалӣ 14 нафар, аз ҷумла се зан боздошт шуда, баъдан шумори онҳо ба панҷ тани дигар афзоиш ёфтааст. Аз боздоштшудаҳо се туфангча, тир ва ду компютер мусодира шуда, аз компютерҳо дар бораи муштариёни занон низ иттилоъ ба даст омадааст.

Бештари ин занон, ки дар фоҳишахонаҳо иҷборан нигаҳдорӣ мешуданд, аз Узбакистон ба Туркия омадаанд. Онҳоро бо ваъдаи ҷойи кор ба ҳайси парастор ба Туркия оварда, баъди гирифтани шиносномаҳояшон ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд. Занони озодгашта ба ватанашон фиристода шудаанд.

XS
SM
MD
LG