Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев гурӯҳеро “буз” ва якеро “вазири хуб” номид


Гуфтугӯи телевизионии сарвазири Русия, Дмитрий Медведев, 7-уми декабри соли 2012.

Гуфтугӯи телевизионии сарвазири Русия, Дмитрий Медведев, 7-уми декабри соли 2012.

Медведев микрофонро фаромӯш кард ва кормандони Кумитаи тафтишотии Русияро “буз” номид

Вақте ки сарвазири Русия, Дмитрий Медведев, дар поёни як гуфтугӯи телевизионӣ, ҳанӯз боз боқӣ мондани микрофонро фаромӯш кард, зоҳиран, ҳарфи дилашро гуфт. Вай кормандони Кумитаи тафтишотии Русияро дар робита ба кофтукови хонаи филмсоз Павел Костомаров “буз” номид ва гуфт, “ин бузҳо соати ҳашти саҳар ба хонааш омадаанд, аммо ин, амалан аз силсилаи одатҳои онҳост.”

Ин саҳнаи 7-уми декабр акнун ба яке аз видеоҳои пурбинандаи инернет табдил ёфта, торнамои Кумитаи тафтишотии Русия ба он посух дод: “Шунидани шарҳе, ки на танҳо кормандони Кумитаи тафтишотиро беобрӯ мекунад, балки ба эътибори ҳамаи ниҳодҳои интизомии кишвар зарба мезанад, тааҷҷубовар аст.”

Вале пас аз чанд соат ин ишора аз сомонаи Кумитаи тафтишотии Русия бардошта шуд ва расонаҳо мегӯянд, пок шудани он зери фишори дастгоҳи Медведев ба амал омадааст. Сухангӯи кумита, Владимир Маркин гуфт, дар навиштаи ӯ на касе таҳқир шуда буд ва на ҳарфи баде вуҷуд дошт. “Ман фақат хостам, аз шарафи кормандони кумита ҳимоят кунам,” – гуфт ӯ дар сӯҳбат бо нашрияи “Известия”.

Аммо шарҳи хашмолуди Медведевро бархе аз расонаҳо як навъ вокуниш ба зиёдаравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар саркӯби мухолифон номиданд. Онҳо ҳамчунин аз шеваҳои кори раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Бастрикин ёд карданд, ки журналистеро “барои сӯҳбат” ба ҷангал даъват карда буд. Ҳамзамон изҳори тааҷҷуб мешуд, ки чаро “шарики ҷаноби Путин” бояд ғами мухолифонеро хӯрад, ки зидди ин ҳукумат мубориза мекунанд. Аз ин лиҳоз, таҳлилгарони қавитар бар инанд, ки хашми Медведев бештар аз ҷои дигар “об мехӯрад”.

Дар ҳамин мусоҳибаи телевизионӣ вай нишон дод, ки аз вазири собиқи дифоъ Анатолий Сердюков пуштибонӣ мекунад. Сердюков рӯзи 6-уми ноябр бо амри президенти Русия, Владимир Путин зимни моҷарои сирқати молӣ аз вазифа барканор шуд. Вале Медведев ӯро “вазири арзанда”-е номид, ки ба гуфтаи ӯ, барои нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар давраи гузариш хидмати бузург кардааст. Вай изҳори умедворӣ кард, ки таҳқиқи моҷаро ва муҳокима дар додгоҳ ҳақиқатро рӯшан хоҳад сохт.
Коршиносон Медведев ва Сердюковро “шарик” ё “ҳампаймони сиёсӣ”-и ҳамдигар намешуморанд, вале ба он ишора мекунанд, ки Сердюков мехост, Медведев барои давраи дуюми президентӣ мубориза кунад. Ҳамчунин Медведев дар давраи президентияш ба Сердюков имкон дод, ки сармоягузории бештари артишро таъмин намояд.

Таҳлилгари Радиои Озодӣ, Брайан Витмор мегӯяд, “омодагии сарвазир Медведев ба ҳимоят аз Сердюков дар мазҳари ом баёнгари он аст, ки маъракаи зиддикоррупсиониии Путин, ҳар қадар рӯякӣ бошад ҳам, ихтилоферо дар сатҳи олии қудрати Русия ба вуҷуд овардааст. Қоидаҳои нонавишта барои элитаи ҳукумат ба самти норӯшане иваз шудаанд ва маълум нест, чӣ пайомадҳо доранд.”
XS
SM
MD
LG