Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мардуми Русия барои раъдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ худро омода мекунанд, ки натиҷаҳои он ба қавле дар рӯи санг навишта шудааст. Тамоми аломатҳо баёнгари он аст, ки Дмитрий Медведев муовини аввали нахуствазири Русия вориси Владимир Путин дар интихобот пирӯз мешавад, Аммо Дмитрий Медведев кист ва аз куҷост. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав Клоӣ Арнолд ба шаҳри Санкт-Петербург, ба зодгоҳи Дмитрий Медведев сафар кард.

Пайдо кардани мактабе, ки Дмитрий Медведев дар он таҳсил кардааст, кори осон

Cветлана Медеведева бо эҳтимоли зиёд сар аз ҳафтаи оянда бонуи аввали Русия хоҳад буд.

нест. Истгоҳи метрои Купчиново воқеъ дар ҷануби Санкт-Петербургро пушти сар мекунед ва баъд аз назди хонаҳои зиёди тираранги дилгиркунанда мегузаред, сипас ба троллейбус мешинед ва 15 истгоҳи дигар меравед, то ба кучаи Будапештская - 8 ва бинои 3 бирасед.

Дар назди мактаби рақами 305 як зани бадхашме дар назди дар нишастаст ва мегӯяд, ҳар дархосте, ки доред бояд ба мудири мактаб гӯед, вале мудири мактаб Нина Музикантова он рӯз набуд. Агар ба маҳалли Купчиново сафар кунед, ба осонӣ мефаҳмед, ки чаро Дмитрий Медведев, баъди хатми мактаб ин маҳалли тирагунро тарк кардааст ва бо гузашти сӣ сол ҳам ин ҷо тағйироти зиёде ба амал наомадааст. Як пиразани бознишаста, ки дар истгоҳи троллейбус меистоданд, гуфт, ки дигар ба ваъдаҳои чанд соли пеш барои беҳбуд бахшидан ба ҳоли ин минтақа бовар надорад. Ҳанӯз ҳам майдон барои бозии кудакон сохта нашудааст, ҳанӯз ҳам нақлиёт кофӣ нест, ҳанӯз ҳам вазъи манзилҳои истиқоматӣ мувофиқ ба талабот намебошад. Аммо бо вуҷуди ин пиразани бознишаста дар интихобот ба Дмитрий Медведев раъй хоҳад дод.

Дар наздикиҳои мактаб Оксана ва Настя, ки яке 15 ва дигарӣ 16 сол доранд, дар танаффуси миёни дарсҳо сигорро бо ҳам медиданд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд мактабро хуш доранд, вале аз маҳалли Купчиново чандон хушашон намеояд, зеро имконоташ кам аст ва шояд ҳамеша ҳамингуна будааст. Дмитрий Медведев баъди тарки ин маҳал ба бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Санкт Петербург дохил шуд, ки маҳалли ҷойгиршавии он шояд ба чашми сокинони Купчиново ҷаҳони дигарро монад. Донишгоҳи наздик ба рӯдхонаи Нева ва дигар қасрҳои таърихӣ ба мисли Музейи Эрмитаж.

Дмитрий Медведев дар ин донишгоҳ бо ҷидду ҷаҳд таҳсил карда ва соли 1990 баъди гирифтани унвони номзадӣ дар донишгоҳ ба дарс додан шурӯъ кард. Сергей Белов, яке аз шогирдони собиқ ва омӯзгори ҳозираи донишгоҳ аз Дмитрий Медведев чунин ёд мекунад.

“Вай метавонист, фанни худро тавре фаҳмонад, ки диққатҷалбкунанда бошад ва зоҳиран худаш ҳам ба он фанн шавқ дошт. Фанне, ки мушкил аст ва забони лотиниро лозим дорад. Донишҷӯён баъзе аз муаллимонро бештар ва баъзеи онҳоро камтар эҳтиром мекунанд ва мо ӯро ниҳоят зиёд эҳтиром мекардем. Ҳарчанд баъди нимрӯзӣ дарс хондан мушкил аст, аммо мо барои шунидани лексияҳои ӯ меомадем, зеро хотирмон буданд. “

Касе инкор ҳам намекунад, ки курсии раисҷумҳуриро ба ҷаноби Медведев, шӯҳрати ҷаноби Путин "ҳадя" хоҳад кард.

Пас аз як соли таълим додан ба Сергей Белов, Дмитрий Медведев ба ҳукумати минтақавии шаҳри Санкт Петербург даъват шуд, ки онро марди ҷавоне бо номи Владимир Путин раҳбарӣ мекард. Оқои Путин ҳам дар Донишгоҳи давлатии Санкт Петербург таҳсил кардааст ва аз ин сабаб бо гузашти солҳо ҳар ду дӯстони наздик шудаанд. Баъди раисҷумҳури муваққат таъйин шудани Владимир Путин дар соли 1999 Дмитрий Медведев муовини раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Русия шуд. Вақти ширкати Путин дар интихобот корзори тарғиботии ӯро раҳбарӣ кард. Ва кори сахт натиҷа дод, ки Владимир Путин дар соли 2000 раисҷумҳур шуд ва се сол баъд Дмитрий Медведев ба мақоми раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Русия расид.

Баъди вақти начандон зиёд Дмитрий Медведев ба як ҷойи равғанӣ, яъне ба мақоми мудири ширкати азими давлатии “Газпром” таъйин шуд. Муносиботи байни Путини 55 сола ва Медведеви 42 сола то кунун гарму бародарона будааст, аммо ба гуфтаи Владимир Василев, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Санкт Петербург метавонад, тағйир ёбад. Вай мегӯяд, қудрат чизи ғайриоддист, ки инсонҳоро ба таври қобили мулоҳиза тағйир медиҳад, бахусус вақте ки қудрат ғайриинтизор ба даст меояд. Чизе ки бо Дмитрий Медведев шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG