Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ бо имзои қариб 40 санад поён ёфт


Ҷаласаи сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 30 октябр дар Душанбе бо имзои қариб 40 санад ба поён расид.

Ҷаласаи сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки субҳи 30 октябр дар "Кохи Наврӯз"-и Душанбе шуруъ шуда буд, бо имзои қариб чиҳил санад ба поён расид. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз маҳалли баргузории ин ҷаласа гуфтанд, ки нахуствазирон ва намояндагони кишварҳои ИДМ бештар масоили иқтисодиро ба баҳс гирифта, ба тақдири ҷавонон ҳам таваҷҷуҳ кардаанд. Нигаронии онҳо аз гароиши асосан ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ, назири "Давлати исломӣ" будааст.

Дар ин ҷаласа раҳбарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз ҳисоби кишварҳои Шӯравии пешин ташкил шудааст, аз Қазоқистон ба Қирғизистон гузашт ва ҷаласаи навбатӣ баҳори соли оянда дар Бишкек сурат хоҳад гирифт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, пеш аз шурӯи ҷаласаи нахуствазирон ва намояндагони ИДМ дар Душанбе дар якҷоягӣ ва алоҳида бо онҳо суҳбат карда, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро "ягона майдони муколамаи сиёсӣ" миёни кишварҳои узи ин созмон хонд.

Абдулфайз Атоӣ, раҳбари Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, низ рӯзи 28 октябр дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "дар шароити хеле ҳассос" мегузарад ва он барои кишварҳои узв муҳим аст. Ӯ афзуд, "Тоҷикистон ба мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои аъзо дар асоси принсипи эҳтироми якдигар, татбиқи ҳамкории иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд."

Ҳарчанд ҷаноби Атоӣ "шароити ҳассос"-ро шарҳ надод, вале ба эҳтимоли зиёд манзур аз он вазъияти амниятии Афғонистон ва ҳассостар шудани марзҳои муштарки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо ин кишвари ҷангзада аст. Ҳамагӣ ду рӯз пеш аз ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе Александр Бортников, раиси Идораи хадамоти федералии Русия ё ФСБ ҳам гуфт, таҷаммӯи гурӯҳи Толибон дар шимоли Афғонистон хатари ҳамлаҳо ба кишварҳои Осиёи Миёнаро бештар кардааст.

Оқои Бортников гуфт, айни замон дар сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" шаҳрвандони тақрибан 100 кишвар меҷанганд ва аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои ИДМ 10 гурӯҳи ҷангӣ ташкил шудааст. Ба қавли ӯ, Тоҷикистону Узбакистон кишварҳои аслии "содиркунандаи тундравҳо" ба саффи террористҳо ба шумор мераванд. Шумораи умумии шаҳрвандони кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ дар сафи нерӯҳои террористӣ дақиқ нест, вале Русия тахмин мезанад, ки шояд ин рақам ба 7 ҳазор нафар расад.

Аз ин пеш раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Ново-Огарево бо раҳбарони ниҳодҳои ҷосусиии ҳашт кишвари Шӯравии пешин мулоқот анҷом дода ва ба раҳбарони ниҳодҳои истихборотии Озарбойҷону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон, Молдоваву Тоҷикистон ва Узбакистон гуфт, "бидуни Шумо кишварҳои мо наметавонанд ба таври маъмулӣ ё табиӣ рушд ёбанд".

Путин дар аввалҳои моҳи октябр низ вазъияти Афғонистонро ҳассос хонда ва аз кишварҳои минтақа хоста буд, то барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ, омода шаванд.

Ҳоло барои иштирок дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе нахуствазирони Қирғизистону Қазоқистон, Белорус, Русия ва дигарон ворид шудаанд. Аммо Узбакистон ба ин ҷаласа муовини нахуствазираш Адҳам Икромовро фиристодааст.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пайи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравии пешин дар охири соли 1991 аз ҷумлаи кишварҳои собиқи ин иттиҳод ташкил шуд. Тоҷикистон аз соли 1992 бад ин сӯ узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG