Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон як рӯз ба сокинон имкон дод, ки ба ҷуз аз ҷарроҳиҳои гаронарзиш, аз ҳамагуна хадамоти тиббӣ бепул истифода кунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон фақат як рӯз имкон дод, ки сокинони кишвар бидуни пардохти пул аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Фотима Ғоибова, сухангӯи вазорат гуфт, сокинон рӯзи шанбеи 14 март тавонистаанд ба ҷуз аз ҷаррориҳои гаронарзиш, аз ҷумлаи ҷарроҳии дилу гурда ва рентгени рақамиву томография, дигар аз ҳама гуна хадамоти тиббӣ ройгон ё бепул истифода кунанд.

Зевара Раҳмонова, сокини 27-солаи Душанбе, ки бо се кӯдак ва хушдоманаш барои муоинаи тиббӣ ба бемористон омада буд, гуфт, хуни яке аз писаронаш “микроб” дорад ва онҳо хостаанд аз ин фурсат истифода кунанд. Ба қавли ӯ, инчунин, хушдоманаш бемории қанд дорад, ки бояд ҳар моҳ аз муоина гузарад ва барои он на камтар аз 120 сомонӣ зарур мешавад.

Анорбибӣ Исмонова, зани 55-соларо дар маркази саломатии рақами 14-и шаҳри Душанбе вохӯрдем. Ӯ гуфт, табибон бепул ӯро ташхис карда, рӯйхати доруҳои заруриро навиштаанд, ки ба 300 сомонӣ баробар аст ва акнун бояд аз пайи хариди онҳо бишавад. “Табибон гуфтанд, касалии қанд дорам. Ҷигарам варам кардааст. Гурдаҳоям шамол хӯрдаанд. Доруҳоро навишта доданд, вале мушкили аслӣ акнун пайдо шуд, ки ин доруҳоро аз куҷо ва чигуна мехарам?”-афзуд ӯ.

Аксари онҳое, ки дар бемористонҳо барои ташхиси ройгони тиббӣ навбат мепоиданд, бештар аз фишорбаландӣ шикоят доштанд ва инчунин ба мушоҳидаи мо паси дари табибони дил низ пур-пури одамони синну соли гуногун буд. Шоира Келдиева, духтури оилавӣ дар маркази саломатии рақами 14-и Душанбе, гуфт, танҳо дар се соати аввали корашон бештар аз 500 нафарро ташхис кардаанд.

“Имрӯз бештар таҳлилҳои гуногуни хуну пешоб анҷом додем. Духтурони асабшиносу гӯшу бинӣ низ беморони зиёдро қабул карданд. Фишори одамони хело зиёдро санҷидем. Ҷарроҳон низ аз субҳ шаҳрвандонро қабул карданд,”-таъкид кард ӯ.

Азбаски дар Тоҷикистон аз навиштани дорухат шуруъ карда, тамоми намуди хизматрасониҳои тиббӣ пулакӣ аст, одамон маъмулан кӯшиш мекунанд, хеле камтар ба “зиёрат”-и табибон раванд. Арзиши ташхисҳои тиббӣ аз 5 сомонӣ шурӯъ шуда, то ба 80 ва 100 сомонӣ ва аз он бештар мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG