Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарҷоми талх ё чаро Садбарг худкушӣ кард?


Баъд аз худкушӣ (Акс аз бойгонӣ)

Баъд аз худкушӣ (Акс аз бойгонӣ)

Як духтари донишҷӯ аз Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб шоми шанбеи 30 май худро дар дарахти назди манзили зисташон овехт ва бо ин сад ҳадсу гумонро дар зеҳни бошандагони рустои Тугарак эҷод кард.

Ҷасади Садбарг Қарахонова, донишӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлобро субҳи якшанбеи 31-уми май дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугаракӣ ноҳияи Восеъ аз шохи дарахти як боғ бурун оварданд. Пулиси ноҳияи Восеъ ин ходисаро таҳқиқ мекунад, аммо хулосаи ибтидоии ин қазия то ҳол пахш нашудааст. Аммо баъзе дӯстонаш мегӯянд, ки Садбаргро ишқи ноком ва ба духтари дигар издивоҷ кардани дӯстписараш ба худкушӣ таҳрик додааст.

Масъулони Коллеҷи тиббӣ, ки Садбарг донишҷӯи соли дуввуми он буд, эҳтимолан бо ҳадафи шона холӣ кардан аз бори масъулият, гуфтанд, ки ин ҷавондухтар бар асари хуруҷи бемории равонӣ ба ин амал даст задааст.

Аммо Қумрӣ Маҳмудова, ҷонишини директории Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, оид ба тарбия чоршанбеи 3 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ худкушии донишҷӯи шӯъбаи дорусозиро тасдиқ кард ва гуфт, ки Садбарг аз донишҷӯёни фаъол буд ва дар рафтор аз дигарон фарқ мекард. Ӯ мегӯяд, рӯзи шанбе аз дарс баромада, субҳи якшанбе хабари маргашро шунидааст. «Ман Садбаргро дар соли хониши аввал дарс дода будам. Хеле зираку фаъол буд, Ҳайронам, ки чаро ба ин амал даст зад, чаро худкушӣ кард.” – гуфт хонум Маҳмудова.

Дар навор: Коллеҷи тиббӣ дар Кӯлоб

Худкушии донишомӯзон дар минтақаи Кӯлоб ва дар Коллеҷӣ тиббӣ ҳодисаи аввал нест. Панҷ моҳ қабл Эмомалӣ Бозоров, ҳамсабақи Садбарг низ дар пайи як баҳси хонаводагӣ худро ба дор кашида буд. Ҳамсабақони Эмомалӣ низ ӯро зиндадил ва меҳрубон ситоиш мекарданд.

Ҷамшед, як ҳамсабақи Садбарг дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки Садбарг аз рӯзи ҷумъа ғамгин менамуд. «Як ду рӯзи охир зиқ менамуд. Аз ӯ пурсидем, чаро чанд рӯз боз хомӯш аст. Дар ҷавоб танҳо номи дӯстдоштаашро гуфт, гуфт, ки зан гирифтааст. Мо ҳатто гуфтем, ғам нахӯр. Баъдан шунидем, ки Садбарг худро ба дор овехтааст» - гуфт Ҷамшед.

Ҷомеъашиносон минтақаи Кӯлоб мавридҳои хушкушии ҷавононро ба нофаҳмиҳо дар хонавода марбут медонанд, махсусан ба дахолати волидон дар ташкили оила барои фарзандон. Ҷаҳонгир Темуров, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, дар сарзамини Шарқ то кунун як расму оине ҳаст, ки тақдири хурдтарон ба калонсолон вогузошта шудааст. Ба гуфтаи Темуров, вақте духтар ё писар озодона ҷуфти худро интихоб мекунад, падару модар сади роҳи онҳо мешаванд. Ӯ мегӯяд, ҳоло замона дигар шудааст ва зургӯӣ ба фарзанд натиҷаи баръакс медиҳад.

«Мо шарқиён як одат дорем, ки бояд тақдири як каси дигарро дигар кас ҳал кунад, ҳарчанд мо дар асри техноогия, асри иттилот ва озодӣ қарор дорем. Ҳозир бештар духтарҳо ва писарон ҷуфти худро худ интихоб мекунанд, аммо падару модар садди роҳи онҳо мешавад. Онҳо низ ба нишони эътироз ва қассос аз волидон, даст ба худкушӣ мезананд. Мо бояд фарзандҳоро дарк кунем, барои онҳо мустақилятро фароҳам созем, то онҳо рушд кунанд ва моро эҳтиром кунанд, на инки аз мо битарсанд ва пинҳонкор шаванд»,-гуфт Ҷаҳонир Темуров.

Тибқи иттилои расмӣ, аз моҳи марти соли 2015 то ҳол дар манотиқи Кӯлоб 10 нафар даст ба худкушӣ задаст, ки бештари онҳо ҷавон будаанд. Аммо дар Коллеҷи тиббӣ ин сеюмин худкушии донишҷӯён аст ки ҳамагӣ то 20 сола буданд. Ҳодисаҳои худкушии ҷавонон дар минтақаи Кӯлоб то ҳол аз зовияи равоншиносӣ дуруст баҳогузорӣ нашудаанд ва маълум нест, сабаби асабоният ва шикастарӯҳии ҷавонон масъалаи хусусии онҳост ё таъсири муҳите, ки дор он ба сар мебаранд.

Яке аз ҳамсоягони Садбард Қарахонова ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки ҷасади ӯро на аз боғчаи хонаашон, балки аз боғи деҳот дарёфт кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, барои Садбарг чанд маротиб хостгор омада буд, аммо ин хонавода, ки аз оилаи сарватмад буд, ӯро ба зудӣ шавҳар надоданд. Ӯ мегӯяд, аммо аз ошиқ буданаш огаҳӣ надошт, вале баъди марг сару задои зиёд сар зад, ки Садбарг аз дасти "Маҷнун"-аш худро куштааст.

Ҳодисаи дигаре, ки дар Кӯлоб сару садои зиёд мисли марги Садбарг ба бор овард, буд, ин худкушии Дӯсмурод Асламхонов буд. Дӯстмурод як сол қабл худро бо рӯймоли духтари дӯстдоштааш дар дарахти дӯлона, дар мавзеи Хучаки ноҳияи Мӯъминобод ба дор овехт. Ӯ дар ҳоле ба худро ба дор овехта буд, ки хонаводааш ӯро ба издивоҷ бо духтари дигар маҷбур кард. Дӯстдухтараш аз ин ҳодиса бохабар шуда ва бо ҳадафи худкушӣ доруи зиёд хӯрд ва ҷавон аз тарси он, ки духтари дӯстдоштааш ҳалок шудааст, худро ба дор овехт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG