Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти беҳдоштии ноҳияи Ашт китобҳои як дӯкони марбут ба раҳбари созмони маҳалли ҳизби мухолифи наҳзати ислом(ҲНИТ)-ро таҳти санҷиш қарор додаанд.

Масъулони маркази беҳдоштиву вогиршиносии ноҳияи Ашт мегӯянд, китобҳои дарсии дӯкони Шавкат Шарифов, раҳбари созмони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин маҳалро мавриди санҷиш қарор дорад.

Муҳаммадҷон Қаландаров, сардорри маркази беҳдоштиву вогиршиносии ноҳияи Ашт дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин кор аз ҷониби ин ниҳод бори аввал ва бо пешниҳоди додситонии ноҳия сурат мегирад. Ӯ афзуд: “Онҳо ба мо пешниҳод карданд, ки хулосаи худро пешниҳод кунем. Инҳо чанд китоби барои синфҳои 2 – 9 аст, “Забони давлатӣ”, “Забони модарӣ”, “Забони англисӣ”, “Ботаника”. Ношири онҳо ва кай чоп шуданашон маълум аст, аммо сифати коғази онҳо паст ва ҳарфҳояшон хира аст.”


Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Қаландаров, онҳо барои бори аввал даст ба санҷиши сифати китобҳо мезананд. Ин ҳам дар ҳоле ки, ба гуфтаи ин мақом, ин ниҳод барои муайян намудани сифат ва зарарнокии китобҳо ба саломатии хонандагон дастгоҳу таҷҳизоти лозим надоштааст. Ба ин далел шояд китобҳоро барои ташхис ба маркази стандарти Хуҷанд фиристанд.

Шавкат Шарифов, раҳбари созмони ҲНИТ дар ноҳияи Ашт ба Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат мақомоти додситонӣ, интизомӣ, маориф ва беҳдоштии ноҳияи Ашт дӯкони китобфурӯшии ӯро дар шаҳраки Шайдон, маркази ин ноҳия мавриди санҷиши муштарак қарор доданд. Вай афзуд, ки ин санҷиш бо дархости масъулони шӯъбаи маориф ва ба хотири ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ошкор кардани китобҳое, ки ноширон бе иҷозаи муаллиф ва бо сифати паст чоп карда, ба фурӯш баровардаанд.

Шавкат Шарифов мегӯяд: “Эроди онҳо ин буд, ки баъзе китобҳо “шубҳанок” ҳастанд. Онҳо нусхаи китобҳоеанд, ки вазорати маориф ба чоп расонида, ноширон нусхаи онро нашр кардаанд ва аз ҷиҳати сифати коғазу рангу бор ба талаботи сифат ҷавобгӯ нестанд. Аз ҷумла, китобҳои дарсии “Забони давлатӣ” барои синфи 2-и мактабҳои русӣ, “Забони модарӣ”, “Математика”. ”

Мусоҳибам афзуд, масъулони маркази беҳдошти ноҳияи Ашт 15 адад ин гуна китобҳои “шубҳанок”-ро барои санҷиш бо худ бурда гуфтаанд, онҳоро аз нигоҳи он ки оё рангу коғази онҳо ба саломативу биноии мактабхонҳо зарар дорад ё хайр, мавриди санҷиш қарор хоҳанд дод.

Вале раҳбари созмони ҲНИТ дар ноҳияи Ашт бо ин ки мегӯяд, аз санҷиши китобҳои дӯконаш истиқбол кард, эроду хӯрдагириҳои зиёди мақомотро ҳамчун фишор алайҳи худ мешуморад: “Ман тарафдори онам, ки сифати китобҳои дарсӣ санҷида шавад. Аммо додситонӣ санҷиши китобро як сӯ гузошта, ба маркази беҳдоштӣ амр додааст, ки сифати ҳама маводи дӯконро ташхис кунанд ва эродҳои дигар, ки ҷойи дастшӯӣ дар дӯкон ҳаст ё не ва монанди инҳо. Умуман, моҳе нест, ки мақомот дӯкончаи маро, ки ҳамагӣ 10 метри мураббаъ аст, тафтиш накунанд. Моҳе аз идораи сӯхторхомӯшкунӣ мебиёянд, ҷарима мекунанд, моҳи дигар аз идораи беҳдошт, ҳатто аз идораи дезбюро мегуфтаанд, омада ҷарима карданд, ки чаро ба дӯкон доруи зидди ҳашароти зараррасон назадаем. Мебинам, ки ҳамаро ба як чашм намебинанд, дигаронро ин гуна мӯшикофона тафтиш намекунанд,” - гуфт Шавкат Шарифов.

Мусоҳибам афзуд, аз он ки мақомот танҳо дӯкони ӯро ин гуна мӯшикофона таҳти назорат ва санҷиш гирифтаанд, ӯро ба хулосае расонидааст, ки мақомот аз фаъолияти вай дар ҳизби наҳзати исломӣ хуш надоранд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд майдони фаъолияти бе он ҳам хеле хурди соҳибкориро низ барояш танг кунанд.

Дар ҳамин ҳол, маркази “Тоҷикстандарт” дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, кормандони ин марказ дар асоси дархости додситонии вилояти Суғд китобфурӯшиҳои шаҳрҳои Истаравшан ва Қайроқумро низ мавриди санҷиш қарор додаанд. Маҳкамбой Каримов, сухангӯи ин марказ ба Озодӣ гуфт, дар натиҷаи ин санҷиш китобҳоеро, ки ба тариқи нусхабардорӣ ба нашр расидаву дар маърази фурӯш гузошта шудаанд, ошкор кардаанд.

Аммо тафтиши китобҳои дӯкони хурди китобфурӯшии марбут ба фаъоли ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ин ташаккули умдаи мухолифон аз афзоиши фишору таъқиби аъзо ва ҳаводоронаш дар нуқоти мухталифи Тоҷикистон шикоят мекунад ва мегӯяд, ин фишорҳо бахусус дар пешорӯи интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр афзоиш ёфтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG