Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги як сокини 67-солаи Ёвон, дур аз наздиконаш ва дар пеши чашми мардум дар Душанбе ва таъхири мошини “Ёрии таъҷилӣ” барои бурдани ӯ ба бемористон сабаби авҷ гирифтани баҳсҳо дар бораи кори “Ёрии таъҷилӣ” дар Тоҷикистон шудааст.

Фахриддин Киромов, ки 5 сол боз аз бемории қалб ранҷ мекашид, рӯзи 10-уми феврал дар назди даромадгоҳи бинои Додгоҳи олӣ аз ҳуш меравад ва атрофиён барои кӯмак ба ин мард “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват мекунанд. Ба нақли шоҳидон мошини табибон замоне ба ҷойи ҳодиса омад, ки алакай мард фавтида буд. Аксарияти онҳое, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, бар ин боваранд, ки агар мошини “Ёрии таъҷилӣ” таъхир намекард, шояд ин мард наҷот меёфт.

Раҳим Раҳимов,яке аз масъулони бемористони «Ёрии таъҷилии тиббӣ» мегӯяд, дар ҳақиқат он рӯз онҳо соати 11-и рӯз занги телефонро дар бораи беҳуш шудани ин мард қабул карданд ва баъди расо 3 дақиқа гурӯҳе аз табибон барои кӯмак ба ин суроға фиристода шуд. Ин пизишк мегӯяд, «аз сабаби он, ки дар назди вокзали роҳи оҳан танбаи мошинҳо буд, мошини Ёрии таъҷилӣҷои гузаштан наёфт ва тақрибан 12 дақиқа дар он ҷо монд. Аз ин сабаб бригада ба шӯъбаи танзимгарон занг мезанад ва ҳодисаро мефаҳмонад ва шӯъбаи танзимгарон ин даъватро ба як бригадаи дигар, ки дар роҳ буд, медиҳад. То ин мошин мерасад, ки аз замони даъват то расидан ба ҷои ҳодиса 35 дақиқа мегузарад ва вақте духтурон ӯро мебинанд, вай аллакай фавтида буд.»


Ба гуфтаи Раҳим Раҳимов, тибқи муқаррарот, мошини “Ёрии таъҷилӣ” бояд дар муддати 15 дақиқа дар ҷойи ҳодиса бирасад, аммо танбаи мошинҳо гоҳҳо барои сари вақт барои анҷоми ин кор ба онҳо халал эҷод мерасонад. Дар аксари кишварҳои дунё ҳангоми гузаштани мошинҳои марбут ба ниҳодҳои изтирорӣ, аз ҷумла мошинҳои пулису “Ёрии таъҷилӣ” тамоми мошинҳои дигар аз роҳ як тараф шуда, ба ин васоили нақлия роҳ мекушоянд. Чизе ки бо он фарҳанги роиҷ дар ҷодаҳои Тоҷикистон имрӯз амрест ношуданӣ.



Зимнан ин аз ягона мавриде нест, ки масъулият ва зудамалии кори мошинҳои таъҷилӣ дар шаҳри Душанбе мавриди интиқод қарор мегирад. Соле пеш Елена Шербакова, собиқ хабарнигори сомонаи pressa.tj, ки худаш шоҳиди таъхири фоҷеабори мошини “Ёрии таъҷилӣ” шудааст, ин мавзӯъро расонаӣ кард. Елена бо ёдоварӣ аз ин ҳодиса мегӯяд, барои наҷоти падараш аз марг яку ним соат кӯмаки тиббиро интизор шуд, вале дар ниҳоят падарашро аз даст дод.

Ӯ меафзояд, «баъд аз ин, вақте модарам дар дами марг буд ва ман ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задам, “Ёрии таъҷилӣ”баъд аз ним соати марги вай расид. Ман медонам, ки мушкили аслӣ дар нарасидани худи мошинҳост. Зеро вақте худи мошин нест, “Ёрии таъҷилӣ” наметавонад сари вақт биёяд. Биноан пизишкони беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”ҳар қадар хуб ҳам бошанд, наметавонанд кӯмаки саривақтӣ расонанд, зеро ба занги шумо ҷавоб медиҳанд, ки пеш аз омадан ба манзили шумо мо бояд ду даъвати дигарро анҷом бидиҳем ,шумо интизор бошед. Бале, ман мефаҳмам, ки волидайни ман солхӯрда буданд, вале вақте як ҷавоне бемории дил дорад ва ё ягон кӯдаке дар дами марг аст ва кӯмаки аввалияро гирифтан натавонад, ин фоҷеа аст. »

Елена баъд аз даргузашти волидайнаш барои иқомати доимӣ Русияро интихоб кардааст, зеро мегӯяд, итминон дорад, ки хадамоти тиббӣ дар ин кишвар сари вақт барои ӯву фарзандонаш дастрас мешаванд.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки масъулони беморхонаи «Ёрии таъҷилии тиббӣ» мегӯянд, дар шаҳри Душанбе беш аз 20 мошини "Ёрии таъҷилӣ" фаъол аст ва ҳар кадоме аз онҳо дар як шабонарӯз барои ҳудуди 15 бемор хидмат мерасонад. Бобоқул Мӯъминов, сардухтури ин бемористон гуфт, ба ҳисоби миёна ба ҳангоми қабули даъват мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”то 12 дақиқа ба назди бемор мерасанд. Ин рақам чанд сол пеш 21 дақиқаро ташкил медодааст.

Бобоқул Мӯъминов

Бобоқул Мӯъминов

Бобоқул Мӯъминов мегӯяд, «тибқи меъёрҳои ҳуҷҷатҳои қабулшуда, мо бояд то 15 дақиқа дар ҷои ҳодиса қарор бигирем, яъне мо аз меъёр ҳам беҳтар кор карда истодаем. Ин ба ҳисоби миёна аст, албатта. Дар алоҳидагӣ вобаста ба ҷои даъват, масалан дар тарафи Гипрозем ва ё Зарафшон мошин бо суръати миёна ҳатто агар равад, то 25 дақиқа меравад, Ва агар мо 4 дақиқаи дигарро барои ҷамъ шудану аз ҳудуди бемористон берун рафтани мошин ба инобат бигирем ва инчунин баромадан ба биноҳои 9-ошёна тақрибан 6 дақиқа вақтро мегирад, ки дар маҷмӯъ ним соатро ташкил мекунад. Аммо ин ҳама сабабҳои объективианд. Бояд гуфт, даъватҳои“Ёрии таъҷилӣ”ба ду гурӯҳ тақсим мешавад: таъхирнопазир, аз қабили садамаи нақлиётӣ, бемориҳои дил, хунпечии майнаи сар, ки то 15 дақиқа бояд ба онҳо кӯмак расонда шавад ва таъхирпазир, ки ба ҷони бемор хатар таҳдид намекунад. Табиист ки бемордорон ҳар дақиқаро мешуморанд, аммо онҳо низ бояд дарк кунанд, ки ҳангоме ки дар болои мизи кории масъул даъватҳои фаврӣ аст, табиист, ки духтурон дар мадди аввал бо онҳое кӯмак мерасонанд, ки дар дами марганд. »

Ҷаноби Мӯъминов мегӯяд, дар як шабонарӯз мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” дар пойтахт то 170 даъват мегиранд ва барои расонидани кӯмаки тиббӣ 14 гурӯҳи пизишкон фаъолият мекунад. Гуфта мешавад, беш аз нисфи даъватҳо марбут ба бемориҳои дилу рагҳо ва фишори баланд будааст. Дар ин баробар, ба таъкиди ҷаноби Мӯъминов, дар 5 фоизи ҳолатҳо даъватҳои бардурӯғ сурат мегиранд, ки ба кори “Ёрии таъҷилӣ” халал оварда, боиси масрафи беҳудаи вақт мешавад.

Аммо бо беҳтар шудани шароити фаннии ин бемористон, аз ҷумла таъмин шуданаш бо мошинҳои муосири тиббӣ, бархе аз сокинон мегӯянд, ба фарқ аз чанд соли пеш хадамоти “Ёрии таъҷилӣ” хеле беҳтар шудааст. Аз ҷумла Нозукмоҳ Самадова, як сокини пойтахт мегӯяд, «ҳолатҳои зиёде мешаванд ки мо мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро дар соати 1 ва ё 2-и шаб даъват мекунем ва онҳо сари вақт меоянду хидмат мекунанд. Агар бемории ҷиддӣ бошад, ба бемористон ҳам интиқол медиҳанд. Корашон хуб аст, рости гап, пул ҳам талаб намекунанд.»

Масъулони бемористони “Ёрии таъҷилии тиббӣ” мегӯянд, бо қарори шаҳрдорӣ ба онҳо барои харидории боз 43 мошини “Ёрии таъҷилӣ”маблағ ҷудо шудааст ва то охири сол сохтмони як зеристгоҳи таъҷилии замонавӣ низ ба анҷом мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG