Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз мониторинги ахир, ки нашрияҳоро барои риоя накардани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ раддабандӣ карда буд, аз ду нашрия узрхоҳӣ кард.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, бо он, ки мониторинги матбуотро зарур мешуморанд, аммо барои расидан ба иззати нафси ин ду рӯзнома дар тарзи ифода ва ҷобаҷокунии нашрияҳо аз онҳо узр пурсидааст: «Азбаски ин мониторинг мавқеи расмии Шӯро набуд, балки мулоҳизаҳои як гурӯҳи хурди онҳое буд, ки ба ин кор ҷалб шуда буданд. Ба ин хотир аъзои ширкатдорони ҷаласа ба ин хулоса омад, ки мутасаддӣ ё раҳбари гурӯҳи ин мониторингҳо, ки банда ҳастам, аз номи ин гурӯҳи корӣ узрхоҳӣ кунам. Ва дар ҳузури худашон расман узр пурсидам.»

Узрхоҳии гурӯҳи кории Шӯрои ВАО рӯзи 31-уми январ дар ҷаласаи васеи он бо ширкати муассиссон ва сардабирони нашрияҳо сурат гирифтааст. Дар ин ҳамоиш аксарият ҳарчанд аз баргузории худи мониторинг ё пайгирии вазъи ахлоқи касбӣ дар матолиби расонаҳо ҳимоят карданд, шеваи нашри натиҷаҳои онро ғайри қобили қабул донистанд.

Қироншоҳи Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО.

Қироншоҳи Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО.

Шӯрои ВАО аз моҳи июл то охири соли 2013 матолиби 43 нашрия ва 10 сомонаи интернетиро мавриди пайгирӣ қарор дод. Дар хулосаи он, ки 24 январ, нашр шуд, расонаҳо аз рӯи иҷрои бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба се гурӯҳ - солим («Нигоҳ», «Рӯзгор», «Фараж», «Озодагон», «Адабиёт ва санъат», «Азия-плюс», маҷаллаҳои «Бонувон», «Чашма», «Навниҳол» ва ғ.), калаванда ( «Садои мардум», «Народная газета», «Имрӯз-News», ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «СССР», «Миллат», «Ману ту») ва носолим («Ҷумҳурият», ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард») тақсим шуданд. Ин раддабандӣ сабаби норозигии бархе аз нашрияҳо шуд.

Ва ин гурӯҳбандӣ норизоиятии бархе расонаҳоро ба миён овард. Нашрияҳои «Имрӯз – нюс» ва «Миллат» аз ин пайгирӣ ё мониторинги Шӯрои ВАО – и Тоҷикистон дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигорӣ эътироз карданд.

Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи "ИмрӯзNews" дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, эътирози онҳо на аз баргузории мониторинг, балки раддабандӣ шудани ин пайгирӣ будааст. Рустами Ҷонӣ афзуд: «Қонуни мониторинг ин аст, ки зуҳуротро пайгирӣ мекунад ва мо аз баҳогузорӣ норозӣ будем ва ин норозигии худамонро ба аъзои Шӯро расонидем ва хушбахтона, ин даъвои мо асоснок пиндошта шуд ва ба таври расмӣ узрро қабул кардем».

Шаҳло Акобирова, узви Шӯрои ВАО мегӯяд, ки ин мониторинг бояд расонаӣ намешуд.

Шаҳло Акобирова, узви Шӯрои ВАО мегӯяд, ки ин мониторинг бояд расонаӣ намешуд.

Аммо сарфи назар аз узрхоҳии раиси Шӯрои ВАО, муассиси нашрияи "ИмрӯзNews" гуфт, масъалаи узвияти рӯзномаро дар ин шӯро ҳайати эҷодии "ИмрӯзNews" ҳал хоҳад кард. Кормандони нашрия таҳдид мекарданд, ки ба нишони эътироз ин шӯроро тарк хоҳанд кард.

Пас аз нашри натиҷаҳои пайгирӣ сардабири «Ҷумҳурият» Муҳаммад Ғоиб низ эълом дошта буд, ки аз он норозист ва дар як номаи расмӣ шарҳи муаллифони раддабандиро талаб хоҳад кард.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, муассиси «Чархи гардун» ва ҳам узви Шӯрои ВАО гуфт, тарафдори баргузории мониторинг аз сӯи ин Шӯро аст, аммо Шӯро ВАО ҳаққи тақсим кардани расонаҳои Тоҷикистон ба солиму носолим надорад. Дар ҳамин ҳол Шаҳло Акобирова, узви Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегӯяд, ин мониторинг, ки бори аввал анҷом шудаву аз иштибоҳ орӣ набуд, бояд расонаӣ намешуд.

Қироншоҳ Шарифзода раҳбари Шӯрои ВАО мегӯяд, аъзои нишаст баргузории чунин мониторинг ва пайгирии меъёрҳои ахлоқии касбии журналистӣ дар Тоҷикистонро зарур донистанд, аммо Шӯро истилоҳу ифодаҳоеро, ки мояи норозигии нашрияҳо шудаааст, лағв кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG