Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "Тоҷикон гӯшти кам истеъмол мекунанд"


Ахиран маҷаллаи бритониёии The Economist пажӯҳишеро бар пояи омори СММ дар мавриди истеъмоли масолеҳи гӯштӣ дар ҷаҳон нашр кард.

Дар ин пажӯҳиш, ки 177 кишварро фаро гирифтааст, Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Шӯравии пешин дар зинаи охирин ҷой дорад.

Пажӯҳиш муайян кардааст, ки дар Тоҷикистон як нафар солона 12,6 кило гӯшт истеъмол мекунад. Ҳарчанд ҳамин рақам дар Беларус 72, Русия 60 ва Узбакистон 26 килоро ташкил менамояд. Талаботи миёнаи ҷаҳонии истеъмоли гӯшт барои як нафар дар сол 39 кило будааст.

Нашри ин пажӯҳиш дар ҳолест, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар як рӯз дар бозорҳои пойтахт аз 9 то 10 тонна гӯшт ба фурӯш гузошта мешавад. Маҳсулоти гӯштӣ ба бозорҳои пойтахт аз ноҳияҳои Данғараву Ваҳдат ва Рудакӣ, инчунин, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияи Мурғоби Бадахшон ворид мешаванд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон талабот ба маҳсулоти гӯштӣ ҳамеша вуҷуд дошт, поин будани нишондоди истеъмоли он дар кишвар, ба гаронии нархи гӯшт марбут дониста мешавад.

Дар растаҳои гӯштфурӯшии бозорҳои Душанбе
Дар растаҳои гӯштфурӯшии бозорҳои Душанбе
Лутфулло, соҳиби дӯкони гӯштфурӯшии бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт, мегӯяд, аз субҳ то нисфирӯзӣ ҳамагӣ чанд кило гӯшт савдо кардааст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, бозори онҳо маъмулан дар рӯзҳои ид гарм мешавад, ки бархе аз мизоҷон ҳатто бештар аз 15-30 кило гӯштро харидорӣ менамоянд:

«Баъзан як говро дар як рӯз мефурӯшем, баъзан дар се рӯз. Зиёданд нафароне, ки барои як ҳафта то 3 ё 4 кило гӯшт харидорӣ мекунанд. Аҷиб ин аст, ки баъзан харидоре меояд, ки хеле либоси қиммат дар тан дорад, аммо ҳамагӣ 1 кило гӯшт харидорӣ мекунад, аммо нафаре меояд,ки зоҳиран камбизоат аст, вале 15 кило мегирад. Яъне фаҳмидан душвор.»

Ин шабу рӯз ба сокинони Тоҷикистон, ки қишри бебизоати он беш аз 40 дарсадро ташкил медиҳад,1 кило гӯшти гов аз 26 то 33 сомонӣ ва як кило гӯшти гӯсфанд аз 29 то 31 сомонӣ фурӯхта мешавад. Гӯштфурӯшон сабаби гаронии нархро ба муқаррароти шаҳрдории Душанбе дар мавриди манъи парвариши чорво дар шаҳр ва боло рафтани арзиши маводи хӯрока барои ҳайвонот рабт медиҳанд. Аммо бо ин
Маҳсулоти мурғӣ ба Тоҷикистон асосан аз Бразилия ва Эрон ворид карда мешавад
Маҳсулоти мурғӣ ба Тоҷикистон асосан аз Бразилия ва Эрон ворид карда мешавад
ҳама чуноне мушоҳида мешавад, дӯконҳои фурӯши гӯшт дар бозорҳо торафт афзоиш меёбад. Танҳо дар дохили бозори «Шоҳмансур» 19 нуқтаи гӯштфурӯшӣ амал мекунад.

Лутфулло, ҳамсӯҳбати гӯштфурӯши мо гуфт, «пештар вақте талабот ба гӯшт зиёд буд, қассабон кам буданд. Вале ҳоло ҳам гӯшт бисёр аст ва ҳам қассоб. Хулоса барои харидорон имкони интихоби гӯшти беҳтар фароҳам оварда шудааст.»

Абдумусаят Ашӯров, як сокини пойтахт ҳам мегӯяд, бо вуҷуди камии маош, ӯ ҳамеша кӯшиш мекунад, хонаводаи 6-нафарияш ғизои богӯшт истеъмол кунанд. Ӯ мегӯяд, хонаводаи ӯ дар як ҳафта як кило гӯшт масраф мекунад: «Ҳаракат мекунем, ки таоми мо бе гӯшт набошад ва ҳадди аққал дар ҳар коса як буридагӣ гӯшт мекашем.То ин, ки инсон ҳис кунад, ки гӯшт хӯрдааст.»

Аммо барои Фотима, як зане, ки ба савдои мавсимӣ дар бозор машғул ҳаст, истеъмоли маҳсулоти гӯштӣ соле як
Қимати як кило гӯшт ҳоло дар бозорҳои Душанбе аз 27 то 33 сомонӣ мебошад.
Қимати як кило гӯшт ҳоло дар бозорҳои Душанбе аз 27 то 33 сомонӣ мебошад.
маротиба даст медодааст. Ин хонум мегӯяд, талаботи хонаводаи худро ба маҳсулоти гуштӣ аз ҳисоби ҳасибҳои арзон ва ҳам мурғи яхшуда ҷуброн мекунад.

Зимнан, дар Тоҷикистон, нархи килои маҳсулоти мурғӣ, ки асосан аз Бразилия ва Эрон ворид карда мешавад, аз 11 то 13 сомонӣ ва қимаи гӯшти истеҳсоли Эрон 23 сомонӣ қиммат дорад.

Вале бино ба пешгӯиҳои донишмандон, баъди 40 сол инсоният ба тамом аз хӯрдани маҳсулоти гӯштӣ даст хоҳад кашид. Чун ба бовари ин донишмандон, афзоиши аҳолӣ дар сайёра одамонро ба камбудӣ ғизо, аз ҷумла гӯшт мувоҷеҳ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG