Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қиматҳо ва таҳдиди амнияти ғизоӣ


Тахминҳо дар мавриди боло рафтани нархи маводи ғизоӣ дар пайи афзудани қимати маводи нафтӣ дар Душанбе ба воқеият табдил меёбад.

Иноятхон, сокини Душанберо мо дар сари ғурфаи гӯштфурӯшони бозори Шоҳмансури Душанбе вохӯрдем, ки хеле асабӣ буд. Вай бо гӯштфӯрӯшон вориди баҳс шуда, тақозо мекард, ки барои ӯ гӯшти хуб пайдо кунанд. Аммо фурӯшандагон мегуфтанд, ки ба ҷузъ он чӣ, ки дар ғурфа мебинад, моли дигаре надоранд. Воқеан, пораҳои гӯште, ки дар ғурфаҳо овезон буданд, зард гашта ва ҳам пурустухон буданд. Иноятхон ба мо гуфт, мушкил ин аст, ки танҳо ҳарф дар гӯшт нест: «Ана, ордро бинед, равғану бензинро бинед, дигар маводро бинед, ки дар бозор рӯз ба рӯз қимат мешаванд. Гап фақат сари гӯшт нест. 25 сӯм аст, 27 аст, ҳар қадаре, ки нашавад, ман ним кило ҳам бошад, гӯшти хуб мехарам.»

Аммо Насим, як гӯштфурӯши бозор Шоҳмансур мегӯяд, боло рафтани қимат
Растаи гӯштфурӯшӣ дар бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт
ва камёфт шудани гӯшт он қадар ба маводи сӯхт рабте надорад: «Нархи ем қимат шуд. Ҳоло нархи як кило ем 20 дирам буд, 2 сомониву 80 дирам ё 3 сомонӣ шудааст. Як мошини коҳ - 1000 сомонӣ. Як гов дар як рӯз бояд 20 кило, ками кам 10 кило бояд ем хӯрад. Чорводорон кам гов бонӣ мекунанд, барои он ки алаф шуд.»

Насим бо ишора ба гӯштҳои зарди ғурфааш гуфт, агар гов ем нахӯрад, гӯшташ зард мешавад ва фарбеҳиаш ҳам коҳиш меёбад. Ҳаво ки дар Душанбе гарм шудааст, ин гуна гӯшт зуд сифаташро аз даст медиҳад.

НАРХИ БАЛАНДУ САД БАҲОНАИ САВДОГАР

Аммо дар бозори Шоҳмансур ҳамсӯҳбатони мо бар муназзам боло рафтани нархҳо ҳама ишора мекунанд. Ба қавли онҳо, сари қимати ҳар кило маводи ғизоӣ аз 10 дирам то 1 сомонӣ зам шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки қимати 1 доллар ба 4 сомониву 55 дирам ва 1 литри бензин 5 сомониву 20 дирам расидааст. Танҳо бодирингу помидори дохилӣ, ки як моҳи қабл то 20 сомонӣ арзиш доштанд, ҳоло ба 4 то 6 сомонӣ поён омадаанд.



Болоравии қимати маводи ғизоиро коршиносон ба афзудани қимати сӯзишворӣ, хушксолӣ ва низ тоҷироне рабт медиҳанд, ки аз вазъ сӯистифода мекунанд. Аммо ин таҳлилҳо шаҳрҳоро дарбар мегиранд.

ОСЕБПАЗИРӢ АЗ ЛИҲОЗИ АМНИЯТӢ ҒИЗОӢ

Федерик Шарпенгиер, раҳбари шӯъбаи маводи ғизоии намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир вазъи кишвар, бахусус дар минтақаи Рашт, водии Зарафшон ва дигар манотиқи умдатан деҳқоннишин он қадар хуб нест ва ҳудуди 25% мардуми кишвар аз лиҳози амнияти ғизоӣ осебпазир ҳастанд.

Вай афзуд: «Ба фикрам, барои ҳукумат коре кардан хеле мушкил аст, зеро дар ҳоли ҳозир аксари мушкилот аз хориҷ меоянд. Русия боҷи гумрукиро барои маводи нафтӣ боло мебарад. Камбуди ғизо дар саросари ҷаҳон пеш омадааст ва дар баробари ин болоравии он мушоҳида мешавад. Кишварҳои масир- Ӯзбакистону Қазоқистон қимати транзити молу колоро баланд карданд. Ин кишварҳо қимати боҷро боло мебаранд, ба он хотир, ки худ ба мушкил печидаанд.»

Оқои Шарпенгиер гуфт, намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон барои ҳалли мушкили камбуди ғизоӣ дар Тоҷикистон чанд барнома, аз ҷумла кӯмак ба деҳқонони маҳаллиро рӯи даст гирифтааст. Вай афзуд, қисмати умдаи хатари камғизоӣ бояд аз дохили Тоҷикистон ҳал шавад.

"ҲУКУМАТ ВАЗЪИ ПЕШОМАДАРО ИНТИЗОР НАДОШТ"

Тоҷикистон кишвари умдатан воридкунандаи маводи ғизоӣ маҳсуб мешавад ва тибқи иттилоъи расмӣ, 60 дарсади маводи ғизоӣ, аз ҷумла, гандум - «зеби дастурхон»-и мардуми кишварро аз хориҷ ворид мекунад. Ҳамчунин нуриҳои зарур барои тавлиди маводи ғизо ва маводӣ сӯхтро 100 дарсад аз хориҷ меорад.

Мақомот мегӯянд, барои захираи гандум ва маводи сӯхт иловатан 60 миллион ва барои таҳияи захираҳо 260 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ҷудо шудааст ва ҳамчунин барои дастгирии қишрҳои осебпазир, оилаҳои камбизоат, маъюбон ва нафақахӯрон 260 миллион сомонии буҷа сарф мешавад.

Масъули яке аз вазоратҳо, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад гуфт, бо ин вуҷуд, дар муқовимат бо хатари камғизоӣ кишвар ба далоили камбуди буҷа зарфиятҳои ночиз дорад ва низ ҳукумат интизор надошт, ки ҳамчунин вазъ пеш хоҳад омад.

Федерик Шарпенгиер, аз намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон мекӯшад, ки ба вазъ вокуниш нишон диҳад, аммо имкониятҳояш хеле маҳдуданд, зеро имкони пурра таъмин намудани мардум бо ғизо ва ҳам назорати нархҳо дар бозорҳоро надорад, бахусус тариқи истифодаи захира ва баргузории ярмаркаҳо. Вай афзуд, ин тадобирро намешавад тамоми сол роҳандозӣ кард ва роҳи ҳалли масъала ҳамоно ба даст овардани ҳосили хуб дар дохили кишвар аст.
XS
SM
MD
LG