Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиммати гӯшт дар пойтахти Тоҷикистон башиддат боло рафт


T
T

Гӯштфурӯшиҳои Душанбе дар фарҷоми Иди Фитр қиммати муҳсулоти худро ба 40 сомонӣ баробар карданд.

Пас аз ду рӯзи таҷлили иди Фитр, субҳи рӯзи чоршанбеи 30 июл як кило гӯшт дар дӯконҳои гӯштфурӯшии бозори "Саховат" 40 сомонӣ ба фурӯш рафт.

Ин вазъ мояи нигаронии амиқи харидорону сокинон гардида ва аз он изҳори тааҷҷуб мекарданд, ки чаро нархи як кило гӯшт дар арафаи иди Фитр 36 сомонӣ қимат дошт, ҳамакнун боз ба 40 сомонӣ расидааст?

Чун бо қимати 40 сомонӣ фурухта шудани як кило гӯшт дар оғози моҳи Рамазон дар аксари бозорҳои шаҳри Душанбе ба мушоҳида расида буд.

Фурӯшандагони гӯшт дар бозори "Саховат" дар посух ба тааҷҷуби харидорону сокинон гуфтанд, ки аз тариқи 40 сомонӣ фурӯхтани як кило гӯшт мехоҳанд, то зарари расидаашон дар моҳи Рамазон ва арафаи иди Фитрро ҷуброн кунанд.

Яке аз ин фурӯшандагон гуфт, "мо маҷбур будем, ки дар моҳи Рамазон ва арафаи иди Фитр як кило гӯштро 38 сомонӣ харем ва ба сокинон бо қимати 36 сомонӣ, ки талаботи комиссияи назоратии шаҳрдорӣ буд, фурӯшем. Ҳоло бояд он зарари расидаро аз тариқи 40 сомонӣ ба фурӯш гузоштани як кило гӯшт, пӯшонем."

Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе фаъолияти комиссияи назоратӣ дар бозорҳои пойтахт, ки намояндагони ҷомеаи маданӣ низ шомили он буданд, бо анҷоми моҳи мубораки Рамазон ба поён расидааст.

Ҳол он, ки ба гуфтаи нозирони умур, намояндагони ин комиссиюн муддати як моҳ нархи маҳсулоти мавриди ниёзро дар бозорҳо назорат мекарданд ва намегузоштанд, то фурӯшандаҳо ба таври дилхоҳи худ маҳсулотро бо нархҳои гарон ба фурӯш гузоранд.

Ҳамакнун ин нозирон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба якбора боло рафтани нархи гӯшт дар бархе аз бозорҳои пойтахт, ҳукумати шаҳри Душанберо лозим аст, то иқдомоти ҷиддии муассиреро рӯи даст бигирад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG