Пайвандҳои дастрасӣ

Марги нобаҳангоми Макс Шатои сесола дар шаҳраки Гардендейли аёлати Техас дар маркази як ҷанҷоли байналмилалӣ қарор гирифт.

Муфаттишон шароити марги ин кӯдакро таҳқиқ доранд, вале ба қавли коршиносон, муоинаи тиббӣ ва бозпурсии модари Макс қазияро рӯшан хоҳад кард.

Охири моҳи гузашта оилаи Лора ва Алан Шато ба идораи полиси шаҳраки Гардендейли аёлати Техас занг зада хабар доданд, ки фарзанди сесолаи онҳо Макс беҳуш асту ба кӯмаки фаврии тиббӣ ниёз дорад. Вале табибон натавонистанд Макси сесоларо ба ҳуш оранд ва баъди муддате ӯ ҳалок шуд.
Имрӯз қазияи марги Макс ба як ҷанҷоли байналмилалӣ табдил ёфтааст.


Аслан Макс ва бародараш Кристофер дар Русия бо номи Максим ва Кирил Кузмин дар як ятимхонаи Русия тарбия гирифта, оилаи Шато онҳоро ба фарзандӣ хонд ва ба аёлати Техас бурд. Дар ҳоле ки таҳқиқи қазияи марги Макс идома дорад, баъзе мансабдорони Русия мегӯянд, марги ин кӯдак собит мекунад, ки манъи фарзандхонии кӯдакони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрико қарори дуруст будааст.

Департаменти давлатии ИМА даъват кардааст, ки то анҷоми тафтиш ягон ҷонибе ба баровардани хулосаҳои тахминӣ роҳ надиҳад.
Ширлӣ Стандефер, сармуфаттиши тиббии ин қазия мегӯяд, ӯро баъди марги Макс ба шифохона даъват карданд. Ин хонум меафзояд, ки дар тани Макс изи захм зиёд буд, вале наметавон гуфт, ки ин захмҳоро Макс кай бардоштааст - дар Русия ё дар Амрико.

Стандефер таъкид кард, ки таҳқиқи токсикологии ҷасади Максро Натан Галловей баргузор намудааст, вале эҳтимол натиҷаи он ҳафтаи оянда эълон шавад.
Стандефер хотирнишон кард, ки ҳамон 21-уми январ ӯ ва муфаттиш аз идораи шариф ё худ раиси идораи полиси маҳаллӣ падару модари Максро бозпурсӣ намуданд.

Лора Шато мегӯяд, рӯзи фоҷеа ӯ ду фарзандашро берун бароварда, ҳамроҳ бо онҳо дар ҳавлӣ сайр дошт. Вай гуфтааст, барои лаҳзае ба хона даромаду вақте ба рӯи ҳавлӣ баргашт, Максро дар ҳоли беҳушӣ дар рӯи замин дид ва хадамоти наҷотро даъват кард.


Нозири минтақавӣ Марк Доналдсон мегӯяд, чанд рӯз пеш намояндаи сафорати Русия дар Вашингтон Сергей Чумарев ҳам ба Гардендейл ташриф оварда буд.
Комиссари ҳуқуқи кӯдаки Русия Павел Астахов талаб кардааст, ки мансабдорони рус бо тамоми маводи марбут бо қазияи марги Макс шинос шуда, дар эълони айбномаи расмӣ саҳм гиранд. Аммо Доналдсон ин пешниҳодро қабул надорад. Ӯ мегӯяд:


“Ин тифл фарзанди Техас буд. Ӯ дар Техас иқомат дошт. Ӯ дар минтақаи зери назари ман ҳалок шудааст. Ман бояд таҳқиқ кунам, ки чӣ ҳодиса рӯй дод. Албатта русҳо фирк мекунанд, ки ҷиноят рӯпӯш шудаасту касе дар фикри таҳқиқ он нест. Аммо чунин тахмин ғалат аст. Ин таҳқиқи марги кӯдаки амрикоӣ мебошад, на таҳқиқи марги кӯдаки хориҷӣ. Мо тамоми кори аз дастамон меомадаро ба хотири кашфи сабаби марги ин кӯдак масраф хоҳем кард.”


Хонум Лора Шато дар гузашта муаллимаи мактаб дар 30 километрии Гардендейл буд, вале вақте ду кӯдаки русро фарзанд хонд, тасмим гирифт, ки корро канор гузошта, ҳаёташро ба тарбияи фарзандонаш бахшад. Шато дар соли 2011-ум барои ошноӣ бо фарзандони ояндааш ба Русия сафар карда буд. Баъд тибқи иттилои ҳамкоронаш дар охири соли 2012-ум Макс ва Кристоферро ба Амрико овард.


Ҳоло Кристофер ҳамроҳ бо падараш Алан Шато ба сар бурда, баъзан нозирони ҳуқуқи кӯдак бо ӯ мулоқот мекунанд. Сафорати ИМА дар Маскав ва раиси полиси маҳаллӣ Доналдсон тақозо кардаанд, ки вазъи Кристофер зери назорат аст.
Дар ҳамин ҳол мансабдорони Русия талаб доранд, ки Кристофер Шато ба Русия ба модари биологиаш Юлия Кузмина баргардонида шавад. Рӯзи 21-уми январ Кузмина, ки Макс ва Кристоферро ба дунё овардааст, тавассути телевизиони Русия изҳороте пахш намуда, аз президенти ин кишвар Владимир Путин илтиҷо кард, дар бозгардони фарзандаш ба ӯ кумак расонад.


Кузмина аз сабаби беаҳамиятӣ ба фарзандонаш ва нӯшидани бидуни меъёри машрубот аз ҳақи тарбияи фарзандонаш маҳрум шуда буд. Шоми панҷшанбе ҳам баъди мусоҳибаи телевизионӣ ӯ озими Маскав шуд, вале дар қатори роҳи оҳан арақи зиёд нӯшида, ба бетартибӣ даст зад. Тибқи гузориши расонаҳои Русия, маъмурони қатори роҳи оҳан маҷбур шуданд, полис даъват намуда, Кузминаро аз вагон ихроҷ намоянд.
XS
SM
MD
LG