Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, ки аз Яна Алексеевна (Озарбойҷон) шикаст хӯрд, аз роҳхати олимпӣ бенасиб монд.

Муштзани машҳури тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, бегоҳи 21 май дар даври дувум дар вазни то 60 кило аз рақибаш Яна Алексеевна аз Озарбойҷон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, Мавзуна дар даври муқаддамотӣ бар Вен-Линг Чен аз Тайван бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд. Ба ин тартиб, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум гашт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки 19 май дар маҷмааи варзишии «Барис - Арена»-и Остона, пойтахти Қазоқистон, оғоз ёфт, Тоҷикистонро ду варзишгар намояндагӣ карда, ҳарду ноком шуданд.

Муштзани дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рӯзи аввали мусобиқа, 19 май, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 75 кило қувваозмоиро ба рақибаш Сара Шеурих аз Олмон бохт. 43 сония пеш аз хотимаи раунди севум муштзани олмонӣ Шоираро бо зарбаи фаннӣ шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Ба ин тартиб, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова аз шонси охирини ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 истифода карда натавонистанд.

Ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷаҳонӣ бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз 73 кишвар дар пойтахти Қазоқистон то рӯзи 27 май идома хоҳад кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Остона варзишгарон ба ҷуз унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо, инчунин дар се вазн (-51, -60 ва -75 кг) барои 12 роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро мубориза мебаранд. Яъне дар ин се вазн муштзанҳое, ки ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Ин охирин имконоти ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ ба Рио-2016 барои бонувони муштзани ҷаҳон мебошад.

Ба назари коршиносон дар байни муддаиёни аслии медалҳои тиллои қаҳрамонии ҷаҳон чунин муштзанҳои маъруф, ба монанди Кэти Тэйлор (Ирландия), Мэри Ком (Ҳиндустон), Кларисса Шилдс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), қаҳрамони олимпӣ Никола Адамс (Британияи Кабир) ва Жэн Тзантзан (Чин) ҳастанд.

Намояндагони Урдун, Мозамбик ва Серра-Леоне барои аввалин бор дар чунин мусобиқа ширкат меварзанд.

Охирин мусобиқае, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза хоҳанд бурд, ин қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон аст. Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ аз 14-ум то 26-уми июн дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG