Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, дар аввалин даври қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Остона бар Вен-Линг Чен аз Тайван пирӯз шуд.

Муштзани машҳури тоҷик Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 60 кило бар рақибаш Вен-Линг Чен аз Тайван пирӯз шуд.

Дар ин қувваозмоӣ, ки бегоҳи панҷшанбеи 19 май баргузор шуд, Мавзуна бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Рақиби Мавзуна дар даври навбатӣ, ки бегоҳи шанбеи 21 май барпо мегардад, Яна Алексеевна аз Озарбойҷон мебошад. Дар вазни то 60 кило ҳамагӣ 47 муштзан иштирок мекунад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки 19 май дар маҷмааи варзишии «Барис - Арена»-и Остона, пойтахти Қазоқистон, оғоз ёфт, Тоҷикистонро ду варзишгар намояндагӣ мекунад.

Вале муштзани дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рӯзи аввали мусобиқа, 19 май, ба нокомӣ дучор шуд. Ӯ дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 75 кило қувваозмоиро ба рақибаш Сараҳ Шеурих аз Олмон бохт. 43 сония пеш аз хотимаи раунди севум муштзани олмонӣ Шоираро бо зарбаи фаннӣ шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Ба ин тартиб, Шоира Зулқайнарова аз шонси охирин истифода карда натавонист ва аз роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум шуд.

Ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷаҳонӣ бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз ҳудуди 70 кишвар то рӯзи 27 май идома хоҳад кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Остона варзишгарон ба ҷуз унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо, инчунин дар се вазн (-51, -60 ва -75 кг) барои 12 роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро мубориза мебаранд. Яъне ғолибону муштзанҳое, ки мақомҳои ифтихориро ишғол мекунанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Ин охирин имконоти ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ барои бонувони муштзани ҷаҳон мебошад.

Ба назари коршиносон дар байни муддаиёни аслии медалҳои тиллои қаҳрамонии ҷаҳон муштзанҳои маъруф, ба монанди Кэти Тэйлор (Ирландия), Мэри Ком (Ҳиндустон), Кларисса Шилдс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), қаҳрамони олимпӣ Никола Адамс (Британияи Кабир) ва Жэн Тзантзан (Чин) ҳастанд.

Намояндагони Урдун, Мозамбик ва Серра-Леоне барои аввалин бор дар чунин мусобиқа ширкат меварзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG