Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти Мавзуна Чориева(ВИДЕО)


Мавзуна бо мураббиаш Баланов ва шавҳараш Амон
Мавзуна бо мураббиаш Баланов ва шавҳараш Амон

Мавзеъи Чилдухтарон, воқеъ дар ноҳияи Мӯъминобод нахустин макони тамрини Мавзуна Чориева, ягона ҷоизадори бозиҳои олимипии Лондон-2012 аз Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ӯ дар ҳоле дубора ба машқ оғоз кардааст, ки модари як духтари чормоҳа бо исми Бибиосия аст.

Аҳдофи бузург ин қаҳрамондухтари тоҷик дар риштаи боксро маҷбур кардааст, то духтарашро ба тарбияи волидайни шавҳараш супорад ва муддате аз ӯ дур бошад. Мавзуна мегӯяд, тасмими дурӣ аз ҷигарбандашро ба сахтӣ қабул кардааст ва ҳоло ҳангоми машқ ҳар вақте мушт боло мекунад, чеҳраи Бибиосия пеши назараш меояд.

Мавзуна Чориева дар Чилдухтарон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00
Линки мустақим



Тамрин пас аз эҳсоси модарӣ


Машқгоҳи Мавзуна дар Чилдухтарон
Машқгоҳи Мавзуна дар Чилдухтарон
Мо бо ӯ дар Чилдухтарон, воқеъ дар 70- километрии Кӯлоб вохӯрдем.
Мавзуна мегӯяд:«Фақат модарон метавонанд эҳсоси маро дарк кунад. Гоҳо барояш гиря гулӯгирам мекунад, аммо эҳсоси дигаре таҳрикам медиҳад, то тамрин кунам. Ваъда карда будам, ки пас аз фарзанддор шудан дубора ба бокс бармегардам. Ин ваъда ба 8 миллион сокини Тоҷикистон буд. Ҳамин ваъда ва бори дигар боло кардани парчами Тоҷикистон маро ба ин натиҷа расонд, то гоҳо аз фарзанд дур бошам. Аз фарзанд дур будан сахт аст, хеле сахт аст. Шавҳарам ҳам канорам ҳаст ва маро дилбардорӣ мекунад, волидайнаш духтарамонро хуб парасторӣ мекунанд, то ман машқ кунам. Шукри Худо, ки Амон (шавҳари Мавзуна –Радиои Озодӣ) паҳлӯям ҳаст ва ҳамеша дилбардориву дастгириам мекунад.»

Шавҳари Мавзуна: Қавлу қасами пеш аз издивоҷро иҷро мекунам


Мавзуна ҳангоми машқ
Мавзуна ҳангоми машқ
Дар деҳаи кӯчаки Чилдухтарон, дар як манзили иҷора Мавзуна бо шавҳар ва мураббии русиягиаш зиндагӣ мекунад. Мавзуна мисли ҳар духтари тоҷики содиқ ба шавҳар қабл аз баёни ҳар ҳарф ризоияти шавҳарашро мепурсад. Ҳатто мазмуни сӯҳбат бо моро низ бо шавҳараш мувофиқа мекунад. Зоҳиран онҳо ҷуфти хушбахтанд. Амон Бобоев, шавҳари Мавзуна як ҷавони оддиест, ки солҳо қабл аз издивоҷ дар як толор бо ҳамсараш тамрин кардааст. Амон мегӯяд, ӯ ба қавли пеш аз издивоҷашон садоқат нишон медиҳад, зеро қавл ин буд, ки ҳеҷ гоҳ ба шуғли ҳамсараш муқобил намебарояд.

Ӯ гуфт:«Модари ман беҳтарин таҷрибаи бузург кардани тифлро дорад. Ӯ маро бузург кард ва духтари маро ҳам, иншоолоҳ, бузург мекунад. Ман паҳлӯи Мавзуна бояд ба қавлу қасами пеш аз издивоҷ додаам содиқ бимонам.»

Мураббӣ: Чилдухтарон қувваи Мавзунаро эҳё мекунад

Дар Чилдухтарон Мавзунаро Василий Владимирович Баланов, мураббии хизматнишондодаи Русия тамрин медиҳад. Ӯ мегӯяд, бо ин ду ҷуфт кор кардан барояш гуворост. Ҷаноби Баланов сабаби интихоби мавзеъи Чилдухтаронро барои машқ чунин шарҳ дод: «Мо ин ҷо талош мекунем, Мавзунаро барои тамрини ҷиддӣ омода кунем. Ин ҷо хеле шароити хуб аст барои барқарор кардани организм. Ҳоло мо шурӯъ кардем ва бовар дорам, ки пас аз тамрин дар ин ҷо Мавзуна имкони зудтари иштирок дар мусобиқаҳоро пайдо мекунад. Ин марҳилаи аввал аст ва ин ҷо фақат Мавзуна организмашро барқарор мекунад ва дар даври дуюм Мавзуна метавонад, ҷиддӣ ба машқ шурӯъ кунад. Барои як зани боксёр, ки кӯдак ба дунё овардааст ва истироҳат кардааст, Чилдухтарон барои эҳёи нерӯи аздастрафта беҳтарин макон аст.»

«Маро ба Худо, духтарашро ба ман супурд»

Дар маркази шаҳри Кӯлоб хусуру хушдоманаш дар ҳавлии кӯчаке тифли Мавзунаро парасторӣ мекунанд.

Раҳмон Бобоев, хусури Мавзуна мегӯяд: «Пеш аз сафар Мавзуна пешам омада, гуфт, ки «падар, духтарамро ба шумо ва шуморо ба Худо супурдам». Дуояш додам, ки рав, бепарво бош, кӯдакатро нигаҳбонӣ мекунем.»


Бибиосия
Бибиосия
Ҳоло кӯдаки Мавзунаро бобову бибӣ бузург мекунанд ва ӯ барои мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мегирад. Қарор аст, Мавзуна, ки ҳоло 20 сол дорад, ду моҳ пас дар мусобиқаи осиёӣ миёни бонувон ширкат кунад.

Исми Мавзуна замоне сари забонҳо шуд, ки аз миёни аъзои тими олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 танҳо нафаре шуд, ки бо нишони олимпӣ - медали биринҷӣ - ба ватан баргашт.

Ин нахустин нишони олимпии варзишкорони тоҷик дар муштзанӣ буд ва Мавзуна Чориева, ҳамин тавр, нахустин духтари муштзани тоҷик аст, ки дар варзиш ба чунин қуллаи баланд расидааст.


Бозгашти Мавзуна Чориева ба майдони бокс
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:57 0:00
XS
SM
MD
LG