Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавзуна ва Шоира – барандагони медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиё


Соли 2012 Мавзуна Чориева барандаи медали олимпии бозиҳои тобистона дар Лондон шуд

Соли 2012 Мавзуна Чориева барандаи медали олимпии бозиҳои тобистона дар Лондон шуд

Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева дар даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон дар Чин шикаст хӯрда барандаи ҷои сеюми мусобиқот шуданд.

Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева, ки дар даври ниманиҳоии қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон дар Чин шикаст хӯрданд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд. Муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева рӯзи 12 август дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, ноком шуданд. Ҳарду муштзани тоҷик, ки аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гаштанд, имрӯз бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд.

Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Узбакистон ба нимфинал баромад. Вале Мавзуна дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз муштзани Кореяи Шимолӣ мағлуб шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Шоира Зулқарнаева бошад, дар вазни зери 64 кило, ки дар даври муқаддамотӣ рақиби муғулашро шикаст дод, дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгардухтари Чин рақобат кард.

Шоира низ ба нокомӣ дучор шуда, ба финал баромада натавонист. Ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон чаҳор варзишгар - Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг) ва мураббиён Мирзо Шамсиеву Ҷамшед Султонов шомил буданд.

Зафарова ва Раҳмонзода, ки дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври ниманиҳоӣ аз Чин 7 нафар, аз Кореяи Шимолӣ 5 нафар, аз Тайланду Узбакистон дунафарӣ, аз Ҳиндустон, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Филиппин якнафарӣ ба финал баромаданд. Қувваозмоиҳои ниҳоӣ имрӯз, 13 август, баргузор шуда, қаҳрамонҳои нави Осиё миёни занон маълум мегарданд. Бояд гуфт, ки ин мусобиқаи қитъавӣ барои муштзанҳои Осиё як навъ имтиҳонест пеш аз қаҳрамонии ҷаҳон миёни занон, ки моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG