Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ "Мавҷи Озод" ба пахши таъзияномаҳо идома медиҳад


Акс аз сомонаи интернетии ТВ "Мавҷи озод" гирифта шудааст
Акс аз сомонаи интернетии ТВ "Мавҷи озод" гирифта шудааст

Телевизиони маъруфи Восеъ тамошобинонро аз даргузашти сокинони ноҳия огаҳ хоҳад сохт.

Ин дар ҳолест, ки собиқ раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев пахши таъзияномаҳо дар ягона телевизиони мутақил дар минтақаи Кӯлобро ба таври шифоҳӣ манъ карда буд.

Хоҷа Назриев, сармуҳаррири барномаҳои ин телевизион мегӯяд, ҳангоми як вохӯрӣ раиси собиқ ба онҳо гуфт, ки дигар «ҷанозахабркуниро бас кунанд» ва онҳо ҳам ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ бо ҳукумати маҳаллӣ то кунун аз пахши таъзияномаҳо худдорӣ мекарданд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Назриев аз пахши таъзияномаҳо онҳо ҳеҷ фоидаи молие намедиданд.

Ӯ гуфт: «Ин як кори хайриявӣ буд, ки мо барои сокинон мекардем. Вақте ки телевизион таъсис ёфт ва ба мо муроҷиатҳо шуд, мо хостем, ки кори савоб кунем. Мо умуман аз онҳое, ки мусибат доштанд, маблағе талаб намекардем. Худи сокинон шабона ба студия меомаданд ва корманди мо ҳам дар ними шаб хеста, он хабарро мехонд. Ҳоло садҳо нафар мепурсанд, ки чаро ин корро намекунем. Дар асл, пахши таъзия ҳам як хабар аст, ки ба қонунҳои Тоҷикистон ягон зиддият надорад. Баръакс, кори мотамдоронро сабук мекунад.»

Таъзияномаҳо аз марги сокинон маъмулан дар фарҷоми барномаҳои ин телевизиони маҳаллӣ пахш мешуд. Зафар Муродов, рӯзноманигоре аз ноҳияи Восеъ мегӯяд, сокинон таъзияномаҳо дар робита бо даргузашти сокинони маҳаллиро чун хабари муҳими маҳаллӣ қабул ва барои изҳори ҳамдардӣ ва пуштибонӣ ба он хонавода мерафтанд.

«Ин мотам ҳам бошад, як хабари бад ҳам бошад, сокинон онро қабул доштанд. Як нафар наметавонист тамоми сокинонро ба марги наздикаш хабар кунад, аз ин рӯ ҳама ёру наздиконаш аз тариқи телевизион хабар пайдо мекарданд, ки нафаре фавтидааст ва бояд ба ҷаноза бираванд. Фикр мекунам, ин чизи лозим аст ва онро танҳо ҳамин телевизиони маҳаллӣ метавонад анҷом бидиҳад», мегӯяд ин рӯзноманигор.

Лола Ғуломова, муовини раиси ноҳияи Восеъ дар як сӯҳбати кутоҳ бо Озодӣ гуфт, ки касе расман пахши таъзияномаҳо дар телевизиони «Мавҷи Озод»-ро манъ накардааст ва онҳо ҳам ба ин кор дахолат нахоҳанд кард. Ба гуфтаи хонум Ғуломова, ҳар коре, ки дар доираи қонун сурат мегирад, ҳукумати маҳаллӣ онро манъ намекунад.

Дар телевизиони ҳукумати Кӯлоб низ таъзияномаҳо пахш мешаванд. Ҳарчанд, бузургсолон пахши таъзияномаҳо аз тариқи телевизионро як амри маъмулӣ ва аз лиҳози ахлоқӣ ва башарӣ зарурӣ мегӯянд, назари тамошобинони ҷавон дигаргуна аст. Барои бисёри онҳо ин хабарҳо "дилгиркунанда" ва "ғамангез" буда, пахши онҳоро чандон зарур намешуморанд. Дигарҳо таъкид мекунанд, ки мавқеи пахши хабарҳо аз даргузашти сокинон бояд муносиб интихоб шавад. Сиёвуш Раҷабов, як ҷавони маҳаллӣ мегӯяд, таъзияномаҳо бештар дар байни филмҳо пахш мешаванд, ки табъи тамошобинонро хира мекунад.

«Кинои хуб пахш шуда истодааст, ки ба ногоҳ стоп мешавад ва диктор бо садои маҳзун мегӯяд, ки фалонӣ падари фалонӣ ё модари фалонӣ аз дунё гузаштааст ва ёру дӯстон ба ӯ ва пайвандонаш таъзия баён мекунанд. Ба фикри ман, дар байни кинои хурсандӣ, додани чунин хабар табъро хира мекунад. Дигар ҳама тамошобинон афсус мехӯранд, ки ин ҷавон чи кор карда бошад, ки ҳалок шудааст ва ё модари фалонӣ ҷавон буду чаро ҳалок шуд гуфта афсӯс мехӯранд. Хулоса дар ҳар хонае, ки ин хабарро мешунаванд, як лаҳза ҳама ғамгин мешаванд.»

Аммо масъулини телевизиони «Мавҷи Озод» дар ноҳияи Восеъ мегӯянд, онҳо ба пахши таъзияномаҳо ҳавасманд нестанд ва ин хоставу талаби худи сокинон аст, ки ба навъе мушкили худро осон мекунанд.

Телевизиони «Мавҷи Озод», ки ба ширкати хусусии «Самар» мансуб аст, ки бо пахши барномаҳои таҳлиливу танқидӣ миёни сокинон маҳбубияти хос дорад.
Барномаҳо ин телевизионро ширкати «Нов ТВ»-и Қазоқистон ва телевизионҳои давлативу хусусӣ дар Тоҷикистон пахш мекунанд. Ин телевизион аз соли 1991 дар ноҳияи Восеъ фаъол буда, барномаҳои мухталифи сиёсиҷ иҷтимоӣ ва ҳуқуқию фарҳангӣ таҳия ва пахш мекунад. "Паём", "Пайроҳа", "Ҳуқуқ" ва "Афкор" аз муваффақтарин барномаҳои ин телевизион аст, ки бахше аз онҳоро мешавад дар сомонаи интернетии ин шабака низ тамошо кард.
XS
SM
MD
LG