Пайвандҳои дастрасӣ

Мави Масабӣ: барои Нигинаву Гулбаҳор мехостам либос дӯзам


Tajik models

Tajik models

Хабарнигор, шоир ва фаъоли ҷамъиятӣ Мави Масабӣ (Мавҷуда Собирова) дар Русия истода ба унвони як тарроҳи либосҳои тоҷикӣ ҳам дарак додааст

Мавҷуда Собирова, як журналист ва шоири русзабон аз Тоҷикистон ҳамакнун ба ҳайси тарроҳи либосҳои милливу аврупоӣ маъруфият касб карда, дар Интернет сафҳаи вижаи моли фурӯшии худро фаъол кардааст. Сомонаи www.livemaster.ru/mavimasabi зери бренди Мави Масабӣ моделҳои аврупоии либосу ҷиҳози занона – куртаву доману ҷузвдону тасма ва дигар молҳоро ба фурӯш гузоштааст. Мавҷуда Собирова мегӯяд, таваҷҷӯҳи баланди мӯди ҷаҳонӣ ба намунаҳои рангу наққошиҳо ва либосҳои шарқӣ, аз ҷумла матои атласу адрасу попур ӯро ҳам водор кард, ки тахаюли худро ба кор андохта аз паи эҷод шавад.

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Воронежи Русия – маҳалли зиндагиву кори доимии худ ин тарроҳи 45-сола ба радиои Озодӣ гуфт, дар миёни муштариёни интернетиаш дар баробари сокинони кишварҳои наздик, инчунин амрикоиҳо ҳам ҳастанд.

«Ман ба дӯхтани либос дар овони мактабхонӣ пардохтам, вақте бибиам дар синфи чорумам як мошинаи дарздӯзиро ба ман тақдим карданд. То 20-солагӣ таваҷҷӯҳи ман ба либосдӯзиву тарроҳӣ ғайриҳирфаӣ, дар пояи як ҳоббӣ буд. Вале баъдан ба мактаби дӯзандагиву назди тарроҳони касбӣ дар маркази «Садбарг» ва ателеи либосдӯзии маркази Душанбе рафта, дарс хондам. Билохира, ин ҳоббии ман ба машғулияти асосии ман табдил шуд, ҳоло ман метавонад аз баракаи ин корам пул ба даст орам. Кори ман дар хона ҷараён мегирад ва моделҳои тайёрро ба фурӯш дар Интернет пешниҳод мекунам». Бренди тиҷоратии «Мави Масабӣ», ба гуфтаи худи тарроҳ, соле пеш бо машварати дӯстону наздикон пайдо шуд. Вижагии ӯ – ҷой додани рӯҳияи миллӣ ё этникӣ ба либосҳои аврупоӣ аст ва, ба гуфтаи тарроҳ, ба тақозои мӯди ҷаҳонӣ ҳам мувофиқ омад. «Ман як куртаи аврупоиро медӯзаму ҳатман ба он як детали миллии тоҷикӣ ворид мекунам. Кори ман на барои ҷамъи муштариҳо, балки ба як нафари мушаххас марбут аст. Ба ман фармоиш меояду ман онро иҷро карда бар ивазаш ҳаққи заҳмат мегирам. Мизони фурӯши либос тавассути интернет ҳоло чандон баланд нест, вале мебинам, ки таваҷҷӯҳ зиёд аст. Ман дар оянда сари ин идея бештар кор хоҳам кард», мегӯяд ӯ.

Корро аз дӯхтани ҷузвдону пулдонҳо шурӯъ карда тадриҷан ба сару либоси ҷиддитар гузаштааст.

Мавҷуда Собирова мегӯяд, ки аз таҳаввулот дар дунёи мӯди Тоҷикистон, ки зуд пеш мераваду рангу намуд ва исмҳои нав ба навро кашф мекунад, аз Русия истода ботаваҷҷӯҳ мушоҳида мекунад. Ӯ мегӯяд, агар имкон медошт, «бо ҷону дил барои Нигина Амонқулова ва Гулбаҳор Маҳкамова ва дигар занҳои зебои Тоҷикистон» либос медӯхт, чунки онҳо бо салиқаву муносибаташон ба рангу намуди либосҳои миллӣ аз дигарҳо фарқ мекунанд. «Аксар тарроҳони тоҷик либосҳои коллексионӣ ё намоишхӣ эҷод мекунанд, ки худ аз худ хуб аст. Вале нафарони алоҳида, мисли Нафиса Имронова, барои занҳои оддӣ ва пӯшиши ҳаррӯза либос меофаранд. Ман ҳам аз тарафдорони ин навъи либосдӯзиам, чунки барои либосҳои ҳамарӯза хароҷоти камтар зарур аст ва на ҳама занон метавонанд либосҳои намоишӣ харида ба бар кунанд».

Мавҷуда Собирова мегӯяд, агар дар ихтиёри ӯ буд, муаррифии фарҳанги либоси тоҷикиро дар маъракаҳои байналмилалии бонуфуз дар хориҷа бо «диди тоза ва замонавӣ» таҳия мекард. Вай мегӯяд, ба хотири он ки соҳаи мӯд ҳам мудирияти баланду замонавӣ мехоҳад, маҳсули кори тарроҳони тоҷик дар хориҷа дуруст муаррифӣ намешавад ва ин халоро ҳунармандони кишварҳои ҳамсоя пур мекунанд. «Дар ин соҳа ҳам зарур аст, ки як мудирияти замонавӣ ҷалб шавад, чунки замона босуръат тағйир меёбад ва тақозо ин аст, ки

Мавҷуда Собирова, ки бештар бо тахаллуси бадеии «Мави Масаби» маъруф аст, дар шаҳри Қӯрғонтеппа бузург шуда, хатмкардаи донишгоҳи технологӣ аст. Давоми бист соли охир бо хонаводааш дар Воронежи Русия зиндагӣ мекунад. Ду соли гузашта дар Маскав дар таҳияи барномаҳои телевизионии муаррифии чеҳраҳои фарҳанг ва сиёсати Тоҷикистон иштирок кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG