Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масайн Масайнов аз устоҳои шинохтаи созҳои мусиқӣ дар Тоҷикистон аст ва ҳамроҳи хонаводааш дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон зиндагӣ мекунад.

Ӯ гуфт, ки бисёр мехост, дар ҷарёни сафари ахири раиси ҷумҳур ба Бадахшон бо ӯ дидор карда, чанде аз маҳсули дасташро ба Эмомалӣ Раҳмон диҳад ва дар иваз аз ӯ барои бунёди як устохона ва осорхонаи мусиқӣ кумак хоҳад, вале натавонист.

Масайнов нисфи умрашро ба тарошидани созҳои мусиқӣ бахшидааст ва то кунун 50 намуд соз эҷод кардааст. Ин устои созҳои мусиқӣ мегӯяд, ки ин касбро аз падар ба мерос гирифтааст. “Дар Бадахшони мо се асбоби мусиқӣ – – танбӯр, сетор ва ғижжак – буд. Фикр кардам, ки ҳамин асбобро дигар кардан зарур аст. Тамоман дигар бошанду садояшон низ дигар бошад ва баъд аз он даст ба кор шудам,” – ба ёд овард ӯ.

Масайнов шумори каме аз созҳои сохтаи худро дар хонааш нигоҳ медорад. Ӯ гуфт, ки созҳояш зуд харидор пайдо мекунанд. Як асбоби тарошидаи ӯ аз 2000 то 5000 сомонӣ арзиш дорад, ки муодили 280 ва 634 доллари амрикоист. Вай нақл кард, “вақте Имоми Замон (Оқохони 4) бори аввал ба Бадахшон омад ва дар Ишкошим баромад кард, як рубоби сешохаи маро харида ва гирифта бурда буд.”

Созҳоро усто Масайн тибқи илҳом ва биниши худ месозад ва талош мекунад, ки онҳо аз ҷиҳати шаклу садо аз ҳам фарқ кунанд.Барои мисол, ғижжаки бадахширо дар шакли товус сохтааст, ки, ба фикри ӯ, шакли ин парранда барои татбиқи хостҳояш созгор будааст.

Ҳоло ду писари усто Масайн касби падарро пеша кардаанд. Алифсайн, яке аз писарони Масайн Масайнов, гуфт, ки онҳо мехоҳанд дар эҷоди созҳои мусиқӣ навовариҳои зиёд кунанд, аммо дар як гӯшаи дурафтодаи Тоҷикистон ба мушкили зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд. “Як ширеш (клей)-ро дар инҷо ба азоб пайдо мекунем. Нархаш он қадар боло нест, вале пайдо карданаш мушкилтар аст.”

Масайн Масайнови ҳаштодсола мегӯяд, бо вуҷдуи он ки то ҳоло натавонистаст як устохона ва осорхонаи созҳои мусиқиро бунёд кунад, аммо аз он хушҳол аст, ки касбашро ба писарони худ ба мерос гузоштааст ва онҳо метавонанд ин корро идома диҳанд.

Қиссаҳои кору рӯзгори Масайн Масайновро дар ин видео бинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG