Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи гарм аз «Мастер ва Маргарита» дар Душанбе


Намоиши «Мастер ва Маргарита» аз рӯи асари нависандаи барҷастаи рус Михаил Булгаков дар пешниҳоди ҳунармандони Театри мустақили Маскав аз ҷониби тамошогарони тоҷик хеле хуш пазируфта шуд.

Дар даҳсолаи ахир ин нахустин як намоишномаи ҳирфаӣ аст, ки дар театри тоҷик ба намоиш гузошта шуд. Cарфи назар аз гаронии қимати чипта, ки аз 80 то 150 сомонӣ арзиш дошт, намоишнома мухлисони бешумори театрро дар толори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ гирд овард. Ҳатто теъдоди зиёди ҳаводорони театр натавонистанд ба тамошои ин намоишнома роҳ ёбанд.

Истиқболи гарми мардум аз ин намишнома ба сурати умум ба шӯҳрати ҷаҳонии асари Михаил Булгаков, мавзӯи ҷолиб ва актуалии ин асар ва ҳамзамон таваҷҷӯҳи тоҷикон ба адабиёт ва ҳунари рус рабт дорад. Намоиши «Мастер ва Маргарита»-ро ҳунарпешаи мардумии Русия Валерий Белякович таҳия намудааст ва нақшҳои асосиро дар он Владимир Стеклов (Воланд), Владимир Филатов (Мастер) ва Наталя Гончарова (Маргарита) иҷро кардаанд. Владимир Стеклов, ҳунарпешаи мардуми Русия дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз сафар ба Тоҷикистон хеле хушҳол аст.

Воланд ҳамон Шайтон аст, ки аз рӯи тасвири Булгаков дар Русияи солҳои сиюми асри гузашта пайдо мешавад, аммо наметавон ба тавре, ки маъмул аст, ӯро намоди бадӣ гуфт. Воланд қувваи наҷотбахшу поккор аст, ки бадкору риёкор ва фасодкоронро ҷазо медиҳад. Яъне мавзӯе, ки шояд аз пайдоиши инсон то ба ҳол кӯҳна намешавад.

Владимир Стеклов, ҳунарманди рус.
Владимир Стеклов, ҳунарманди рус.
Владимир Стеклов дар бораи нақши офаридааш гуфт, «Иблисеро, ки дар роман тасвир шудааст, наметавон яксон симои манфӣ гуфт. Иблиси офаридаи ӯ ба одамон умед медиҳад, ки бо марг зиндагӣ анҷом намепазирад, ҳама чӣ тамом намешавад, шояд баръакс оғоз мешавад. Барои роҳи пуразоби заминие, ки қаҳрамонҳо гузаштанд, шояд дар дунёи дигар подош хоҳанд дод». Ҷаноби Стеклов мегӯяд, набояд фаромӯш кард, ки Шайтон ҳамон фариштае буд, ки аз мақом афтодааст.

Мастер ва Маргаритаи Булгаков, ки аз рӯи он ҳам филмҳо ва ҳам намоишномаҳои театрӣ таҳия шудаанд, ба назари ҳунармандон розе дорад ва ҷараёни кор дар рӯи он ҳамеша бо ҳодисаҳое ҷараён мегиранд, ки онҳоро наметавон шарҳ дод. Ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон чунин андешае роиҷ аст, ки гӯё ба ин асар дуои бад рафтааст ва ҳар касе, ки бо он кор мекунад, метавонад дучори нохушӣ шавад. Мегӯянд, баъзе ҳунармандон баъди ҳунарнамоӣ дар асарҳое, ки аз рӯи он таҳия шудаанд, бемор шудаанд ё фавтидаанд. Аммо Стеклов ин ҳамаро гапи беҳудаву беасос медонад ва мегӯяд, худро бо нақш тавъам донистан дуруст нест.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00
Линки мустақим


Аскар Ҳаким, шоир ва мунаққиди тоҷик пас аз тамошои намоиш, ба ҳунармандони рус баҳои баланд дода, нақши офаридаи Владимир Стекловро махсус таъкид мекунад: «Дар ин намоиш ҳунармандони Маскав вижагиҳои асарро хеле дурахшон ба намоиш гузоштанд. Ҳунармандон нақшҳоро ба дараҷаи аъло офаридаанд. Махсусан нақши Воланд бисёр ҷолиб буд. Воланд нерӯи бениҳояти ҳам некӣ ва ҳам бадист. Вай метавонад аз ин ҷаҳони ҳастӣ ба ҷаҳони рӯҳ гузарад ва қувваҳои рӯҳониро даъват кунад».

Аскар Ҳаким мегӯяд, «дар ин асар муҳимтарин масъалаи ҳастии инсон, сарнавишти эҷодкор ва муносибати ӯ бо ҷомеа инъикос шудааст. Ин асар бисёр мураккаб аст. Худи Булгаков мегуфт, ки ман нависандаи мистик ҳастам. Мистик, яъне орифе, ки ҳақиқатро дар он тарафи ҳастӣ мешиносад».

Барзу Абдураззоқов
Барзу Абдураззоқов
Аммо ба андешаи Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, имрӯз ин асар беш аз ҳар вақти дигар актуалӣ аст, зеро он бадкорӣ, дурӯягӣ, чоплусӣ ва фасоде, ки Михаил Булгаковро ба навиштани «Мастер ва Маргарита» водор карда буданд, имрӯз низ дар ҷомеаи мо реша давондаанд. Ба назари ӯ, Иблис решакан кардани ин зуҳуротро беҳтар аз бархе ҳукуматдорон анҷом медиҳад.

Ба таъкиди ин коргардони тоҷик, асар ҳарчанд моломол аз ҳаҷв аст, аммо аз дард ба мардуми рус ва нафрат ба он чи, ки дар Иттиҳоди нависандагон ва сиёсати рӯз мегузашт, навишта шудааст: «Дар ҳоле ки Булгаков маош намегирифт, Платонов чун фаррош кор мекард, Манделштамро ба қатл расонда буданд, Анна Ахматова ранҷи бенавоӣ мекашид, Михаил Берлиоз ва Иван Бездомний худро адибони бузург меҳисобиданд».

Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ин тамоюл дар ҷомеаи кунунии на танҳо Русия, балки Тоҷикистон низ зиёд аст, "Берлиоз ва бездомнийҳо имрӯз низ садои баланд доранд".

Михаил Булгаков, нависандаи оламшумули рус солҳои 1891-1940 зиндагӣ кардааст. Ба навиштани романи «Мастер ва Маргарита» қариб даҳ соли ҳаёташро бахшидааст. Дар ин роман таърихи дуҳазорсолаи инсоният таҳқиқ шудааст ва хусусияти асари реалистӣ, романтика, ҳаҷв ба ҳам омадааст.

Ба андешаи мунаққидон, масъалаҳое, ки Булгаков дар ин асар ба миён гузоштааст, дар адибиёти он замон гунҷоиш надошт. Ӯ собит кардааст, ки новобаста ба шароити замон, вазъияти шахси эҷодкоре, ки аз ҳақиқату адолат сӯҳбат мекунад, ҳамеша мушкил аст. Он солҳо асарҳои Булгаковро чоп намекарданд, «Мастер ва Маргарита» баъди 26 соли вафоти нависанда, соли 1966 мунташир шуд, аммо шӯҳрати ҷаҳонӣ ва ҷовидонӣ касб кард.
XS
SM
MD
LG