Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селе, ки соатҳо роҳро баст ва бахшҳое аз Душанберо беоб гузошт


Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд.
Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боз шудани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар дод. Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 31 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи гузашта осори селро бартараф карданд ва аз нимарӯзи шанбе ба ин сӯ роҳи Душанбе-Хуҷанд боз аст ва ҳамакнун ронандаҳову мусофирон метавонанд озодона ба сафар бароянд.

Бар асари омадани сел ва хароб шудани 11 қитъаи роҳи Душанбе- Хуҷанд, ҳаракат дар ин масир, ки пойтахтро ба шимоли кишвар мепайвандад, барои як шабонарӯз қатъ шуд. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, дар мавзеъе, ки сел омада буд, ҳаракати нақлиёт номумкин шуд ва танҳо пас аз пок кардани роҳ, ронандагону мусофирон аз ду самт иҷоза пайдо карданд, ки ба ҳаракати худ идома бидиҳанд. Умеда Юсупова ҳамзамон гуфт, ки дар пайи фаромадани сел то ҳол ҳеҷ мошин ва мусофирон осеб надидааст.

Ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубини ин роҳро бар дӯш дорад, низ рӯзи гузашта дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки "бинобар селфароиҳои зиёд ва резиши санпораҳо аз 42 то километри 53-юми роҳи Душанбе-Чанок, ҳаракати нақлиёт ба мушкил мувоҷеҳ аст. Аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҳолати мазкур бо хисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намуда, эқтиромони якдигарро ба ҷо оранд."

Дар сафҳаи "Фейсбук"-и IRS ҳамчунин ду навори видеоӣ нашр шуд, ки лаҳзаҳои пок кардани роҳ аз сӯи кормандони ин ширкатро нишон медод.

Аммо ронандагону мусофирон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар бар асари ин ҳодиса садҳо мошину мусофир дар нимароҳ монданд ва ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ шуданд. Саида Бобоева, як сокини Душанбе, ки ҳангоми бозгашт аз Хуҷанд ба Душанбе дар роҳи харобгаштаи гарданаи Анзоб дар монда буд, мегӯяд, ӯ бо пайвандонаш муддати як шабонарӯз дар байни кӯҳҳо ба ҳамроҳи садҳо мусофир дар интизори боз шудани роҳ буданд.

Хонум Бобоева мегӯяд: ”Кӯдакони бисёр хурд буданд, ки аз ташнагиву гуруснагӣ гиря доштанд. Афроди калонсолу бемор буданд, ки ҳар лаҳза метавонист ҳолашон бад шавад ва ҳамчунин занҳои ҳомила низ миёни мусофирон буданд. Гӯё, ки ман чунин ҳолатро дар хоб медида бошам. Ин қадар давлати обод дорем, аммо касе ба доди садҳо мусофир ба зудӣ нарасид.”

Ба гуфтаи Саида Бобоева, бар асари зиёд будани мошин, роҳбандон ё танбашавӣ ба амал омад ва мусофирон на имкони ба пеш ҳаракат кардан ва на роҳи ба ақиб баргаштанро доштанд. Саида Бобоева мегӯяд, онҳо соати ҳашти субҳи рӯзи 29 июл аз Хуҷанд ба роҳ баромаданд ва танҳо соати яки рӯзи 30 июл ба Душанбе расиданд.

Шӯҳрат, ронанда дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҳам бо таъйиди гуфтаҳои боло мегӯяд, ҳангоми омадан ба Душанбе роҳ аз Зиддӣ ба ин сӯ бар асари фурӯ рехтани кӯҳпора вазъи хароб дошт. Вай мегӯяд, бо ин ки ҳамарӯза ронандагон пули роҳро пардохт мекунанд, дар чунин ҳолатҳои изтирорӣ вазъи хароби роҳҳо сари вақт бартараф намешавад.

Шӯҳрат афзуд: “Онҷо танҳо ду то трактор буд, ки ин барои рӯфтани роҳ бисёр кам аст. Дар ҳоле, ки садҳо мошин ҷамъ омадаанд ва мо хеле азоб кашидем. Дар миёни чангу дуди "Камаз"-ҳо истодан барои мусофирон бисёр мушкил аст. Дар минтақаи Ҳушёрӣ бар асари фаромадани кӯҳ сангҳо роҳи мошингардро танг карда буданд ва мошинҳо аз ду тараф ба сахтӣ мегузаштанд.”

Омадани сел на танҳо роҳро басту садҳо мусофирро соатҳо дар нимароҳ гузошт, балки қисмати зиёди аҳолии Душанберо тӯли як шабонарӯз аз об маҳрум кард. Зеро болоравии сатҳи оби рӯдхонаи Варзоб боиси харобии системаи интиқоли об ба бахши ғарбии шаҳри Душанбе шуда буд.

Бархе аз сокинони ин қисмати пойтахт аз беобӣ маҷбур шуданд ба хонаи пайвандонашон дар қисмати шарқии шаҳр раванд ва бисёриҳо ҳам ночор ба ҳамроҳи фарзандони хурдсоли худ мунтазири омадани об буданд.

Тоҷикистон кишваре осебпазир дар ҳаводиси табиӣ аст ва ҳамасола зилзила, резиши санг, фаромадани тарма ва селу обхезӣ хисороти зиёди молӣ дар ин кишвар бар ҷой мегузорад.

XS
SM
MD
LG